• 11:15 – Таҳлилгар: ҲНИ ба амалиёти бузурги зиддимиллӣ омодагӣ мегирад 
  • 11:36 – ЧАРО ХУДОРО БО АРАБӢ ШИНОСЕМ? Мо араб нестем, даъват ба намоз ва дигар қироатҳо бояд бо тоҷикӣ садо диҳанд... 
  • 14:27 – Мулоқоти ғайричашмдошт дар “Сафед-Дара” 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 21:16 – Трансфери сол: Криштиану Роналду ба “Ювентус” гузашт 
  • 12:49 – Аз Душанбе то Помир бо “Тселл” (36 акс) 

ВОҚЕИЯТИ ТАЪРИХ: ҷасади Зояро аз дор сарбози тоҷик раҳо кард

Баъди 25 соли ошноӣ (соли 2005) ба банда боз муяссар гашт, ки бо ин марди шуҷоъ, ронандаи моҳиру шинохташуда ва табиби халқӣ дубора вохӯрда, суҳбат кунам. Ногуфта намонад, ки бар замми сипарӣ гаштани ин қадар солҳо ҳамон ҳусни зебо, суханони бурро, хотираи қавӣ ва самимияти хосаву қалби пурмеҳри амаки Шоҳашӯр Шоҳакимов қариб ки тамоман тағйир наёфтааст. Аз шакли зоҳирияш ҳеҷ гоҳ ӯро 93- сола намегӯед, танҳо пирӣ ва хастагии пойҳо имкон намедиҳанд, ки чолокона ва бо суръату шасти пешина ҳаракат кунанд. Ба ҷойҳои лозимӣ худашон оҳиста - оҳиста рафта оянд ҳам, кӯшиш мекунанд, ки аз ҳудуди ҳавлӣ ба берун камтар бароянд.

Гоҳ - гоҳ барои назораи равуои аҳли деҳа ва вохӯрӣ бо чеҳраҳои гарму ошно сари кӯча баромада, болои харак каме дам мегиранд ва баъди тақрибан ним соат боз ба ҳавлӣ бармегарданд. Эшон ҳоло ҳам ҳамчун табиб корафтодагонро дар меҳмонхонаашон қабул карда, дардашонро мефаҳманду барои муолиҷа доруҳои аз гиёҳҳои шифобахши диёрамон омодагаштаро ҳамчун даво мефармоянд.

Баъд аз 25 соли вохӯрии қаблӣ амаки Шоҳашӯр боз ҳам маро шинохта гуфтанд: “Ту писари усто - Маҳкамбойи сандуқсоз не-мӣ? Бо раҳматии падарат хеле дӯсти наздик будем. Он кас ҳамчун инсони хоксор ва сандуқсози моҳир дар гирду атроф ва ҳатто дар навоҳии наздик ном бароварда буданд, раҳматӣ барвақт аз ҳаёт рафтанд”.

- Бале амакмулло, мову Шумо 25 сол муқаддам бо ҳам суҳбат доштем. Он солҳо зимни пешниҳоди навиштани мақола дар бораи корнамоиҳоятон аз ман хоҳиш карда будед, ки дар бораатон нанависам:

“Қатори дигарон бо душман ҷангидему сиҳату саломат баргашта ба манзиламон омада расидем, ҳамин кофист, барои ҳаминаш ҳам шукр”, - гуфта будед.

Акнун вақти он расидааст, ки корнамоӣ ва хизматҳои шоистаи Шуморо дар арафаи таҷлили Рӯзи Fалаба аз болои фашизм дастраси хонандагон, хосса ҷавонон, гардонем, то ки шуҷоат ва мардонагии шумо барои онҳо ҳам намунаи ибрат шавад.

Амаки Шоҳашӯр табассуми малеҳе карда: “Ихтиёр ба шумо, шояд вақти навиштани мақола ҳам расида бошад”, - гӯён пиёлаи чойро сӯям дароз карданд…

Шоҳашӯри ҷавон солҳои сиюм овозаи сохтмони азими роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Ӯротеппа-Душанберо шунида, ба идораи онвақтаи “Стройшоссдор” ба кор меояд.

Он ҳангом барои сохтмони роҳ неруи кории ҷавонон хеле муҳиму зарурӣ ба шумор мерафт, бинобар ин, ӯро ҳамчун коргари оддии роҳсоз ба кор қабул мекунанд. Муддате нагузашта дар курси ронандагии ин коргоҳ, ки шабона баъди кор фаъолият мекард, хонда соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ низ гашт.

Баъдтар, аз соли 1935 шуруъ намуда, ҳамчун ронандаи автомашинаи боркаш дар сохтмони роҳи ағбаҳои Шаҳристону Анзоб фаъолият карда, ба он ҷо шағалу қум, сементу тахта мекашонд, инчунин коргаронро субҳгоҳӣ то ҷойи кор ва бегоҳӣ эшонро аз он тараф то ба манзили истиқоматии муваққатиашон гардонда меовард.

Дар яке аз рӯзҳои муқаррарии корӣ Шоҳашӯрро ба идораи “Стройшоссдор” даъват намуда гуфтанд, ки шуморо ҳамчун ронандаи таҷрибадор ва коргари фаъол ба комиҷроияи шаҳрӣ ба кор даъват карданд. Бояд ҳатман ба он ҷо равед. Шоҳашӯрро ба ҳайси ронандаи раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Ӯротеппа Рауф Раҳимxонов ба кор қабул карданд.

Шоҳашӯр, воқеан ҳам, ронандаи моҳир ва кордон буд, тамоми рагу пайванди роҳҳои печ дар печи куҳистонро хуб медонист. Раис низ аз ронандаи нави худ розӣ буд. Аммо кори нав ва қаноатмандӣ аз он барои ҷавони бомаҳорат дер давом накард. Пас аз сипарӣ гаштани 3 моҳ (соли 1937) ӯро ба аскарӣ даъват карданд.

Вай зимни адои хизмати аскарӣ низ фаъолияти назаррас нишон медод. Дар давоми солҳои адои хизмати аскарӣ Шоҳашӯр дар қатори дигар ҷавонмардон аз декабри соли 1939 то 13 марти соли 1940 дар фронти Карелофин бар муқобили армияи финҳои сафед ҳамчун танкисти бомаҳорат ҷангида, шаҳри Петрозаводскро аз душманон озод мекунад.

Баъд аз чанд сол Шоҳашӯр бо паси сар гаштани даврони аскарӣ ба Ватан бармегардад ва боз дар базаи автомобилии “ЛАТП - (Муассисаи автомобилию роҳсозии Ленинобод)” ронанда шуда ба кор медарояд.
То ҳанӯз ҳам оғози ҷанги хонумонсӯз ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотири Шоҳашӯр фаромӯш намешавад. Хабари шуми “нобаҳангом ҳамла карда, сарҳади Иттифоқи Советиро гузаштани фашистон” зуд паҳн гардид. Шоҳашӯр он саҳар ба мисли ҳарвайта нияти ба бозор рафта барои рӯзгор харид кардан дошт. Ногоҳ садои радиои дар назди бозор гузошташуда ба гӯшаш расид, ки наттоқи он бо лаҳни бурро ва хеле ҷиддӣ ба мардум хитоб менамуд: “22 июни соли 1941, соати 4:30 дақиқаи пагоҳӣ, Германияи фашистӣ бе эълони ҷанг ба Иттифоқи Советӣ ҳамла овард”.

Ин хабарро шунида, қалби Шоҳашӯр беқарор гашт. Ба душмани ғаддор лаънат хонда, ба бозор нею ҷониби коргоҳ равон шуд. Хаёлан нақша мекашид, ки ҳамкоронро дида, якҷоя ба комиссариати ҳарбӣ мераванду ариза навишта, хоҳиш мекунанд, ки ба фронт равонашон кунанд.

Дар ЛАТП аллакай гуруҳи ҳамкорон ҷамъ омада буданд ва ҳамагӣ саршавии ҷангро муҳокима мекарданд. Шоҳашӯр баъди саломуалайк ва авҳолпурсӣ хомӯшии ҳамкоронашро халалдор намуда гуфт: “Ман ба ҳимояи Ватан меравам! Агар хоҳишмандон бошанд, марҳамат, ба мошин савор шаванд”. Баъди суханони ҷавони боғайрат 4-5 нафар ҳампешагони дигар низ боҷуръаттар шуда, чолокона ба болои мошин баромаданд. Ронанда - Шоҳашӯр мошинаро бо суръати баланд, хомӯшона, вале бо сад фикру андешаҳои мухталиф ҷониби комиссариати ҳарбӣ меронд.

Дар бинои комиссариат Шоҳашӯр бо комиссар вохӯрӣ намуда, хитоб кард:

- Ман ҷангро як бор дидаам, хуб медонам, ки ин чӣ даҳшат аст. Агар ба якборагӣ душманро саркӯб накунем, душман моро мекӯбад. Комиссар ба Шоҳашӯр гуфт, ки ҳоло корҳои муқаррариашро давом додан гирад, лозим шуд худамон даъват мекунем.

Дере нагузашта, рӯзи даъват низ фаро расид. 28 июли соли 1941 Шоҳашӯрро бори дуюм ба хизмати ҳарбӣ даъват карда, бо ҳамроҳии дӯсташ Комилxон Қобилов ба баталёони махсуси танкӣ, ки дар Самарқанд тамрин менамуд, сафарбар намуданд.

Баъди пурра ва мукаммал гаштан баталёни махсуси танкиро, ки Шоҳашӯр низ шомили он гашта буд, ба ҳайати бригадаи 36-юми курсантии сталинӣ - сибирии махсуси тирандозӣ дохил намуда, барои ҳифз ва ҳимояи шаҳри Москва равона менамоянд.

Баталён тариқи қатора то истгоҳи Химки рафта, дар шоҳроҳи Волоколамск, ки ҳуҷуми фашистонро ба Москва аз ин самт чашмдор буданд, қарор мегирад.

Аз шоҳроҳи Волоколамск то деҳаи Петрушено 18 км масофа боқӣ монда бошад ҳам, фашистон онро ҳамчун деҳаи стратегӣ барои ҳуҷум ба шаҳри Москва истифода мебурданд. Душман тамоми қувваи ҳарбӣ, лавозимоти ҷангӣ ва аскарони худро низ ба ин деҳа ва дигар деҳоти атроф оварда ҷойгир кунонда буд.

Аз ин сабаб дар назди дивизияи онҳо вазифаи қатъӣ гузошта шуд, ки деҳаро аз фашистон озод намоянд.
28 нафар панфиловчиён соли 1941 дар ҳамин гуна шароити вазнину сангин даромадгоҳи Москваро ҳимоя карда, дар бригадаи 36-уми махсуси тирандозии сталинӣ - сибирӣ, ки ба он маршал Рокоссовский фармондеҳӣ мекард, ҷавонписари тоҷик - Шоҳашӯр Шоҳакимов низ қарзи фарзандиро дар назди Ватан-Модар иҷро менамуд. Шоҳашӯр қаблан амалиёти ҷангии худро аз озод кардани стансияи Химки, шоҳроҳи чорроҳаи Ленинград, Волоколамск ва Брест оғоз кард.

Аз ин ҷо то ба шоҳроҳи Волоколамск баромада, шаҳри Вязмаро озод кардем,- ба хотир меоранд он рӯзҳоро амаки Шоҳашӯр. - Нақшаи фашистон, ки мувофиқи он мехостанд, паради ғалабаро дар Майдони Сурх доир намоянд, барбод рафта истода буд. Онҳо на танҳо ҳар рӯз, балки ҳар соат ва ҳар дақиқа шикаст хӯрда маҷбур мешуданд, ки ақиб гарданд. Ақибнишинии фашистон бо вайронкорӣ ва ба дор овехтану паррондани партизанҳою аҳолии бегуноҳ, сӯзонда несту нобудкунии биноҳои ободу ёдгориҳои таърихӣ амалӣ мегашт.

Вақте ки деҳаи Петрушиноро озод мекардем, ваҳшонияти фашистонро бо чашмони худ дидем. Қариб дар назди ҳар як дару тирезаи хонаҳои нимсӯхтаву валангор ҷасади овехташудаи як нафарро мушоҳида мекардем. Аз дохили хонаҳои одамон дуди ғализи бадбӯе ба осмон мепечид. Маълум буд, ки он ҷо ҷасади одамони кушташуда ё шояд нафарони зинда ба зинда оташзадашуда сӯхта истода буд.

Дар баробари бо чашми сар дидани ин ҳама манзараҳои даҳшатовар, ба марғзоре расидем, ки аз шоҳроҳи Волоколимск ҳамагӣ 18 километр дуртар ҷойгир буд. Дар даромадгоҳи деҳаи Петрушино шахсеро вохӯрдем, ки ба дори ба таври махсус сохташуда овехта шуда буд. Ман бо ҳамроҳии ҳамяроқонам Скамарохин, Балошин, Дайнека ҷониби дор давида бандро бурида, ҷасади беҷонро ба замин хобондем, ҷисми лоғару азиятдидаи партизандухтари зебочеҳра рӯи замин карахту беҳаракат мехобид. Бо чашми сар дидани чунин ҳодисаи мудҳиш хеле ногувор ва гарон буд. Мо чор нафари бадаҳшатафтода оби дидагонамонро нигоҳ дошта наметавонистем. Аз рӯи қиссаи баъзе аз шоҳидони зиндамонда маълумамон гашт, ки фашистони пастфитрат ӯро дар ҳамин ҳавои сарди зимистонӣ бо як пираҳани нафис дар ҳудуди деҳа давр занонда, ба аҳолӣ муроҷиат намудаанд, ки “Бубинед, аҳволи партизани хоин чӣ гуна мешавад!”

Фашистон баъд аз азобу шиканҷаи зиёд духтарро ба дор овехтаанд. Пас аз пурсуков ва сипарӣ гаштани як муддати кӯтоҳ маълумамон шуд, ки ин духтари ба дор овехташуда – қаҳрамондухтари шуҷоъ - Зоя Космодемянская (ӯро Таня ҳам ном мебурданд) будааст, ки корнома ва матонати ӯ дар саҳифаҳои таърих ба таври абадӣ нақш бастааст. Баъдтар ба ин духтари нотарсу фидоии роҳи ҳифзи Ватану диёр унвони Олии Қаҳрамони Иттифоқи Советиро сазовор донистанд.

Шояд дар саҳифаҳои ягон китоби таърихии ҷангноманависон ҳанӯз дарҷ нагардидааст, ки ҷисми беҷони Зоя Космодемянскаяро дар он рӯзҳои даҳшатноки ҷангӣ маҳз тоҷикбачаи диловар Шоҳашӯр Шоҳакимов аз сари дор фароварда, дар якҷоягӣ бо ҳамяроқонаш ба ҳамдеҳагонаш, барои дафн кардан супурдаанд. Дар он шароити душвор ҳама “аскари советӣ” номбар мешуданд ва арзишҳои дигар ба монанди миллат, зодгоҳ ва макони истиқомати аскарони ҷанговар, дуюм ва сеюмдараҷа маҳсуб меёфт…

Корнамоиҳои Шоҳашӯр Шоҳакимов дар солҳои ҷанг бо якчанд ордену медал ва даҳҳо “Раҳматнома”-ҳои Сарфармондеҳи олӣ мушарраф гардидааст.

Қаҳрамони қиссаи мо баъди ҷанг ба Ӯротеппа (Истаравшани ҳозира) омада, худи ҳамон сол боз ба базаи автомобили рақами 36 ба кор медарояд.

Имрӯз Шоҳашӯр Шоҳакимов дигар миёни мо нестанд, аммо ёду хотираи он кас ҳамчун шахси ҳалиму хоксор, ронандаи пурҳунару шуҳратманд, табиби халқӣ, инсони наҷиб ва қаҳрамони корзори ҷанг ба таври абадӣ дар дили ҳамдиёрон нақш бастааст. Ёду хотироти неки эшон дар қалбҳои ҳазорон нафар муҷассамаи пуршаҳомати ин қаҳрамонписари тоҷикро зиндаву поянда нигоҳ медорад.

Сайфулло Маҳкамов
собиқадори матбуот


шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter