• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Ҳиндустон ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард

Ҳиндустон ҳам расман Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломиро ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон кард. Мақомоти ин кишвар гуфтанд, фаъолияти ин ҳизб, ки бо сӯистифода аз номи дини ислом давом дорад, “тақаллуби фиребгаронаи як гуруҳи одамон” буда, “ин афроди машкук исломро ба силоҳи ҷанг табдил доданд”.
Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (Душанбе, 3-4 майи соли 2018) аз ҲНИ як нерӯи бадӣ тавсиф карда, зимни эътирофи саҳми Душанбе дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ гуфт:
“Тоҷикистон фаъолияти ҲНИ-ро ба ҳайси ташкилоти террористӣ манъ кард. Иҷозат диҳед, ин қарорро ба посухи диалектикӣ тағйир диҳам. Идеологияи ин ҳизб зери мафҳуми “наҳзат” чиро дар назар дорад? Ҳамчун мусулмон, ман ба тавлиди ислом бовар дорам, барои он ки зуҳур аз сӯйи Худост”, - изҳор дошт Мубашар Ҷовид Акбар.
“Ин тақаллуби фаъолияти афроди фиребгар аст. Худо исломро паёми сулҳ кард. Ин афроди ҷоҳил исломро ба силоҳи ҷанг табдил доданд. Худо Исломро ба дини гуногунандешӣ табдил дод. Нафароне, ки ба зуҳури дигар бовар надоранд, динро ба ҳадде дигар карданд, ки гӯё ислом зидди нафароне бошад, ки пайравони дигар мазҳабҳоянд”, - афзуд вай.
Давоми суҳбати беш аз даҳ дақиқаии худ вазири Ҳиндустон чанд маротиба аз матни расмии суханронӣ канор рафта, ба пайомадҳои хатарбори фаъолияти ҲНИ, таъсири он ба кишварҳои дигари минтақа, ҳамкории зичи ин ҳизби мамнӯъ бо дигар гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва сарчашмаҳои маблағгузории он ишора кард. Ба гуфтаи вазири Ҳинд, ин ташкилоти террористӣ дар гумроҳсозии садҳо ҷавон, роҳандозии хунрезӣ ва сафарбаркунии ҷавонон ба амалиёти ҷангӣ дар кишварҳои Ховари миёна нақши фаъол дошта, тасмими Тоҷикистон ҷиҳати манъи фаъолият ва эълони ташкилоти террористи-экстремистӣ саривақтӣ буд  (Шакли расмӣ ва кутоҳшудаи суханронӣ дар Ютюб, Фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас аст).
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter