• 11:33 – Покистон дар Рӯзи истиқлолият аз ҳамдилӣ бо Кашмир гуфт 
  • 16:48 – Лоиҳаи АТОМ: силоҳи ҳастаӣ – роҳ ба нокуҷо 
  • 11:41 – Дарахтон хушк мешаванд, масъулон чаро хомӯшанд? 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 21:16 – Трансфери сол: Криштиану Роналду ба “Ювентус” гузашт 
  • 14:08 – Шабе аз ҳазор шаб… Дар Душанбе “Зебоипарастӣ” ва “Орифона” муаррифӣ шуд 

Дар орзуи сулҳи Кашмир

Покистон дар Душанбе 54-умин Рӯзи мудофиа ва якдилӣ бо Кашмирро таҷлил кард. Рӯзи мудофиа имсол аҳамияти махсус пайдо кард, зеро он дар ҳамбастагӣ бо бародарону хоҳарони кашмирӣ ҷашн гирифта шуд. Вобаста ба ин бегоҳии 5-уми сентябри соли 2019 аз ҷониби Сафири Покистон зиёфат ороста шуд. Генерал-майор Маҳмадзода Суҳроб Талбак, муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон, дар ин маросим меҳмонони фахрӣ буд.
Дар қабули расмӣ мансабдорони воломақоми шаҳрвандӣ ва ҳарбии Тоҷикистон, вакилони парламент, сафирон, академикҳо, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, низомиён ва атташеҳои низомӣ, намояндагони ВАО ва аъзои ҷомеаи Покистон ширкат варзиданд.
Ин аввалин зиёфат бахшида ба Рӯзи мудофиаи Покистон дар Тоҷикистон пас аз ифтитоҳи бахши мудофиа дар Сафорати Покистон дар соли гузашта буд. Сафир Имрон Ҳайдар дар баромади худ аҳамияти ин рӯзро қайд карда, ба қурбониёни неруҳои мусаллаҳи Покистон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони кишвараш, ки ҷони худро барои ҳифзи сулҳ, амният ва суботи Покистон қурбон кардаанд, баҳои баланд дод.
Вай ба неруҳои мусаллаҳи Покистон, ки дар ҷанги соли 1965 ҷасурона ҷангидаанд, эҳтиром гузошт. Сафир афзуд, ки миллат дар назди онҳо қарздор аст ва назди шуҷоат ва далерии онҳо сари таъзим фуруд меорад.Бо ишора ба фоҷиаи терроризм ӯ зикр намуд, ки Покистон бо терроризм ва экстремизм мубориза мебарад ва азм дорад, ки сулҳро дар минтақа таъмин кунад.

Ӯ қайд намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Покистон меъёрҳои баланди масъулият ва касбиятро нигоҳ дошта, ба як нерӯи ниҳоӣ барои ҳимояи манфиати миллии Покистон ва муқовимат ба таҳдидҳо ба амнияти миллии кишвар табдил ёфтаанд:
“Покистон инчунин дар чорабиниҳои глобалии зидди терроризм ва талошҳои сулҳ саҳми назаррас гузоштааст”, - изҳор дошт вай.
Зимни суханрониаш доир ба Кашмир, Сафир Имрон Ҳайдар ҳозиринро аз вазъияти вазнин дар Ҷамму ва Кашмири ишғолнамудаи Ҳиндустон ва бераҳмӣ ва таъқибҳои давомдор аз ҷониби неруҳои Ҳиндустон огоҳ намуд.
Вай гуфт, ки амалҳои ғайриқонунӣ ва яктарафаи Ҳиндустон дар самти тағйир додани мақоми баҳсталаби Ҷамму ва Кашмир вайрон кардани Оинномаи СММ, қатъномаҳои дахлдори Шӯрои Амнияти СММ, қонунҳои байналмилалӣ ва уҳдадориҳои худи Ҳиндустон мебошанд.
Сафир таъкид кард, ки дар панҷ ҳафтаи охир дар Кашмир қатъ гардидани фаъолияти пурраи расонаҳо ба амал омадааст ва ба ин васила вазъи ҳуқуқи инсон бадтар шуда, ба ҳаёти миллионҳо нафароне, ки ба беморхона, доруворӣ ва хӯрокворӣ дастрасӣ надоранд, таъсир мерасонад:

“Покистон дар бораи шеваи тақсимоти Ҳиндустон, шиддати вазъ дар Кашмир ва марзи он ва эҳтимолияти амалиёти зери парчами бардурӯғ изҳори нигаронии ҷиддӣ дорад”, - гуфт Сафир.
Имрон Ҳайдар афзуд, ҷомеаи ҷаҳонӣ вазифадоранд, ки нақши худро дар сабук кардани ранҷу азоби мардуми Кашмир ва мусоидат ба ҳалли осоиштаи баҳси Ҷамму ва Кашмир мутобиқи қатъномаҳои ША СММ ва талошҳои мардуми Кашмир, ки барои ҳуқуқи худ мубориза мебаранд, иҷро кунад:
“Имрӯз Покистон ва мардуми он бо бародарону хоҳарони Кашмирии худ хастанд.
Покистон бо Тоҷикистон равобити амиқ ва наздик дорад. Мо меросҳову арзишҳои ба ҳам монандро дар асоси дин, фарҳанг ва анъанаҳои муштарак дорем”, - изҳор дошт вай.
Атташеи низомии Покистон полковник Рашид Хон дар баромади худ ба робитаҳои мустаҳками низомии ду кишвари бародар, ки нуқтаи назари муштараки ноил шудан ба сулҳ ва субот дар минтақаро дорад, равшанӣ андохт:

“Сафарҳои паиҳам ва мунтазами роҳбарияти олии ҳарбии Покистон ва Тоҷикистон муносибатҳои дуҷонибаи мудофиавии моро таҳким ва густариш медиҳанд”, –изҳор дошт Рашид Хон.Меҳмони олӣ, муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-майор Маҳмадзода Суҳроб Талбак зимни суханронӣ ба робитаҳои мустаҳками низомӣ ва иқтисодии Покистону Тоҷикистон арзи сипос намуда, изҳори умедворӣ кард, ки робитаҳои дуҷониба дар солҳои оянда низ идома меёбанд:
“Тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Покистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад”, - гуфт Маҳмадзода.
Вай илова намуд, ки Тоҷикистон аз вазъи мавҷудаи минтақа огоҳ аст ва таҳдидҳоеро, ки хатари терроризм ба вуҷуд меоранд, таъкид кард.
Дар идомаи ҳамоиш ҳамчунин филми мустанад дар бораи неруҳои мусаллаҳи Покистон, саноати ҳарбӣ ва инъикос мавзӯъи поймолшавии ҳуқуқи инсон аз ҷониби неруҳои Ҳиндустон дар Ҷамму ва Кашмири ишғолшудаи Ҳиндустон дар тавассути ВАО-и байналмилалӣ намоиш дода шуд.
Дар хотима оркестри ҳарбии Тоҷикистон сурудҳои миллии ҳарду кишварро навохт.

Сафорати Ҷумҳурии Покистон 
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter