• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Қироншоҳ Шарифзода: “Озодии сухан дар паяш масъулият дорад”

Истеъмолгарони иттилоот матолиби чопию барномаҳои танқидиро бештар мутолиа кардану шунидану дидан мехоҳанд, ки ҳаққи онҳост...

Мусоҳибаи
Шервони Умриддин 
 
3 май ба унвони Рӯзи байналмилалии озодии сухан ё Рӯзи матбуоти озод пазируфта шудааст. Ҳар сол дар ин рӯз доираҳои журналистӣ ва созмонҳои марбут ба ВАО-ю хабарнигор гирди ҳам омада, аз бурду бохти озодии сухан, озодонаву нотарсона гуфтану навиштан суҳбат мекунанд. Аммо ҳадаф аз озодии сухан чист?
Вобаста ба ин ва суолҳои дигар мусоҳибаи ихтисосии журналист Шервони Умриддин бо устоди кафедраи матбуоти факултети журналистикаи ДМТ, узви Раёсати Шӯрои ВАО–и ҶТ ва собиқ раиси Шӯрои ВАО–и ҶТ Қироншоҳ Шарифзода пешниҳод мешавад.
 
- Устоди гиромӣ, мехостам аввал таърихчаи санаи Рӯзи байналмилалии матбуоти озод ва гуногунандешро мухтасар ёдовар мешудед, чун санаи мазкур дар навиштаҳову гуфтаҳо ба тарзи мухталиф садо медиҳад…
- Бале, санаи 3 майро гоҳо «Рӯзи байналмилалии озодии сухан», «Рӯзи байналхалқии озодии матбуот» низ мегӯянду менависанд. Дар асл санаи мазкур аз қабули «Эъломияи Виндхук», ки Семинари байналмилалии ЮНЕСКО ба хотири баррасии вазъи матбуоти мустақил дар қитъаи Африқо, дар пойтахти Намибия – шаҳри Виндхук, 3 майи соли 1991 қабул намудааст, маншаъ мегирад. Дар ин ҳуҷҷат бо номи «Эъломияи Виндхук – Дар бораи ёрӣ ба густариши матбуоти мустақил ва гуногунандеш дар Африқо», аз вазъи ногувори матбуоти як қатор кишварҳои африқоӣ, қурбонии таъқибот гардидани журналистон, маҳдудиятҳои имконоти нашри рӯзномаҳо, мушкилоти дастрасии иттилоот барои хабарнигорон, фишори иқтисодию сиёсии ҳукуматҳо ба нашрияҳо изҳори нигаронӣ гардида, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меомад, ки барои тавсеа бахшидани фаъолияти нашрияҳои ғайриҳукуматӣ мусоидат намоянд.
Азбаски вазъи матбуоти озод ва гуногунандеш дар дигар қитъаҳои олам низ бо чунин мушкилот рӯ ба рӯ будааст, Маҷмаи Умумии СММ бо пешниҳоди ЮНЕСКО, соли 1993 дар бораи таҷлили 3 май ба ҳайси Рӯзи байналмилалии матбуоти озод қарор қабул намуд.

- Пас, санаи 3 май чаро дар он санади байналмилалӣ «Рӯзи матбуоти мустақил» ва ё «Рӯзи матбуоти гуногунандеш» не, балки «Рӯзи матбуоти озод» зикр шуда?
- Зимнан, бояд хотиррасон шуд, ки зери вожаи «матбуот» ба ҳайси қадимтарин воситаи ахбори омма, тамоми воситаҳои иттилоърасонӣ, яъне ҳам матбуоти даврӣ, ҳам радиою телевизион ва ҳам сомонаҳои интернетии расман фаъолиятдошта дар назар аст. Агар дақиқ андешем, ҳамагуна воситаҳои ахбори омма вақте мустақил ё гуногунандеш буда метавонанд, ки озодӣ дошта бошанд. Бубинед, ҳамон санади ёдшудаи «Эъломияи Виндхук» дар ин маврид чӣ муқаррарот дорад:
«Моддаи 2. Матбуоти мустақил матбуотест, ки аз назорати ҳукумат, сиёсат ва иқтисодиёт (инфраструктура), ки барои истеҳсол ва интишори рӯзнома, маҷалла ва нашрияҳои даврӣ аҳамияти асосӣ доранд, озод аст.
Моддаи 3. Матбуоти гуногунандеш он матбуотест, ки аз ҳама гуна ҳуқуқи зери тасарруф мондан озод буда, миқдори ҳарчи бештари рӯзномаҳо, ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо ва нашрияҳои даврӣ андешаи фарогири ҷомеаро инъикос менамоянд».
Пас, Рӯзи байналмилалии матбуоти озод номгузорӣ шудани 3 май бо ҳадафи он аст, ки ҳукуматҳои кишварҳои ҷаҳон ба мустақилияти матбуот, ба гуногунандешӣ дар ВАО, ки аз меъёрҳои бунёдии ҷомеаҳои демократӣ ва ё хостори демократӣ ба ҳисоб мераванд, арҷ гузоранд, барои таҳким бахшидан ба озодии матбуот талош намоянд.

- Хуб, ба фикри Шумо, ҳукумат барои арҷгузорӣ ва талош барои озодии матбуот қабл аз ҳама бояд ба чӣ иқдом даст занад?
- Ҳукумат пеш аз ҳама, ба ҳайси рукни иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, бояд қонунҳои қабулнамудаи давлатро иҷро кунад, яъне барои татбиқи қонунҳо шароитҳои мусоидро фароҳам оварад. Барои мисол, татбиқи муқаррароти моддаи 5-и Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» - «Дастгирии давлатии воситаҳои ахбори омма»-ро, ки дастгирии давлатии ВАО ба таври маблағгузории мақсаднок, кӯмаки молиявӣ ва дигар намудҳои дастгирии давлатиро пешбинӣ намудааст, таъмин намояд.

- Боз чӣ?
- Ба фикрам, журналистон ва кормандони ВАО аз ҳукумат илова ба талаботи қонунгузорӣ, дигар имтиёзе дархост надоранд. Вогузории иттилооти барои аҳли ҷомеа зарур, монеъ нашудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист ва риояву таъмини дигар ҳуқуқҳои қонунии кормандони ВАО – ҳамин аст талаб, дархост ва хоҳиши журналистон аз ҳукумат.

- Тасаввур кардем, ки чунин ҳам бошад, ҳукумат бар ивази ин аз журналистон чӣ бояд бигирад?
- Албатта, таърифу тавсифи беҷо не, балки ҳамдастӣ бо ҳукумат дар ҳалли масъалаҳои мубрами кишвару ҷомеа. Ҳамдастии ВАО бо ҳукумат тавассути матолиби танқидию таҳлилӣ, интишори фикру мулоҳизот, дархосту пешниҳоди мардум перомуни ҳамагуна воқеаву ҳодиса, камбуду норасоиҳо, рӯйдоду равандҳои ҷорӣ ҷараён мегирад. Чунки таъиноту рисолати журналистика ва як воситаи он – ВАО-и озод дар кишвари демократӣ ҳамин гуна аст.

- Манзараи аҷиб пеши назар меояд. Ҳукумат барои ВАО тамоми шароитро фароҳам оварад, ки борони танқиди журналистон ба сараш биборад?
- Барои ҳамин ВАО-ро рамзан «ҳокимияти чаҳорум» гуфтаанд, ки бар фаъолияти се рукни ҳокимияти давлатӣ, ки ҳукумат яке аз онҳост, «нозир» бошад. Танқид, ки бо ҳадафи мусоидат ба ислоҳи камбудӣ, норасоиҳои фаъолияи мақомоти иҷроия аст, магар ҳамдастӣ нест? Дар куҷое хонда будам, ки собиқ Кантслер (Сарвазири) Олмон Ҳелмут Ҳолл дар шуморае аз маҷаллаи маъруфи «Шпигель» расми танзомези (карикатураи) худро набинад, хавотир мешудааст. Мазмун, ҳукумат тӯли ин рӯзҳо иқдому амали муассире надоштааст, ки боиси акси садои мардум, мавриди таваҷҷуҳи журналистон қарор гирифта бошад, агар чунин аст, ин ба бепарвоию танбалии мансабдорони ҳукумат мебарад.
Албатта, ВАО аз рӯйи таъиноташ вазифаҳои дигаре ҳам ба мисли тарғиби фарҳангу маърифатбахшии шаҳрвандон, реклому маълумотдиҳӣ, фароғатию созмондиҳӣ ва мусоидат ба иртиботи мунтазами мардум бо ҳукуматро низ дорад, вале «нозирӣ» ба фаъолияти ниҳодҳои ҳукуматию иҷтимоӣ ҳамоно аз вазифаҳои аслӣ ҳастанд.
- Агар чунин бошад, чаро сару садоҳо аз таъмин набудани озодии сухан зиёд ба гӯш мерасад?
- Аз як тараф, истеъмолгарони иттилоот ҳамеша аз камфаъолиятӣ ва камтаъсирии ВАО шикоят доранд, чун матолиби чопию барномаҳои танқидиро бештар мутолиа кардану шунидану дидан мехоҳанд, ки ҳаққи онҳост, аз тарафи дигар, мутаассифона, муҳити кунунии иттилоотии хабарсози ҷомеа барои журналистон то ҳамин ҳад имкони фошгӯйиву мунаққидӣ медиҳад.

- Дар пайи ин, гуфтаи дигаратон аз даврони донишҷӯйиамон, таъбири Маҳатма Гандӣ дар бораи назорат ба фаъолияти журналистон низ ба ёдам мерасад… 
- Аввал, назорат ба фаъолияти журналистонро касе рад накардааст, ба шарте ки чунин назорат тавассути қонун бошад, на дахолати ғайриқонунӣ ва ё назорати «телефонӣ». Дигар, арбоби давлатии Ҳинд Маҳатма Гандӣ нерӯи газетаро ба селоби пуртуғён ташбеҳ дода, зарурати худназоратии фаъолияти журналистонро таъкид намуда, гуфтааст, ки «агар назорат аз берун бошад, он аз набудани назорат дида, харобиовартар аст. Назорате манфиатовар хоҳад буд, ки аз дохил бархезад».

- Яъне, худназоратии ВАО аз назорати давлатӣ ва ё мақоми расмӣ беҳтару афзалиятнок аст?
- Такроран гуфтанӣ ҳастам, ки давлат вазифадор аст фаъолияти ВАО-ро чун як ниҳоди иҷтимоии ҷомеа, низ ба танзим дарорад ва тавассути қонунҳои адолатнок назорат намояд, вале ин ҷо сухан аз худназоратӣ, аниқтараш аз худтанзимкунии ВАО – усули фаъолияти журналистӣ, ки консепсияи озодии масъулиятноки матбуот тақозо дорад, меравад.

- Усули худтанзимкунии ВАО фармудаи ҳукумат аст ва ё дар қиболи танзиму назорати ҳукумат бо хосту ибтикори худи журналистон ба миён омада?
- Таърихан ин усул нимаҳои асри гузашта аз ҳушдори калисои амрикоӣ ба журналистони «матбуоти зард» бо маънои зарурати худназоратӣ ба фаъолияти хеш, эҳсоси масъулияти иҷтимоӣ, дар ҳолати акс имкони «ҷорӣ шудани назорати сахти ҳукумат тавассути сензура» рӯйи кор омадааст. Ҷомеаи журналистӣ бо дарки ҷиддияти масъала, ки «худназоратӣ беҳ аз назорати иҷборӣ», бо ибтикори худ меъёрҳои ахлоқи касбиро ба ҳайси василаҳои усули худтанзимкунӣ таҳия намуда, риояи онҳоро ба дӯш гирифтанд. Риояи усули худтанзимкунӣ имкон дод, ки беҳудагӯйиву сахтгӯйиҳои ВАО пешгирӣ шуда, «боодобии» журналистон ҳукуматҳоро ба қабули қонунҳои сахти маҳдудкунандаи озодии сухан водор насозад. Дарвоқеъ, ҷомеаи журналистони кишварамон низ ба дунболи омӯзиши таҷрибаи ҳамкасбони хориҷӣ, бо таҳияи меъёрҳои одоби касбӣ, санади худтанзимкуниеро бо номи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» қабул намуда, ба хотири тадбиқи меъёрҳои одоби касбӣ созмони ҷамъиятии Шӯрои ВАО-и ҶТ-ро таъсис додаанд, ки соли ҳаштум амал мекунад.

- Шумо, ки муддате роҳбарии Шӯрои ВАО – и ҷумҳуриро ба дӯш доштед ва имрӯз низ узви Раёсати ин созмон ҳастед, оё таъсири риояи меъёрҳои ахлоқи касбиро дар фаъолияти журналистон эҳсос менамоед?
- Бале. Дар ин муддати начандон тулонӣ бо часпу талошҳои Шӯрои ВАО аксари ҳамкасбони мо ба дарки моҳияти усули худтанзимкунӣ ва зарурати риояи меъёрҳои ахлоқи касбӣ расиданд. Раванди худтанзимкунии ВАО раванди истеҳсолӣ нест, ки натиҷаҳои корро бо рақамҳо ифода созӣ, балки манзараи умумии тағйирёбии муносибати эътимодноки истеъмолгарони иттилоот ба ВАО, коҳиш ёфтани арзу шикоятҳо аз матолиби пастсифат ва гоҳо тундравиҳои матбуоти даврӣ, ки боиси ранҷиш ва ё таҳқирдидагии шаҳрвандон гардида, ба судкашиҳои муаллифон ва идораҳои ВАО боис мегардид, ҳамон таъсири мусбати риояи меъёрҳои ахлоқи касбӣ буда метавонад. Яъне, фаъолияти Шӯрои ВАО низ, бо вуҷуди мушкилиҳои молию моддии созмон, дар ин росто ба ҳадафи худ – мусоидат ба рушди журналистикаи хушсифат, пешгирии қазияҳои эҳтимолии судӣ миёни даъвогарону ВАО мувофиқ ҷараён дорад.

- Оё риояи бемайлони меъёрҳои ахлоқи касбӣ, ки тақозо доред, бо афзудани эҳсоси эҳтиёткорию худназораткунӣ журналистонро ба бунбасти худсонсурӣ намебарад?
- Не, баръакс, эҳсоси масъулиятро дар назди қонун, дар назди аҳли ҷомеа баланд мебардорад. Агар аз боби афзоиши худсонсурӣ андешед, мутмаъин бошед, ки дар ҳолати кунунии ҳокимии худсонсурии муассисону муҳаррирон, ҳатто ба сензураи расмӣ ҳоҷат нест.

- Ташаккури зиёд, устоди азиз!
- Саломат ва зинда бошед, шогирд.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
Приветствую) Делюсь с вами информацией кризис ни при чем — любую работу можно получить, следуя простым правилам карта петрол плюс заправки сегодня практически все развитые страны переживают “мировой финансовый кризис”. Но, несмотря на это, многие успешные компании продолжают процветать и развиваться, соответственно, расширяя штат своих сотрудников.
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter