• 11:33 – Покистон дар Рӯзи истиқлолият аз ҳамдилӣ бо Кашмир гуфт 
  • 16:48 – Лоиҳаи АТОМ: силоҳи ҳастаӣ – роҳ ба нокуҷо 
  • 11:41 – Дарахтон хушк мешаванд, масъулон чаро хомӯшанд? 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 21:16 – Трансфери сол: Криштиану Роналду ба “Ювентус” гузашт 
  • 14:08 – Шабе аз ҳазор шаб… Дар Душанбе “Зебоипарастӣ” ва “Орифона” муаррифӣ шуд 

Покистон дар Рӯзи истиқлолият аз ҳамдилӣ бо Кашмир гуфт

Зимни як ҳамоиш дар Душанбе Сафири Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар аз таъқибҳои давомдор ва мушкилоти афзояндаи мардум дар Кашмир нигаронӣ кард. Вай “амалҳоеро, ки аз ҷониби неруҳои амниятии Ҳиндустон роҳандозӣ мешаванд”, як бераҳмии махсус номид.
Имсол таҷлили ҷашни истиқлолияти Покистон ба як тасмими Ҳиндустон, ки ҳафтаи гузашта ихтиёроти Кашмири таҳти идораи худро бекор кард ва ҳазорҳо неруҳои низомиро ба ин минтақа фиристод, рост омад.
Ин амали Деҳлӣ хашми Покистонро ба вуҷуд овард ва онро аз рӯи қонунҳои байналмилалӣ ғайриқонунӣ номида, оид ба эҳтимоли даъвати нишасти изтирории Шӯрои амнияти СММ хабар дод.
Дар посух ба ин тасмими Деҳлӣ Покистон савдои дуҷониба ва ҳама робитаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ бо ҳамсояашро қатъ карда, ҳамчунин, сафири Ҳиндустонро ихроҷ кард.
Сафорати Покистон дар Душанбе 14 августро ҳамчунин “рӯзи ҳамдилӣ ба Кашмир” эълон карда, дар ҳамоиши дирӯза паёмҳои президент ва сарвазири Покистон қироат карда шуд.

Аз ин қабл президент ва сарвазири Покистон изҳор доштанд, ки Кашмирро танҳо намегузоранд ва ҳамроҳи мардуми ин минтақа ҳастанд.
Сарвазири Покистон Имрон Хон рӯзи 14 август гуфт, онҳое, ки дар Кашмир зиндагӣ мекунанд, “қурбонии зулми Ҳиндустон ҳастанд”:
“Имрӯз мо аз бадбахтии бародарони кашмириамон ғамгинем. Бародарони кашмириамонро бовар мекунонам, ки дар бари онҳо ҳастем”, - гуфт вай.
Президент Ориф Алвӣ ҳам гуфт, Покистон бо Кашмир ҳамроҳ аст ва ҳамин гуна мемонад.
Мақомоти Покистон ҳамчунин эълон карданд, ки аз барномаҳои Ҳиндустон комилан хабардоранд ва дар баробари ҳар гуна иқдоми Деҳлӣ омода ҳастанд.
Сафорати Покистон дар Душанбе бахшида ба рӯзи истиқлолият бинои коргузории сафоратро бо парчамҳои Покистон, баннерҳо ва варақаҳои махсус оро дода буд ва онро посух ба “бераҳмӣ дар Кашмири аз ҷониби Ҳиндустон забтшуда” арзёбӣ кард.
Дар ҳамоиши бахшида ба Рӯзи истиқлолияти Покистон роҳбари Маркази таълимии Покистон ва мудири шӯъбаи урдуи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктор Ҳайдар Қурбонов, ки ба ҳайси меҳмони хосса даъват шуда буд, дар бораи аҳамияти Рӯзи истиқлолияти Покистон ва робитаҳои таърихӣ ва муносибатҳои миёни Тоҷикистону Покистон суҳбат кард.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter