• 11:15 – Таҳлилгар: ҲНИ ба амалиёти бузурги зиддимиллӣ омодагӣ мегирад 
  • 11:36 – ЧАРО ХУДОРО БО АРАБӢ ШИНОСЕМ? Мо араб нестем, даъват ба намоз ва дигар қироатҳо бояд бо тоҷикӣ садо диҳанд... 
  • 20:28 – Мирасрор АҲРОРОВ: Воқеияти ТАЛКО-ро дидам. Ӯзбекистон аз харидорони асосии алюмини тоҷик мешавад 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 12:56 – Туркия ва мактабҳои машкуки “Маориф” 
  • 21:16 – Трансфери сол: Криштиану Роналду ба “Ювентус” гузашт 
  • 12:49 – Аз Душанбе то Помир бо “Тселл” (36 акс) 

ҚУРБОНИИ ДЕМОКРАТИЯИ ДУРӮҒИН. “Айб”-и ӯ ин аст, ки мегӯяд, наметавонад режими диктатурӣ дар кишварашро қабул кунад...

“Маро ба осонӣ метавонанд кушанд. Ин ҳолати бисёр даҳшатнок хоҳад буд”. Ин изҳороти Энес Кантер, бозигари марказии дастаи баскетболи “Ню-Йорк Никс”-и Амрикост, ки ин шабу рӯз таҳти таъқиби режими Эрдуғон қарор дорад. Ин варзишгари маъруф маҳз ба он хотир дар дидор бо “Вашингтон Визардз” дастаашро ҳамроҳӣ накард, ки ба гуфтааш, дар Лондон одамони президенти Туркия кам нестанд ва ҳар лаҳза метавонанд ба ӯ сӯиқасд кунанд, ё ӯро рабоянд.
Довуд Исматӣ
ИмрӯзNews
“Аз дасти диктатор корамро анҷом дода наметавонам”

Дидори дастаҳои “Вашингтон Визардз” ва “Ню-Йорк Никс” рӯзи 18 январ дар Лондон баргузор гардид:

“Мутаассифона, бо айби президенти Туркия наметавонам ба Лондон равам. Маро метавонанд он ҷо ба қатл расонанд. Ба ин хотир бо намояндаи даста вохӯрдам. Ин ҷо мемонам ва бо тамрин машғул мешавам. Боиси афсӯс аст, ки чунин ҳолатҳо метавонанд ба карйераи ман таъсир расонанд, имкон намедиҳанд ҳамроҳи дастаам бошам. Аммо аз дасти ин диктатор ман рафта наметавонам, то корамро анҷом диҳам. Дар ҳақиқат ман чунин мешуморам, ки метавонанд маро кушанд? Ҳа. Онҳо дар он ҷо ҷосусҳои зиёд доранд”, - нигаронӣ кард вай.

Бозингари маъруфи НБА хуб медонад, ки маҳз бо далели дӯстӣ бо Фатҳуллоҳ Гулен ва равуо ба манзили ӯ ба мушкил рӯ ба рӯ шуд.

Дар Туркия Кантерро ба терроризм айбдор медонанд.

“Айб”-и ӯ дар инҷост, ки аз хурдӣ ба руҳонии турк Фатҳулоҳ Гулен мароқ дошт ва ба ҳаракати “Хизмет” пайваст. Вақте ба ИМА рафт, идеяҳои ҳаракатро куллан ҷонибдорӣ кард ва барои ин, тавре худи ӯ мегӯяд, ҷояшро дар мунтахаби миллӣ дар Евробаскет-2015 аз даст дод:

“Маро барои арзишҳое, ки ман бовар дорам ва мавқеъи ман аст, ба мунтахаби миллӣ шомил накарданд”, - изҳор дошт вай он замон.

Дар посух ба ин ки варзишгарро ба терроризм ва миёнаравии терроризм айбдор карданд, ӯ Эрдуғонро “Гитлери замони мо”, ҳукумати Туркияро - дуздҳо ва Гуленро - муаллим ва падархонд номид.


Ҳамаро қурбони Гулен кард

Баъди кушиши табаддулоти давлатӣ дар тобистони соли 2016, ки Эрдуғон онро кори дасти Гулен номид, варзишгар ҳам канор наистода, аз роҳбари руҳонияш пуштибонӣ кард. Он замон борҳо ба ӯ таҳдид карданд ва ҳатто аккаунташ дар “твиттер”-ро дар Туркия дастнорас карданд.

Баъди ин падараш, профессори ситология, Мехмет Кантер бо мактуби кушода баромад карда, аз Энес даст кашид ва аз ӯ хост, то насабашро иваз кардаву аз президенти Туркия узр пурсад:

Аз президент ва тамоми мардуми Туркия узр мепурсем, ки чунин фарзандро ба воя расонидем. Агар ман медонистам, ки чунин мешавад, ҳеч вақт ба Энес иҷозат намедодам, ки ба ИМА равад, ҷое, ки истеъдоди бозигарияш дар баскетболро намоиш дод”, - гуфт падараш дар ин мактуб.



Дар посух ба ин мактуб бозигар ҳам аз наздиконаш даст кашидаву ба худ насаби роҳбари руҳонияшро гузошт — Энес (Кантер) Гюлен:

Имрӯз ман ҳамаро, ки 24 сол оилаи худ меҳисобидам – модар, падар, бародарону хоҳаронамро аз даст додам. Падарам хост, насабамро иваз кунам. Модаре, ки ба ман зиндагӣ дод, аз ман даст кашид. Бародарону хоҳарон маро рад мекунанд. Хешовандонам маро дидан намехоҳанд. Аммо бо номи Гулен мешавад, ки на як, балки ҳазорҳо Энес Кантерро қурбон кард. Ва ман падарам, модарам ва тамоми оилаамро қурбон мекунам”, - гуфт вай.

Баъдтар маълум гардид, ки мактуби кушодаи падари варзишгар таҳти фишору таҳдидҳои пайвастаи мақомдорони турк навишта шудааст. Даст кашидан аз фарзанд профессорро наҷот надод: моҳи июни соли 2018 падари варзишгарро ба муҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Ӯро маҳз барои он ҳабс карданд, ки падари Энес буд.


Медонад, ки дар асл он шаб чӣ гузашт

Моҳи майи соли 2017 мақомоти Туркия шиносномаи Кантерро бекор карданд ва ӯро узви “ташкилоти террористӣ” эълон намуданд.

Тирамоҳи ҳамон сол варзишгар худро одами бидуни шаҳрвандӣ эълон кард.

Дар як суҳбати ахираш Кантер гуфт, ӯ шоҳид аст, ки вақте ҳаводиси тобистони соли 2016 дар Туркия рӯй доданд, руҳонӣ дар чӣ ҳолат қарор дошт:

Дар вақти ин ҳодисаҳо мо ҳама дар ҳолати шок будем. Ман он замон ӯро бо чашмони худ дидам. Тамоми чизе ки ӯ он замон кард, ин буд – ба курсӣ нишаст ва барои ватанаш дуо кард”, - нақл мекунад вай ва аз эҳтимол дур намедонад, ки маҳз ҳамин шаҳодаташ, ки дурӯғи президенти Туркияро фош мекунад, ба оташи ғазаби мақомдорони турк равған рехтааст, зеро ӯ медонад, ки дар асл он шаб чӣ гузашт.

Ҳабси абад ё ҳукми қатл?

Чанде пеш вазорати адлияи Туркия аз Интерпол хост, ки Кантерро ба ҷустуҷӯи байналмилалӣ дода, аз Амрико истирдод кунад. Бархе доираҳои огоҳ аз қазия навиштаанд, агар чунин шавад, Кантерро дар ватан ҳабси умрбод ва ҳатто ҳукми қатл интизор аст – “ҳарчанд онро дар соли 2004 манъ карданд, аммо Эрдуғон метавонад нисбат ба варзишгар маҳз ин ҷазоро раво бинад”.


Ба ин маънӣ, иттиҳом нисбат ба Кантер, қабл аз ҳама, баромада аз хостаҳои президенти Туркия арзёбӣ мешавад.Аммо то ин замон шикори варзишгар аз сӯйи Эрдуғон натиҷа надодааст. То ин замон ду кушиши боздошти ӯ дар Руминия ва Индонезия дар баҳору тобистони соли 2017 ноком шуданд. Дар ҳарду ҳолат мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иддаои ҳукуматдорони туркро бофта номидаву ба Кантер мушкил эҷод накарданд.

Қоидаи бозии Эрдуғонро вайрон карданд

Дар ҳамин ҳол, Кантер ягона варзишгаре нест, ки мавриди ғазаби Эрдуғон қарор гирифтааст. Футболбози маъруфи турк Ҳақан Шукур ҳам аз ҷумлаи афродест, ки “тибқи қоида бозӣ накард”, ҳарчанд соли 2011 узви парламенти Туркия аз ҳизби Эрдуғон буд. Баъди ду сол аз парламент баромад ва аллакай дар соли 2016 ӯ низ ба миёнаравии терроризм айбдор шуда, ба ИМА фирор кард. Ҳоло ба ҷойи хизмати давлатӣ дар як қаҳвахонаи Сан-Франсиско кор мекунад:

Ман вазир мешудам, агар тибқи қоида бозӣ мекардам. Агар он чиро мекардам, ки ба ман мегуфтанд. Аммо ҳоло қаҳва мефурӯшам”,-эътироф мекунад ӯ.

Ҳақан Шукур

Ба навиштаи матбуоти оппозитсионии Туркия, чунин мисолҳоро зиёд пайдо кардан мумкин аст, ки Эрдуғон сиёсати давлатиро қурбони хусуматҳои шахсӣ кардааст. Дар мисоли Кантер мушоҳида мешавад, ки ҳукуматдорони турк ҳама марзҳои бозиро убур кардаву акнун бо эҳсосоти ҳазорҳо мухлиси варзиш нохун мезананд, зеро ба хубӣ дарк мекунанд, ки варзишгарон ва бахусус онҳое, ки дар маъруфтарин мусобиқаи баскетбол – НБА бозӣ мекунанд, дар миёни мухлисон чӣ обрӯву нуфуз доранд. 

Акнун бо “айби” Кантер мухлисони баскетбол наметавонанд бозиҳои дастаи “Ню-Йорк Никс”-ро дар Туркия тамошо кунанд. Ин омил боиси ғазаб нисбат ба Кантер шудааст, - чизе ки ба дарди Эрдуғону ҳукуматдоронаш мехӯрад.

Аммо Кантер ором нишастанӣ нест. Ду ҳафта қабл ӯ бо гуруҳе аз сиёсатмадорону парламентарҳои амрикоӣ нақзи ҳуқуқи инсон дар Туркияро баррасӣ кард. Ҳоло умед дорад, ки бо президенти ИМА Доналд Трамп вомехӯрад.


"Ӯ ба ватанаш хиёнат накардааст"

Борҳо буда, ки Туркияро ба унвони давлати исломии демократӣ мисол задаем, аммо ҳолдонҳо мегӯянд, он чӣ ки дар он кишвар мегузарад, ба ҳама арзишҳои демокративу ҳуқуқи инсон хатти сурх кашидааст. “Айби” Кантер ин аст, ки мегӯяд, наметавонад режими диктатурӣ дар кишварашро қабул кунад ва ба қавли худаш, барои ин падару модар, бародарону хоҳарон ва хешовандонашро қурбон кард. 

Аммо ӯ ба фарқ аз мухолифони фирории Тоҷикистон ватанашро дӯст медорад ва ҳеч гоҳе набуда, ки бо тиру туфанг ба суроғи ҳамватанонаш рафта бошад, ё ба ватану миллат хиёнат карда бошад. Сӯзиши Эрдуғону ҳукуматдоронаш ҳам ин аст, ки наметавонанд даҳони як варзишгари озодро банданд.



шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter