• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

КИЕВРО КӢ МАҶБУР МЕКУНАД? Таассуфи кишварҳои ИДМ аз хуруҷи Украина чӣ маънӣ дорад?

Соли 1997, замоне ки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хеле ҳам тавоно ва ба ҳам наздик буд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарони ин созмон ҳушдор дод, ки муносибатҳои дуҷониба ва байниҳамии кишварҳои алоҳида набояд садди роҳи инкишофи ин созмон шавад. 
Аз ҳамин дидгоҳ буд, ки Тоҷикистон ҳамеша мушкилоти дохилии худ ё масоили марбут ба ҳамсоякишварҳояшро мустақилона баррасӣ кард. Барои мисол, давоми солиёни зиёд, ки байни Тоҷикистону Ӯзбекистон мушкилот мавҷуд буданд, Душанбеи расмӣ кушиш накард, ки онро барои ҳаллу баррасӣ ба сатҳи ИДМ барорад.
Ин намунае аз сифати давлатдорӣ ва сатҳи ҷаҳонбинии сиёсии роҳбарияти олии Тоҷикистон аст, ки то ин замон масоили дохиливу байниҳамиро мустақилона пайгирӣ кард. Ва ин ҳам, ки вақте мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, набояд дар муносибатҳои байниҳамдигарӣ бояд аз бархӯрдҳои духӯраву дуҷониба кор гирифта шавад, аз ҳамин ҷост. Бархе давлатҳое ҳам, ки то ин замон дар муносибат бо Тоҷикистон ҳамин гуна муносибатҳои духӯра доранд, ҳич қабул кардан намехоҳанд, ки Душанбе дар равобити хориҷии худ сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтаву ҳич вақт ҳавасманди мушкилсозӣ бо кишваре нест.
Аммо чун ба мунсобатҳои байниҳамии бархе кишварҳои дигари ИДМ, бахусус дар мисоли Русияву Украина дахл шавад, ҳолатҳое рӯшан мегарданд, ки мухолиф ба принсипҳои ин Иттиҳод ҳастанд. Аксар коршиносон ба ин нукта ишора мекунанд, ки дар пасманзари воқеаҳои Украина ва бархӯрди Русия манфиатҳои моддӣ болотар аз манфиатҳои амниятӣ ва маънавӣ қарор дода шуданд. Ба ҳамин минвол Русия бархе аз ҷумҳуриҳои собиқ шӯравиро аз худ дур намуда, ҳамин тавр, барои зиёдшавии фосила байни дигар кишварҳои “бародарӣ” замина мегузорад. “Маълум аст, ки аз шарикони бозътимоди Русия, асосгузори ИДМ (аз аввал СССР, ки касе ба ёд намеорад) Украина ва Белорусия буданд. Имрӯз чӣ? Русия худро ба Ғарб часпонда, дар асоси “сиёсати иқтисодии хос” ва “гузаштан ба нархҳои ҷаҳонӣ” шарикони наздиктарини сиёсӣ ва маънавиашро аз худ дур мекунад, пеш аз ҳама, Украина ва Беларусияро”,-менависад муаллифи матлаби “Ҷудоӣ андозу ҳукмронӣ кун”.
Ҳоло дар ҷаҳон эътимод ба созмонҳои низомӣ, ба монанди НАТО, СПАД ва амсоли он кам шуда, ҷойи онҳоро мебоист СҲШ, Иттиҳоди Аврупо, АвруОсиё бигирад: “Кушиши баъзе қувваҳои абарқудрат, ки мехоҳанд ин созмонҳоро низ ба ниҳоди низомӣ ва ё ниманизомӣ бо тағйир додани сохтори онҳо табдил диҳанд, оқибати хуб надорад”,-мешуморад таҳлилгар.
Ба ин хотир, дар нишасти ҳафтаи гузаштаи сарони Ҳукуматҳои ИДМ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, сарфи назар аз ҳама гуна мавқеъ ё бархӯрд, бояд намояндаи ҳукумати Украина ҳам иштирок мекард.
Аммо ин рафтори Киев то ҷое якҷониба буда, на танҳо ба манфиати ИДМ нест, балки қаблтар аз ҳама, Украина зарар мебинад. Аз сӯйи дигар, ҳамон тавре аз шеваи бархӯрди дигар кишварҳои узви Иттиҳод бармеояд, аз чунин тасмимгирии Киев дар Иттиҳод ҳавасманд ва манфиатдор нестанд, балки аз он таассуф мехӯранд. Раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Сергей Лебедев аз ҳузур надоштани намояндаи Украина дар ҷаласаи ҳафтаи гузаштаи Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳод дар Душанбе изҳори таассуф кард. Вай изҳори умедворӣ кард, ки Украина дар ин ҳайати ин созмон боқӣ мемонад, “чун ин кор ба манфиати худи Украина аст”.
Ва на танҳо ин. Ба гуфтаи Лебедев, ҳамаи ҳайатҳои нишасти Душанбе аз наомадани намояндагони Украина изҳори таассуф кардаанд. Дар нишасти Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор шуд, ба ҷуз аз намояндагони Украина фиристодаҳои дигар кишварҳо (сарвазирони шаш кишвари узви Иттиҳод ва муовинони сарвазирони чор давлат) иштирок доштанд.
Мавриди зикр аст, ки қаблан ҳам Украина дар нишасти сарони ҳукуматҳо дар Тошканд иштирок накард ва ҳатто президент Петр Порошенко эълом дошт, ки масъалаи хориҷ шудан аз бархе созишномаҳои ИДМ-ро, ки “манфиатҳои Украинаро ба назар намегиранд”, баррасӣ мекунад. Илова ба ин, бино ба гузоришҳо, президент Петр Порошенко гуфт, кишвараш аз узвияти ин созмон хориҷ мешавад, ҳарчанд ба гуфтаи Лебедев, то ҳол аз ҷониби Украина ҷиҳати хориҷ шудан аз ҳайати Иттиҳод ба Кумитаи иҷроияи ИДМ огоҳиномаи расмӣ нарасидааст.
Вобаста ба ин бархе расонаҳои Русия навиштанд, ки президенти Украина масъалаи хуруҷи кишвараш аз ИДМ-ро дар пасманзари ваъдаи кумаки молиявӣ аз Аврупову Амрико гирифтааст. Маълум нест, ки гап сари кадом кумакҳои молиявӣ меравад, аммо дар қазияи байни Русияву Украина дуввумӣ ҳамеша аз пуштибонии Ғарб бархӯрдор будааст. Аммо оё дарвоқеъ, Украина таҳти таъсири неруҳои берунӣ ИДМ-ро тарк мекунад?

Виктор Никитюк, сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

Қаблтар Виктор Никитюк, сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар як мусоҳибаи ихтисосӣ ба хабарнигори “ИмрӯзNews” гуфт:
“Тамоюле вуҷуд дорад, ки дар ҳодисаҳое, ки дар ҷаҳон рух медиҳанд (ман танҳо Украинаро дар назар надорам), ҳатман назарияи суиқасд ва даст доштани каси дигарро ҷустуҷӯ мекунем. Нафаре ИМА, дигар Иттиҳоди Аврупо ва сеюмӣ Русияро гунаҳкор мекунад.
Ман фикр мекунам, ки бо вуҷуд, аз ҷонибе таъсир ҳаст, зеро дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунем, ки бидуни хостаҳои мо давлатҳои абарқудрат ба ҳодисаҳо ишора мекунанд, аммо набояд гуфт, ки ҳатман дар ҳодисаҳои Украина дасти хориҷиён бошад. Ҳар он чизе ки мо мушоҳида мекунем, амали объективӣ аст”.
Дар ҳамин ҳол, мешавад гуфт, ки кишварҳои ғарбӣ ба ҳар навъ таҳаввулот дар Украина ба унвони як фурсати тиллоӣ нигоҳ мекунанд, то тавонанд ин кишварро аз ҳавзаи нуфузи Кремл комилан хориҷ кунанд. Зеро дар даврони ҳукумати Виктор Янукович Русия саъй кард, ки бо истифода аз дигар фишангҳои фишор ва ташвиқ Украинаро аз ҳаракати ҳарчи бештар ба самти ғарб боз дорад. Дарвоқеъ, ниёзҳои молии Украина, иқтисоди шикананда, пайвандҳои таърихӣ, ки аз ҳукумати таърихии русҳо бар Киев идома дошт, қудрати сиёсии Маскав ва ҳимоят аз гуруҳҳои мутамоил ба Русия дар Украина, ниҳоятан мунҷар ба пирӯзии Виктор Янукович шуд. Он замон Янукович дар аввалин иқдом узвият дар НАТО-ро аз дастури кори сиёсати хориҷии Украина хориҷ кард, ки нишон аз муваффақияти Маскав дар рақобат бо ғарб дар Киев дошт, аммо талош барои узвият дар Иттиҳоди Аврупоро ҳамчунон ҷузъи авлавиятҳои Украина донист ва дар айни ҳол саъй дошт, ки табодули муносибтаре байни Русияву ғарб дар маънои куллӣ эҷод кунад.
Ин давраи оромиш беш аз 3 сол давом наовард ва ниҳоят талошҳои Киев барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо муҷиби рӯёрӯии дубораи Русия бо ғарб ва ҳузури мардум дар хиёбонҳо шуд. Мардум ба суръат ба хиёбонҳо сарозер шуданд ва хотираи рӯзҳои сахт дар даврони инқилоби норанҷӣ бори дигар зинда шуд. Гуруҳҳои мухолифи давлат хоҳони истеъфои Янукович буданд ва қонуни манъи тазоҳурот низ таъсире дар он надошт ва ҳатто ба хушунат рафтани даргириҳои пойтахт шароитро барои давлат беш аз пеш душвор кард.
Дар ҳамон соати аввалияи буҳрон кишварҳои ғарбӣ Русияро бар эъмоли фишор ба Украина ҷиҳати худдорӣ аз имзои тавофуқнома муттаҳам карданд ва ин иқдомро дахолат дар умури дохилии ин кишвар донистанд. Кремл дар ҳамон соати аввали буҳрон ҳар гуна дахолат ва эъмоли фишор бар давлати Украина аз сӯи Маскавро такзиб кард ва онро як тасмими шахсӣ хонд. Ҳар чи буд ё не, ҳукумати Янукович ба фишорҳо тоб оварда натавонист ва дар ниҳоят Порошенкоро ба қудрат расонид ва боиси саҳнаҳои нави сиёсӣ дар муносибатҳои Маскаву Киев гардид. Ҳамин шуду Украина марҳила ба марҳила масъалаи хуруҷ аз ИДМ-ро ба баррасӣ гирифта, дар ниҳоят расман оид ба ин тасмими хабар дод.
Дар ҳамин ҳол, иштирок накардани Украина ба раванди баргузории нишасти сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Душанбе таъсир нарасонид. Кишварҳои иштироккунандаи узви Иттиҳод нишон доданд, ки метавонанд кори худро бидуни Украина ҳам идома диҳанд.
Нишасти Душанбе яке аз ҷамъомадҳои муваффақи сарони ҳукуматҳо арзёбӣ шуд. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода гуфт, чорабинӣ дар фазои созанда сурат гирифта, иштирокдорони он ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи Иттиҳод бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ба назари ӯ, ҷаласаи дар Душанбе доиргардида ба ҷараёни ҳамкорӣ байни кишварҳои узви Иттиҳод такони тоза мебахшад. Дар навбати худ, Сергей Лебедев ҳам ба ташкил ва натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Душанбе баҳои баланд дод.

Зимнан, ҳайатҳои иштирокдори нишасти Душанбе дар поёни ҷаласа санадҳои зиёди ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Гуфта шуд, ин санадҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисодӣ, башарӣ ва дигар соҳа мусоидат мекунанд. Аз натиҷаи имзои шартномаҳо ва нияти сарони ҳукуматҳо ҳоло баҳра бардоштан барвақт аст. Аммо як чиз аллакай натиҷаи мусбат дорад. Нишаст дар сатҳи баланди ташкилӣ, касбӣ ва дараҷаи олии меҳмонавозии мардуми тоҷик сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи сарони кишварҳои узви Иттиҳод рӯзҳои 27-28 сентябри соли равон дар Душанбе баргузор мешавад.


Муним Оламов
ИмрӯзNews
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter