• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Тоҷикистону Беларус 15 санади нави ҳамкорӣ имзо карданд

Дар фарҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус, ки дар чаҳорчӯбаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон баргузор гашт, ҷонибҳо 15 созишнома имзо карданд. Бино ба маълумоти Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон, ин созишномаҳо аксари соҳаҳои калидии ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларусро дар бар мегиранд.
Санадҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ, ки дар ҳузури сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко ба имзо расонида шуданд, инҳоянд:
- Барномаи машваратҳо байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус барои солҳои 2018-2019;
- Нақшаи чорабиниҳо дар бораи рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва гуманитарӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус барои солҳои 2018-2019;
- Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти экспертизаи судӣ байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии экспертизаҳои судии Ҷумҳурии Беларус;
- Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти экспертизаи судӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии экспертизаҳои судии Ҷумҳурии Беларус;
- Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тибби судӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии экспертизаҳои судии Ҷумҳурии Беларус;
- Созишнома миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Белорус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маълумоти томактабӣ;
- Созишнома байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноати Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;
- Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;
- Барномаи ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Беларус “Харитаи роҳ” барои солҳои 2019-2020;
- Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амволи Ҷумҳурии Беларус;
- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи назорати давлатии Ҷумҳурии Беларус;
- Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Беларус;
- Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2018-2020 ҷиҳати иҷрои Созишнома байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, ки 28 октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе имзо шудааст;
- Созишномаи ҳамкории таълимӣ ва илмӣ байни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Ҷумҳурии Беларус.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, “бастаи ҳуҷҷатҳои имрӯз қабулшуда заминаи ҳуқуқии ҳамкории моро мукаммал сохта, соҳаҳои иқтисод, маориф, илм ва робитаҳои байниминтақавиро фаро мегирад”.
Ҳамчунин гуфта шуд, Тоҷикистон аз натиҷаҳои сафар, ки дар таърихи муосири муносибатҳои Тоҷикистону Беларус саҳифаи нав боз мекунад, комилан қаноатманд буда, ҷонибҳо “ҷиҳати идома додани муколамаи байнидавлатӣ дар ҳамаи сатҳҳо, ки ба мо ҳар бор барои гузоштани қадамҳои назаррас дар ҳамгироии дуҷониба имкон фароҳам меорад”, ба мувофиқа расидаанд.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter