• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

КДАМ ҶТ: Радиои “Zello” – минбари террористон

Ин шабака дар хонавайрону бесарпаноҳ кардани миллионҳо нафар мусоидат мекунад.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, шабакаи интернетӣ ё радиои “Зелло” барои ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, ба монанди “Давлати исломӣ”, “Толибон”, “Ихвон-ал-муслимин”, ТТЭ ҲНИ, “Гуруҳи 24”, “Салафия” ва ғайра пайвастани шаҳрвандони кишвар мусоидат мекунад. 
КДАМ шоми 21 май бо нашри филми мустанаде гуфт, бисёре аз ҷавонон маҳз тавассути ҳамин шабака ба гуруҳҳои мазкур шомил мешаванд.
Матни пурраи ин гузориш чунин аст:
“Торҳои танидаи мубаллиғони ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ тавассути интернет дар гӯшаҳои гуногуни сайёра боиси гаравидани даҳҳо ҳазор ҷавонон ба сафи ташкилотҳои терористиву экстремистии “Давлати исломӣ”, “Толибон”, “Ихвон-ал-муслимин”, ТТЭ ҲНИ, “Салафия” ва ғайра гардида, зиёда аз 15 миллион аҳолии сайёраро хонавайрон, бесарпаноҳ ва бесаробон намуда, ба муҳоҷирони иҷборӣ табдил доданд. Муноқишаҳои мусаллаҳонае, ки давоми чандин соли охир дар Шарқи Наздик идома доранд, ҷони зиёда аз якуним миллион нафарро аз байн бурданд. Бо зиёд шудани шумораи истифодабарандагони шабакаи Итернет, шароит барои таблиғгарони ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ боз ҳам фарохтар гардида, роҳҳои нави ҷалби шаҳрвандон ба сафи ифротиён пайдо мегарданд.
Бо мақсади ҷалби ҷавонон “кибертеррористҳо” мекушанд, ки маводи аудиовизуалӣ аксу видеоҳои махсуси таъсиррасонро бештар интишор намоянд. Ин аст, ки беш аз 80 дарсади шаҳрвандони ҶТ маҳз тавассути шабакаҳои интернетӣ, аз ҷумла радиои “Зелло” ба сафи ТТЭ шомил гардида, дар ҷангҳои мазҳабӣ дар давлатҳои Сурия ва Ироқ иштирок намудаанд. Омори расмӣ нишон медиҳад, ки айни замон зиёда аз 1,6 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон ба сомонаҳои шабакаи Интернет дастрасӣ доранд, ки тахминан 19%-и аҳолии кишварро ташкил медиҳад.
Яке аз чунин паёмрасонҳои бадбахтию касофат радиои интернетӣ “Зелло” мебошад, ки мубаллиғони ТТЭ, аз ҷумла бо ном “Давлати исломӣ” онро ҳамчун воситаи асосии ҷалби ҷавонон ба сафҳои худ истифода мебаранд. Аксарияти ҷавонони тоҷик маҳз тавассути ҳамин радио ба доми тазвири ҷуғзҳои ҷангу хунрезӣ, таблиғгарони даҳшату ваҳшат афтода озими давлатҳои Сурияву Ироқ ва Афғонистон гаштаанд ва ба сафи ин одамсуратони ҳайвонсират пайвастаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соли 2017 зиёда аз 1300 ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстремистдошта ошкор гардида, беш аз 400 нафар ҷонибдорон ва пайравони ТТЭ дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд, ки аксари онҳо маҳз тавассути сомонаҳои интернетии радиои “Зелло” ва “Одноклассники” ба сафи ТТЭ шомил гардида буданд.
Перомуни таърихи пайдоиши радиои интернетии “Зелло” бояд гуфт, ки он дар соли 2011 аз ҷониби яке аз ширкатҳои технологии Fарб таъсис ёфтааст. Аз рӯи шева ва шакли фаъолият ин шабакаи интернетӣ ҳамчун воситаи алоқа ва ё воситаи мухобиравӣ истифода мегардад. Он аз чандин каналҳои иттилоотрасон иборат буда, барои қисми зиёди мардум дастрас аст. Маҳз ба ҳамин хотир гуруҳҳои террористӣ, тундгаро, ифротӣ ва моҷароҷӯ онро ҳамчун воситаи асосии алоқаи байниҳамдигарӣ, ҳамчун “интернет-ратсияи Zello”, ё воситаи беҳтарину арзон барои таблиғоту ҷалби ҷавонон ба сафҳои худ истифода бурданду то ҳол мебаранд.
Аз рӯи низомномаи фаъолияти шабакаи радиои интернетии «Зелло» ва таъкиди дастандаркорони он, бурдани корҳои таблиғотӣ, тақибу таҳдид дар шабака қатъиян манъ карда шудааст. Вале далелҳо собит месозанд, ки имкониятҳои “интернет-ратсияи Zello” дар нуқтаҳои доғи давлати Украина озодона ва васеъ истифода мешаванд. Моҳи июни соли 2013 дар шаҳрҳои Таксим ва Истанбули Туркия гурӯҳҳои мухолифин ҳангоми банақшагирии гузаронидани табаддуллоти давлатӣ маҳз аз шабакаи радиои интернетии “Зелло” истифода намуда буданд.
Тибқи маълумотҳои собитгардидаи Кумитаи иҷроияи сохторҳои зиддитеррористии минтақавии СҲШ, ташкилотҳои террористӣ-экстремистие, ки дар минтақаҳои ФР, Туркия ва Шарқи наздик фаъолият мекарданд, баҳри амалӣ намудани силсилаамалиётҳои террористӣ, ҳангоми иртиботи байниҳамдигарӣ, асосан аз шабакаи радиои интернетии “Зелло” истифода намудаанд.
Солҳои охир ТТЭ “ҲНИТ” ва ташкилоти экстремистии “Гуруҳи 24” дар фаъолияти зиддиконститутсионӣ ва ба муқобили миллати тоҷик равонанамудаи худ, аз ҷумла барои таблиғу ҷалб, раҳнамунсозии ҷавонони тоҷик ба сафи ДИИШ ва дигар ташкилотҳои террористӣ, мағзшӯӣ ва даъвати онҳо ба эътирозу баёни норизогӣ, сиёҳ намудани имиҷи Тоҷикистон ва миллати тоҷик дар хориҷи кишвар радиои интернетии “Зелло”-ро васеъ истифода мебаранд.
Раванди ҷалби ҷавонон бо истифода аз шабакаи радиои интернетии “Зелло” ба сафи ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, иштироки онҳо дар муноқишаҳои мазҳабӣ дар кишварҳои Сурияву Ироқ ва Афғонистон бояд боиси изтироби ҳар як фарди солимфикри ҷомеа бошад. Зеро то ҳол бархе аз ҷавонони соддаву зудбовар тариқи ин шабака ба доми фиреби андешаю ақидаҳои хатарзо гирифтор гашта, ба барангехтани кинаву адовати динӣ дар ҷомеа даст мезананд, ташкилотҳои террористӣ-экстремистиро ҷонибдорию пайравӣ мекунанд ва дар ниҳоят шурӯъ аз оила ва наздикони хеш, садҳо, ҳазорҳо оилаи дигарро дар нуқоти мухталифи дунё ба бадбахтӣ мувоҷеҳ месозанд. Ин сарнавишти талхро метавонанд бар сари ҳар яки мо биёранд. Аз ин рӯ, бояд ҳар як шаҳрванд худро бетараф нагирифта, дар пешгирӣ аз гирифторшавии ҷавонон ба доми балои таблиғгарони куштору хунрезӣ, даҳшатафканию зӯроварӣ ва расонаҳои кӯмакрасони онҳо, монанди радиои интернетии “Зелло” ҳиссагузор бошад.

Маркази робитаҳои
ҷамъиятии Кумитаи давлатии
амнияти миллии ҶТ”.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter