• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Роҳбарони ҳукуматҳои ИДМ дар Душанбе ҷамъ мешаванд

Бино ба хабари сомонаи Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, рӯзи 1 июн дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад. 
Дар назар аст, ки дар ин ҷаласа лоиҳаи 14 санади марбут ба густариш ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳо дар доираи ИДМ баррасӣ шавад.

Дар мулоқоти хосса масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодиёт матраҳ шуда, дар ҷаласаи ҳайати васеъ баррасии як зумра санадҳои соҳаи иқтисодиёт дар назар аст.
Раисони ҳукуматҳои ИДМ дар нишасти Душанбе лоиҳаҳои Консепсияи ҳамкории давлатҳои иштирокдори ИДМ дар соҳаи рушди инноватсионии энергетика ва таҳияи технологияҳои пешқадами энергетикӣ ва Нақшаи тадбирҳои авлавиятнок оид ба татбиқи он, Созишнома оид ба ташаккул ва рушди бозори моликияти зеҳнии давлатҳои иштирокдори ИДМ, Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори ИДМ дар самти идораи партовҳои электронӣ ва таҷҳизоти электротехникӣ, Қарор дар бораи тартиби таҳия ва маблағгузории лоиҳаҳову чорабиниҳои инноватсионии байнидавлатӣ доир ба барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионӣ то соли 2020, маҷмӯи амалҳои муштараки кишварҳои ИДМ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо ҳорӣ дар давраи то соли 2025 ва ғайраро баррасӣ мекунанд.
Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Тошканд. 3 ноябри соли 2017

Ҷаласаи қаблии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ 3 ноябри соли 2017 дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор гардида буд.
Ҷамъшавии раисони ҳукуматҳои ИДМ ва баррасии асноди муштарак дар ҳолест, ки ахиран президенти Украина Петр Порошенко гуфт, кишвараш аз созишномаҳои ин созмон хориҷ мешавад.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter