• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Таҳлилгар: ҲНИ ба амалиёти бузурги зиддимиллӣ омодагӣ мегирад

Бахилӣ, кина, ҳасад, ғайбату хусумат... ҳама якҷоя шуда, як чеҳраи хашинро ба вуҷуд овардаанд. Акнун ҳадафи ҳамла кадом кишварҳо хоҳанд буд?
Мусоҳибаи
Довуд Исматӣ
 
Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ ба давлат ва ҳукумати Тоҷикистон адовати куҳнашуда дорад. Ба ин хотир талош мекунад, ки барои гирифтани қасос аз роҳҳои ғайримашрӯъ, аз ҷумла сӯиқасду амалҳои террористӣ истифода барад. Аммо ин ниҳояти фаъолияти ҲНИ набуда, аз эҳтимол дур нест, ки давоми ду соли охир шоҳиди амалҳои террористии аъзои ин ҳизб дар қаламрави кишварҳое шавем, ки бо Тоҷикистон муносибати зичи ҳамкорӣ доранд.
Ин нуктаро дар суҳбат бо хабарнигорон таҳлилгари қазоқ Нурлибек Исупов, корманди Институти таҳқиқоти стратегии Қазоқистон, ки чанде қабл дар доираи иштирок дар як ҳамоиш ба Душанбе омада буд, изҳор дошт. Номбурда дар маърӯзааш, ки шеваи бархӯрди давлатҳои дунявӣ ба фаъолияти ҳизбҳои динӣ ва зуҳури ташкилотҳои динии ифротгаро дар Осиёи Марказиро баррасӣ мекард, аз кишварҳое ном бурд, ки аллакай аъзои ҲНИ ба он ҷойҳо фиристода шудаанд. Кадом кишварҳо метавонанд мавриди ҳамлаи аъзои ҲНИ қарор гиранд ва ҳадаф аз “муборизаи мусаллаҳона” чист?
Хабарнигорамон дар ҳошияи ин конфронс бо чанд суол ба номбурда муроҷиат кард.
 
- Чӣ омилҳо метавонад Шуморо мӯътақоид созад, ки дарвоқеъ, Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ ба роҳандозии амалҳои террористӣ омодагӣ мебинад?
- Дар як вақт якчанд омил мавҷуд аст. Аввалан, ҲНИ нерӯи муборизаи сиёсӣ аз роҳи ғайримусаллаҳонаро надорад. Дарҳо ба рӯяш бастаанд, аъзояш таҷрибаи фаъолияти сиёсӣ як тараф истад, ҳатто дониши муқаррарии сиёсӣ надоранд. Инро роҳбарияти ҳизб ҳам медонад.
Дуввум, баръакси ҳолати болоӣ, ҲНИ ва аъзояш таҷрибаи бузурги ҳамлаҳои мусаллаҳона ва амалҳои террористиро доранд ва таври маълум, як замон, дар гузаштаи начандон дур, дар қатлу куштори одамон хеле муваффақ ҳам шуданду ба ҳукумати марказии Тоҷикистон ултиматуми тақсими қудратро монданд.
Саввум, роҳбарияти ҲНИ бо пешбурди фаъолиятҳои ноком сарпарастонро водор сохт, ки маҳз ҳамин гуна тасмим гиранд. Яъне, амалу рафтори аъзову роҳбарияти ҳизбро дида, дар долонҳои бархе ҳукуматҳо ин тасмимро гирифтанд, ки вақти дар майдони сиёсат боқӣ мондани ҲНИ гузаштааст ва бояд ба майдони муборизаҳои мусаллаҳона баргардад.
Чаҳорум, ваъдаи пулу силоҳи кофӣ, ки маъмулан аз сӯйи сарпарастон дода мешавад.
Омилҳои дигаре ҳам ҳастанд, мисли бадбинии роҳбарияти Давлату Ҳукумати Тоҷикистон, барномаи шиасозии мардуми кишвар, аз роҳи зӯрӣ ба озодӣ баровардани ҳаммаслаконе, ки зиндонианд ва асрори ҲНИ-ро фош мекунанд ва ғайра.
Ин омилҳо, ба назари ман, аксар таҳлилгаронро маҳз ба ҳамин хулоса овардааст, ки на танҳо Душанбеи расмӣ, балки мақомдорони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамсояҳои онҳоро аз ҳамлаҳои мусаллаҳонаи аъзои ҲНИ ҳушдор диҳанд. Зеро, аз як сӯ, дар пасманзари вазъи Афғонистон ва бо дарназардошти равобити зичи байни ҲНИ ва гуруҳҳои террористии мустақар дар он кишвар, ин ҳизб на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои ҳар кишвари дигар хатарнок аст. Аз сӯйи дигар, ин як амалиёти бузурги зиддидавлатӣ ва зиддимиллиест, ки дар умум, амнияти одамони зиёдро зери хатар мегузорад.


- Кадом кишварҳо метавонанд мавриди ҳамлаи мусаллаҳона ё террористии аъзои ҲНИ қарор гиранд?
- Аз таҷрибаи мубориза бо терроризм бармеояд, ки аслан, барои як террорист ё ташкилоти террористӣ ин муҳим нест, ки ҳамларо дар куҷо, болои мардуми кадом кишвар анҷом медиҳад. Барояш муҳим аст, ки ғаразҳояшро пиёда созад, ҳар чи бештар даҳшат афканад, тарс диҳад. Хостаи сарпарастон ҳамин аст. Аммо агар дар мисоли ҲНИ ва манфиатҳои он суҳбат кунем, қабл аз ҳама, бояд дар назар дошта бошем, ки ҳадафи аслӣ Тоҷикистон аст. Чун онҳо (аъзои ҲНИ) мехоҳанд маҳз тавассути Тоҷикистон ба дигар кишварҳои ҳамсоя ворид шаванд ва Тоҷикистонро ба ҳайси пойгоҳ истифода кунанд.
Аз лиҳози манфиатҳои геополитикие, ки сарпарастони ҲНИ доранд, ҳамчун пойгоҳ ё маркази тасмимҳо қарор додани Тоҷикистон барояшон мувофиқ аст. Ин, қабл аз ҳама, барои зери назорат гирифтани пойгоҳи низомии 201-и Русия, ки дар оянда барои ба воддии Фарғона ва минтақаҳои наздисарҳадии Чин кӯчонидани неруҳои мусаллаҳи таҳти нуфузи ҲНИ мусоидат мекунад, ба назар гирифта шудааст. Яъне, бар иловаи Тоҷикистон, ҳамчунин Ӯзбекистону Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия ба зудӣ хатари ҲНИ-ро дар худ эҳсос мекунанд.
Дуруст аст, ки ҲНИ барои мубориза бо Чин ҳич вақт қудрат нахоҳад дошт, аммо ба минтақаҳои наздисарҳадӣ ва бахусус, наздик ба минтақаҳои мусалмоннишини Чин кӯчонидани неруҳои мусаллаҳи исломгароро Пекин бо дард қабул мекунад ва ин оғози интиқоли терроризм ба минтақаҳои чиние хоҳад шуд, ки ҳавои истиқлолхоҳӣ ба сар доранд.

- Оё аз лиҳози молиявию идеологӣ ва тарҳрезии амалҳо ҲНИ чунин қудратро дорад? 
- Маълум, ки ҲНИ ба танҳоӣ ба ин нақша муваффақ намешавад ва тавре болотар зикр кардам, роҳандозии он танҳо баъди дастрас кардани силоҳу маблағи кофӣ ба назар гирифта шудааст. Яъне, айни замон марҳилаи мусаллаҳсозии ҲНИ ва таъминоти маблағ ҷараён дорад. Ин ҳолат, ба эҳтимоли зиёд, то чанд моҳи дигар, аниқтараш, то “ҳамлаҳои баҳорӣ”-и Толибон дар Афғонистон, идома меёбад.
Аз сӯйи дигар, ҳадаф аз ҳамла ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зери нуфуз гирифтани захираҳои нафтугазӣ ва тилло ҳам ҳаст. Инҳо аз таҷрибаи зуҳури “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия истифода мебаранд. Он ташкилоти террористиро ҳам дар аввал касе ҷиддӣ намегирифт, то замоне ки бузургтарин чоҳҳои нафт ва дигар захираҳои зеризаминиро зери назорат надаровард. Маҳз ба василаи тиҷорати нафт ва ё бо аслиҳа иваз кардани он “Давлати исломӣ” худро пурқудрат карду ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Вақтҳои охир таҳлилгарон ва матбуот аз зуҳури ДИИШ дар Осиёи Марказӣ зиёд суҳбат мекунанд. Дар асл, гап сари ҳамин ҲНИ меравад, ки дар бераҳмиву тахрибкорӣ камтар аз ДИИШ нест. Баръакс, ҲНИ аз ДИИШ хатарноктар хоҳад буд. Агар ДИИШ дар ҷойи холӣ зуҳур карда бошад, ҲНИ солиёни зиёд ин ҳама бедодгариро таҷриба кардааст.


- Чаро хулосаи Шумо маҳз ин аст, ки ҲНИ муборизаро тавассути хунрезӣ ва муборизаҳои мусаллаҳона идома медиҳад?
- Ин шеваи муборизаи тамоми гуруҳу ташкилотҳои ифротгарои динӣ ва ё аз номи дини ислом фаъолияткунанда дар кулли кишварҳои ҷаҳон аст. ҲНИ ҳам истисно нест.
Аз сӯйи дигар, баъди гирифтани кумакҳои молиявӣ дар даҳсолаи охир тамоми амалиёти роҳандозикардаи ин ҳизб, шурӯъ аз роҳандозии нооромиҳо дар шарқи Тоҷикистон (солҳои 2008-2010) то кушиши табаддулоти давлатӣ дар моҳи сентябри соли 2015 ва ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар моҳи июли 2018, ҳарчанд қурбониҳо доштанд, дар маҷмӯъ, кушишҳои номуваффақ буданд.
Барои мисол, кушиши табаддулоти давлатӣ дар моҳи сентябри соли 2015 давлати Тоҷикистонро водор сохт, ки масъалаи таъмини амният ва оромиро ҷиддитар пайгирӣ кунад. Ҳамзамон, ин ҳодиса сари ҲНИ-ро барбод дод. Яъне, дар маҷмӯъ, аз лиҳози муборизаҳои сиёсӣ, он ҳодиса ба суди давлат хотима ёфт.
Ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ ҳам, ҳарчанд дар он инсонҳои бегуноҳ кушта шуданд, таъсири чандоне ба амнияти Тоҷикистон надошту надорад. Ин ҷо ҳам аксари кишварҳо аз мавқеъи давлати Тоҷикистон ҷонибдорӣ карданд ва гуфтанд, омодаи ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм (фаҳмида шавад – ҲНИ, ки масъулияти ин ҳамла ба уҳдааш аст) ҳастанд.
Бахусус, ин ду кушиши номуваффақ сарпарастону пуштибонҳои аслии ҲНИ-ро водор кард, ки барои тағйири мавқеъ ва ҳузури он дар сиёсат – ҳамчун омили фишор, чораҷӯӣ кунанд. Зеро маҳз дар пайи ин ду ҳодиса рӯшан шуд, ки сарпарастони ҲНИ кист ва чӣ шадаф дорад.
Ба ин хотир, варианти “муборизаи мусаллаҳона” барояшон мувофиқтар афтод. Аз лиҳози муборизаи сирф сиёсии осоишта ба майдон баровардани ҲНИ дигар бемантиқ аст, зеро камари ҲНИ кайҳо шикаставу дигар ҷойгоҳе надорад. Яъне, моликони ин ҳизб чунин мешуморанд, ки баъди сарфи маблағҳои бузурги бенатиҷа беҳтар аст, ки “сарбозони хилофат” (аъзои ҲНИ)-ро дар ҷабҳа истифода баранд.

- Ба назари Шумо, решаи мухолифатҳои ҲНИ ба давлат ва мардуми Тоҷикистон аз куҷост?
- Ин мухолифатҳо, ки асосан аз роҳи зӯроварӣ ва муборизаи мусаллаҳона сурат мегиранд, таърихи куҳан доранд. Fаразҳо дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон рӯшан шуданд. Ҳарчанд баъдтар созишномаи сулҳ имзо шуду ҷонибҳо ваъда доданд, ки мухолифатҳои мусаллаҳонаро хотима медиҳанд, давлат ва миллат месозанд, ин созишнома якҷониба поймол карда шуду ҳоло сулҳ якҷониба муаррифӣ мешавад. ҲНИ, ки ҷузъи асосии ИНОТ буд, созишномаро риоя накард. Ин ки ҳоло созишнома ва ба сулҳу субот расиданро кори ҳукумат меноманду аз зикри номи ИНОТ худдорӣ мекунанд, дуруст аст. Давлати Тоҷикистон то ҳанӯз ба ин созишнома содиқ аст. ИНОТ (ҲНИ), дар навбати худ, чандин маротиба онро поймол кард.
Баъди имзои созишномаи сулҳ ва тақсими ҳукумат бо неруҳои мухолиф, давлати Тоҷикистон як даҳсола ғофил монд, аниқтараш, ба ин мавзӯъ, ки “душман сангарҳояшро мустаҳкам мекунад” бовар надошт, чун дар ин миён масъалаи беҳтарсозии зиндагии мардум ва рушди иқтисод ба ҷойи аввал баромада буд. Аз ҷониби дигар, давлат фикр мекард, ки неруҳои мухолиф ба савганди хӯрдаашон содиқ мемонанд.
Яъне, ин ҷо ба ғайр аз манфиатҳои геополитикӣ, ҳадафҳои бузурги минтақаӣ ва ғаразҳои диниву мазҳабӣ боз омилҳое ҳастанд, ки марбут ба ботини инсонҳоянд. Бахилӣ, кина, ҳасад, ғайбату хусумат... ҳама якҷоя шуда, як чеҳраи хашинро ба вуҷуд овардаанд.

- Вақтҳои охир дар бораи музокираи ҳукумат бо ҲНИ гуфтугуҳое ҳастанд ва эҳтимолан, яке аз мавзӯъҳои нишасти САҲА дар Варшава ҳамин бошад. Аз нав бо ҲНИ музокирот кардани ҳукумат то чӣ андоза зарур аст?
- Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳеч гуна музокирот бо неруҳои ба ном мухолиф, ки дар хориҷи кишвар ва асосан дар Аврупо қарор доранд, ниёз надорад. Роҳандозии музокироти такрорӣ бо мухолифин, - ин дидаву дониста беқурб кардани созишномаи сулҳи соли 1997 аст.
Аз сӯйи дигар, ҳукумати Тоҷикистон набояд худро ба сатҳи кӯча фарорад.
Варианти аз ҳама дуруст ин аст, ки аъзову роҳбарони фирории ҲНИ тарки силоҳгириву нақшаи хунрезӣ карда, ихтиёран ба ватанашон баргарданд ва бо давлату ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд. Фикр мекунам, давлати Тоҷикистон ҳам омода аст, ки дар ин ҳолат гузаштҳои ҳуқуқӣ кунад.

P.S. Ин суҳбат қабл аз оғози ҷаласаи САҲА дар Варшава баргузор шуда буд. 
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter