• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Шарики гумонбар дар теракти Бостон пеш аз муҳлат озод мешавад

Шаҳрванди Қазоқистон Диас Кадирбаев, ки дар робита ба теракт дар Бостон маҳкум шуда буд, 23 соли соли равон шартан, пеш аз муҳлат ба озодӣ мебарояд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷаи Қазоқистон, Кадирбаевро барои дар ҳолати хуб гузаронидани муҳлати ҳабс озод, вале аз Амрико хориҷ мекунанд. Ҳолати ҷисмониву равонии Кадирбаев хуб арзёбӣ шудааст.

Теракт дар Бостон 15 апрели соли 2013 дар наздикии хатти марафон ё дав рӯй дод. Дар фосилаи 12 сония ду таркиш ба амал омад, ки дар натиҷаи онҳо 3 нафар ба ҳалокат расида, 264 нафар ҷароҳат бардоштанд. Дар ташкили ин теракт бародарон Тсарнаевҳо гунаҳкор дониста шуданд. Тамерлан зимни амалиёти ҷустуҷӯӣ ва муқовимат бо пулис кушта, Ҷоҳар ба ҳукми қатл маҳкум карда шуд.
Ду донишҷӯи қазоқистонӣ – Диас Кадирбаев ва Азамат Тажаяков бошанд, барои фиреби мақомоти тафтишотӣ ба 6 ва 3,5 соли зиндон маҳкум шуданд.
Тажаяков тобистони соли 2016 ба Қазоқистон баргашт.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter