• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард?

Бештари коршиносон ба ин назаранд, ки барқияи президенти ИМА Доналд Трамп вобаста ба ҳамлаи террористии рӯзи 29 июл ба сайёҳон мантиқан эътирофи Вашингтон аз Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ ба ҳайси ташкилоти террористӣ аст.
Довуд Исматӣ

Дар барқияи Трамп ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҲНИ ном бурда нашудааст, аммо аз муҳтавои он бармеояд, ки ИМА ва бахусус президенти он Доналд Трамп аз мавқеъи Тоҷикистон дар айбдорсозии ин ҳизб ҷонибдорӣ кардааст.
Матни барқияи Доналд Трамп ба Эмомалӣ Раҳмон чунин аст:
Муҳтарам Ҷаноби Президент,
Ман ба Шумо барои фиристодани номаи тасаллият пас аз ҳамлаи террористии бемантиқ, ки рӯзи 29 июли соли 2018 рух дод ва дар натиҷаи он ду шаҳрванди америкоӣ ва ду бегуноҳи дигар фавтиданд, изҳорӣ сипос менамоям.
Ман вокуниши фаврии Ҳукумати кишвари Шуморо ҷиҳати дастгир намудани содиркунандагони ин ҷинояти зишт қадр мекунам. Ин ҳодиса баёнгари равшани зарурат ба ҳамкории амиқтар ва табодули маълумот байни кишварҳоямон дар оянда мебошад.
Ҳамла ба шаҳрвандони бегуноҳ ғайри қобили қабул аст ва мо бояд барои решакан кардани таҳдидҳои террористӣ нисбат ба ду халқи бузургамон якҷоя амал намоем. Маъмурияти ман барои мусоидат дар тафтиши ин ҳамлаи ваҳшиёна нисбат ба одамон ва тарзи ҳаётамон омода аст.
Мо бояд таҳким бахшидани риштаҳои дӯстии ду халқамонро идома диҳем ва итминон дошта бошем, ки чунин ҳамла минбаъд такрор нахоҳад шуд”.

Ин барқияро барои бисёриҳо ғайримунтазира медонанд. Президенти ИМА дар мавриди фармоишгарон ва фарзияи мақомоти қудратии Тоҷикистон аз қабл маълумот дошт. Таври маълум, мақомоти қудратии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ин террор Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ даст дошта, фармоишгари он дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дошт ва маҳз аз ҳамон ҷо ҷараёни ҳамларо назорат ва идора мекард. Бино ба маълумоте, ки як намояндаи мақомоти махсус пешниҳод кард, дар бораи маҳз дар қаламрави Ҷумҳурии Исломӣ қарор доштани фармоишгари ин ҳамлаи террористӣ ва аз соли 1992 узви Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ будани вай (гап сари “Қорӣ Носир” аст), мақомоти махсуси он кишвар пурра огоҳ буданд.
Баргардем ба барқияи Доналд Трамп, ки дар он махсус зикр шудааст: “ҳамлаи террористии бемантиқ”. Ҷойи дигар: “Ман вокуниши фаврии Ҳукумати кишвари Шуморо ҷиҳати дастгир намудани содиркунандагони ин ҷинояти зишт қадр мекунам”.

Он чӣ ки дар ин ҳодиса фарзияи аслист – ҳамлаи террористӣ, раҳбари ИМА ба ҳайси ҳомии демократия ва муборизи зидди терроризм наметавонист сарфи назар кунад. Бинобар ин, мантиқан дуруст аст, ки аз мавқеъи Душанбе ҷонибдорӣ кард: яъне, ин ҳамлаи террористии аз қабл тарҳрезишуда буд ва тафтиши мақомот даст доштани Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломиро собит сохт. Пас ин маънӣ бармеояд, ки мавқеъи ҳукумати ИМА дар ин самт бо мавқеъи ҳукумати Тоҷикистон яксон аст.
Аз навиштаи матбуоти ИМА маълум аст, ки ба ҳар ҳарфи Трамп рақибони сиёсиаш таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд ва ҳатто ба нуқси кӯчаки ӯ шадидан эрод мегиранд. Аммо ҳамин иқдоми ӯ, ки аз мавқеъи Душанбе ҷонибдорӣ кард ва расман барқия фиристод, аз сӯйи рақибони сиёсиаш ҳам пазируфта шуд. Аз ин бармеояд, ки роҳи Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм дуруст аст.
Аммо аз барқияи Трамп масъулони ширкатҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон бештар истиқбол кардаанд ва аксаран ба ин назаранд, ки ба ин васила Трамп худро шодишарику ғамшарики Тоҷикистон эълон кард. Ин ба он маъност, ки иқдоми Тоҷикистон ҷиҳати эълони соли рушди сайёҳӣ ҷонибдорони зиёде дар сиёсати байналмилалӣ дорад.
Бархилофи бархе кишварҳои ба ном дӯсту бародар, ки одатан аз пушт корд мезананд, шояд ояндаи наздик шоҳиди эътирофи расмии ИМА аз Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ ба ҳайси ташкилоти террористӣ мешавем. Ин, қабл аз ҳама, барои худи маъмурияти Трамп хеле муҳим хоҳад буд.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
бц лайтхаус ----- Мне бы этого хотелось ----- capital house бц ----- У каждого спеца есть свой почерк, вы правы ----- аренда nordstar tower ----- Пошутили вы однако отлично ----- бизнес центр w плаза ----- Как сказать что вы делаете не так ----- белая площадь бизнес центр ----- Слишком много людей знают эту инфу ----- купить офис в Москве https://www.praedium.ru/catalog/arenda-ofisov/ ----- Главное что вы поработали на славу ----- святогор бизнес центр ----- https://gosuslugi-kabinet.com/uralsib-bank/ ----- Вот тебе ссылочка на новый проект ----- http://activator-windows-7.net/ ----- Далее мы начнем с этого ----- http://aktivator-windows-7.ru/ ----- Мы к вам вернемся снова ----- триколор тв ошибка 4
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter