• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Шукурҷон Зуҳуров: “Тамоми саъю кушиши ман барои миллат аст”

Бо баҳонаи таҳният дар зодрӯз. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров 64-сола шуд.


Муҳамадато Султонов
махсус барои "ИмрӯзNews"

Аз Луқмони Ҳаким то ба имрӯз зиёда аз чорсад ҳазор панду насиҳат барои мо мерос мондааст. Ин донишманди бузург пеш аз маргаш ба писараш хитоб карда мегӯяд, то он ки ман дар гӯр ором хобам, басанда аст писарҷон, ки аз ин миқдор панду насиҳатҳои ман дутоашро дар ёд дошта бошӣ. Писар гуфт, ин ду панди ҳакимонаи Шумо кадомҳоянд падар?
Луқмони Ҳаким гуфт:
- Яке он аст, ки некие, ки ба мардумон мекунӣ, худи ҳамон лаҳза фаромӯш соз, дуюмаш он аст, ки бадие, ки одамон ба ту мекунанд, инро ҳам худи ҳамон лаҳза фаромӯш намо. Танҳо баъди ин дили ту мисли оби дарё соф, мисли чароғ равшан мемонад.
Қаҳрамони мо - Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз зумраи ана ҳамин гуна ҷавонмардонест, ки дили ҳамеша соф чун оина ва нуре дорад аз нури маърифат, ки доимо ба дигарон рӯшноияш мерасад.
Аслан, мо дар зиндагӣ одат кардаем, ки то инсон намурад, ӯро бузург намеҳисобем. Бисёр вақт вақти ҷаноза аз рӯи варақ мехонем, ки ин инсон ин гуна буду он гуна буд, бузург буд. Инсони комилу бузургро мо бояд дар зиндагияш пос дорем ва ба қадраш дар зиндагӣ расем.
Шукурҷон Зуҳуров ҳамаро бо меҳнати ҳалол ёфтааст. Бо меҳнати ҳалол аз заминсози оддӣ то ба мартабаи Раиси Маҷлиси намояндагон расидааст. Ин шарафи бузург на ба ҳама муяссар мешавад. Худованди мутаъол ба Шукурҷон Зуҳуров ҳамаро додааст. Оилаи хуби намунавӣ, писарони бомаърифат, дӯстони неку хайрхоҳ, обрӯ.
Аз ҳама муҳимаш Шукурҷон Зуҳуров дар кори ҳамарӯза ба дониш, таҷрибаи корӣ ва давлатдорӣ, инчунин ба меҳнати софдилонаи вакилони Маҷлиси намояндагон такя мекунад ва умед мебандад. Худаш меҳнати зиёд мекунад, аз ҳамкасбон низ серталаб аст. Шукурҷон Зуҳуров баръало дарк менамояд, ки танҳо қонунҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ солим ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ воло метавонанд ҷомеаи моро пеш баранд, ба давлату давлатдории тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ обрӯ ва эътибори боз ҳам бештар бахшанд.
Имрӯз Шукурҷон Зуҳуровро дар олами парлумонсарои дунё ба расмият эътироф мекунанд. Ӯ имрӯз бо раисони парлумонҳои Федератсияи Русия, Аврупою Қатар, Қувейту Саудӣ, Қазоқистону Покистон, Индонезияю Эрон баробар гап мезанад ва манфиатҳои миллии моро дар арсаи байналмилалӣ ҳимоят мекунад.
“Шукурҷон Зуҳуров сиёсатмадори барҷаста ва хеле камолёфтаи даврони муосири мо аст. Шукурҷон Зуҳуров сазовори иззату эҳтиром ва маҳбубияти хоси ҳамкасбонаш дар Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар муҳлати хеле кутоҳ ва бо суръати хеле тез сазовор гардидааст. Ин саодат на ба ҳама раисони парлумонҳои ҷаҳон муяссар мегардад”,-гуфта буд дар вақташ собиқ Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Сергей Наришкин.
“Шукурҷон Зуҳуров шахсияти донову тавонову ва биною шунавост. Суҳбатҳои хушу самимонаи ӯ ба ман хеле писанд аст. Ин хислати накӯ танҳо хосси олимону донишмандону надимон аст”,- гуфтааст Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доктор Абуллоҳ ибни Муҳаммад аш – Шайх.

Боиси ифтихори парлумони касбӣ аст, ки Шукурҷон Зуҳуровро дар ин мақоми олии қонунбарор ҳама вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули дастгоҳи Маҷлиси намояндагон самимона дӯст медоранд ва эҳтиромашонро ба ҷо меоваранд.
- Бароям камоли ифтихор аст, ки дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш ходими намоёни сиёсиву ҷамъиятӣ, инсони шарифу накӯсиришт, роҳбари оқилу дурандеш Шукурҷон Зуҳуровро ба рӯзи зодрӯзашон самимона табрику шодбош мегӯям, - мегуяд Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода.
Аз он мефахрам, ки давоми чанд соли охир паҳлӯи чунин роҳбари соҳибтаҷрибаву матинирода, хоксору таҳаммулпазир, фурӯтану меҳанпараст дар яке аз шохаҳои муҳиму мустақили ҳокимияти давлатӣ – Парламенти кишвар собитқадамона фаъолият карда, ба нафъи пешрафти Ватани маҳбубамон корҳои неку шоистаеро анҷом дода истодаем.
Мавриди зикри хос аст, ки фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров сатҳу сифати навро касб намуда, дар ин миён садҳо қонунҳое қабул шудаанд, ки барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, таъмини ваҳдати миллӣ, зиндагонии арзанда ва пурнишоти сокинони кишвар ва боло бурдани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат карда истодаанд. Дар ин давра метавон бо ифтихор қабули як қатор қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷиикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” ва ҳамзамон пешниҳоди лоиҳаи тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи кишвар аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд.
Боиси шодмонист, ки маҳз бо туфайли меҳнати ҳалол, саъю талош, азму иродаи қавӣ, заҳматҳои ҳамешагӣ, дарки баланди масъулиятшиносӣ, ҳисси баланди миллӣ ва меҳанпарастӣ, иҷрои сарбаландонаи вазифаҳои хизматӣ Шукурҷон Зуҳуров сазовори иззату эҳтиром ва маҳбубияти хоси ҳамкасбон, ёру дӯстон, ҳамватанон, фарзандон, наздикону пайвандон гардидаанд. Аз ҳама муҳим он аст, ки Шукурҷон Зуҳуров давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун сиёсатмадори муваффақ ва шахси масъул аз сиёсати пешгирифтаи ҳадафмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба пуштибонӣ карда, зимни иҷрои тамоми вазифаҳои масъули давлатӣ садоқату самимияти худро ба Ватан, миллати тоҷик ва Роҳбари Давлат собит намудааст.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии устоди азиз Шукурҷон Зуҳуров бо дарназардошти вазъи кунунии пешрафти ҷомеа дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ба қабули қонунҳо ва тасдиқи як силсила шартномаҳои байналмилалие комёб гашт, ки саҳми онҳо дар ҷодаи ҳифзи Соҳибихтиёрии давлатӣ, таъмини реҷаи қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои қонунии ҷомеа ва давлат, густариши фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмини ҳадафҳои стратегии мамлакат, суботу оромии ҷомеа ва фазои ягонаи ҳуқуқии кишвар беназир аст.
Дар давоми умри бобаракати хеш Шукурҷон Зуҳуров барҳақ тавонистаанд, ки як мактаби бузурги тарбияи инсонҳои асил, меҳанпарасту хештаншинос, матиниродаву ростқавл, адолатпарасту ҳақиқатҷуй ва мутахассисони соҳибтаҷрибаву ватандӯстро асос гузошта, ба нафъи пешрафти Ватани маҳбубамон корҳои арзандаву шоистаеро анҷом бидиҳанд. Пеш аз ҳама, месазад, ки як қатор хислатҳои наҷиби роҳбарӣ, назири масъулиятшиносиву интизоми баланди корӣ, таҳаммулпазирӣ, мулоҳизакорӣ, дурандешӣ ва ҳисси баланди миллӣ доштани ӯро махсусан хотирнишон созем. Дар асл, кору аъмол ва фаъолияти бобарори ӯ шоистаи таҳсин аст.
Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам муҳтарам Шукурҷон Зуҳуровро ба ифтихори солгарди навбатии баҳори баҳори умрашон самимона табрик намуда, барояшон тансиҳатии бардавом, офияту иқболи баланд, бурдборӣ ва дар амри иҷрои масъулияти баланди давлатӣ ба нафъи пешрафти Ватани маҳбубамон комёбиҳоро орзумандам, - гуфт дар анҷом Эмомалӣ Насриддинзода.
Оре, Шукурҷон Зуҳуров ин самимияти вакилони мардумиро сазовор аст. Маҷлиси намояндагон мақоми олӣ ва муқаддас аст. Шукурҷон Зуҳуров тавонист симои ин мақоми олии қонунбарорро дар пеши назари аҳли ҷомеаи Тоҷикистон равшантар намояд. Мавсуф аслан ҳеҷ гоҳ аз душворӣ ва масъулият намеҳаросад. Аз ин рӯ, ба фаъолияти қонунгузории кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва санҷишу назорати онҳо аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
Дигар самти кори парлумони касбии мамлакат ин ҳамкорӣ бо ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Шукурҷон Зуҳуров тавонист ҳамкории хуберо бо ҳукумати ҷумҳурӣ ба роҳ монад. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамеша бо Парламент баҳри иҷрои қонунҳо ва дигар асноди қабулшуда мусоидат менамояд.
- Нахустин мулоқоти ман бо Шукурҷон Зуҳуров соли 1985 дар ноҳияи Данғара сурат гирифта буд. Он кас котиби комсомолии кумитаи марказии ҷумҳурӣ буданд ва ба Себистон барои дидани нақби Навобод омада буданд.
Каме дертар, солҳои 1988 мо бо Шукурҷон Зуҳуров дар ноҳияи Данғара, ки барои кӯчонда овардани мардуми Чорсадаи ноҳияи дурдасти куҳистони Комсомолобод, ки он вақт Шукурҷон Зуҳуров раиси комиҷроияи ноҳияи Комсомолобод буданд, мулоқот намудем,- мегуяд муовини якуми Раиси кумитаи рушди маҳаллӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Бег Хол.
Солҳои 1993-1995 бошад, ман Раиси Созмони ҷавонони вилояти Хатлон кор карда, бевосита ҳамроҳи Шукурҷон Зуҳуров дар барқарорсозии сохти конститутсионии ҳукумати кишвар фаъолона ширкат варзидаем. Каме баъдтар соли 1995 Шукурҷон Зуҳуров вазири ҳамонвақтаи меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштанд, банда муовини ин вазорат таъин гардида, барои баргардонидани гурезаҳо аз Давлати Исломии Афғонистон, барқарорнамудани манзилҳои зисти онҳо ва ба фаъолияти меҳнати ҷалб намудани онҳо мусоидат намудем.
Соли 2010 то соли 2015 ман вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардида, таҳти сарварии Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров фаъолият намудаам. Фикр мекунам дар мудати ин солҳо ман Шукурҷон Зуҳуровро хеле хуб омӯхтаам.
Шукурҷон Зуҳуров ҳамчун сиёсатмадор дар ҳама гирдобҳои зиндагӣ обу тоб ёфта, ҳамеша сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ менамояд.
Шукурҷон Зуҳуров ҳамчун инсон дар ниҳодаш ҳамеша бо мардум аст. Мавсуф бо дарки масъулияти баланд бо зердастонаш мулоқот мекард ва онҳоро то ба охир гӯш мекард. Дар ғаму шодӣ ва дастгирии мардум буд. Лаҳзаҳое буданд, ки одамҳо ба оянда боварӣ надоштанд. Ана дар ҳамин лаҳзаҳои душвор Шукурҷон Зуҳуров ба дили инсонҳо умед ва як гармие ба зиндагӣ мебахшид.
Тамоми вуҷуди Шукурҷон Зуҳуров барои дастгирӣ ва некуаҳволии мардум равона карда шудааст. Ин як шахсияти бисёр наҷибу таърихӣ аст. Ҳамеша таъкид мекарданд, ки мо бояд вобаста ба тараққиёт ва шароити ҳозира нигоҳ карда, кор кунем. Доимо таъкид мекарданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо бовар мекунад ва мо ин бовариро бояд ҳамеша сазовор бошем. Яъне мо бояд зиндагии арзандаеро ба мардумамон таъмин намоем.
Шукурҷон Зуҳуровро ба ҳеҷ кас қиёс кардан лозим нест. Вай ҳамчун шахсият беназир аст. Беҳтарин хислати Шукурҷон Зуҳуров ин инсонро гӯш кардан аст. Дар лаҳзаҳои ҳасос метавонад боз Шуморо дубора гӯш кунад, баъд хулоса барорад. Дар суханронӣ низ бисёр таҳамулпазир аст.
Хусусияти дигари Шукурҷон Зуҳуров ин муомилаи хеле хуб ва самимӣ бо тобеон аст. Барои Шукурҷон Зуҳуров маҳал умуман вуҷуд надорад. Ӯ танҳо баҳри ободии миллат ҷаҳд менамояд. Вай тавонист имрӯз сатҳи мақоми олии қонунбарори кишварро баланд намояд. Кори гуруҳҳои дустии байнипарлумониро ҷоннок намуд. Ҳангоми таҳияи қонунҳо доимо таъкид менамуданд, ки мо бояд пеш аз ҳама шароити кунунии ҷумҳуриамонро ба инобат гирем ва доимо ҳушёр бошем.
Як хотироти хеле рангини мо дар бораи Шукурҷон Зуҳуров он аст, ки ҳангоми вакили мардумӣ буданам ҳамроҳи Шукурҷон Зуҳуров ба донишкадаи заминсозии шаҳри Маскав, онҷое, ки ӯ таҳсил кардааст, сафар намудем. Он чизе, ки мо дидем онро ба қалам тасвир намудан душвор аст. Мо гӯё дар олами дигар шудем. Тамоми устодони донишкадаи мазкур Шукурҷон Зуҳуровро самимона ба оғуш гирифта, ӯро кафкӯбон ба толор бурданд. Нисбат ба ӯ як муҳаббати хоса зоҳир менамуданд. Ҳамсабақонаш овони ҷавонии ӯро ба ёд оварда, он лаҳзаҳои бо Шукурҷон Зуҳуров бударо “лаҳзаҳои тиллоии овони ҷавонӣ” ёдоварӣ мекарданд. Маъмурияти донишгоҳи мазкур ӯро бо унвони фахрии “Доктори фахрии Донишгоҳ” қадрдонӣ намуданд. Ин барои мо, тоҷикон, як шарафи бузурге буд, ки мо чунин ҷавонмардони миллатро дорем. Тасавур кунед, вақте, ки як сиёсатмадори тоҷикро миллати дигар ин қадар меҳрубонию қадрдони мекунад, пас чаро мо дар зиндагияш ба қадри ин ҷавонмард нарасем? Шукурҷон Зуҳуров, фикр мекунам, барои миллати тоҷик хеле азиз ва меҳрубон аст.
Дар мудати зиёда аз сӣ соле ки ман ӯро мешиносам, ба фикри ман, новобаста аз мақоми баландаш дар ҷамъият муносибати ӯ ба одамон, зердастон, дӯстон бе тағйир мондааст. Мо бояд аз ӯ фарҳанги баланди суханварӣ, одоби муошират, таҳамулпазирӣ ва садоқат ба дӯстию бародариро омӯзем. Ман ва фарзандони миллат, ки бо Шукурҷон Зуҳуров кор кардаанд, ҳамеша аз ӯ ифтихор дорем, -гуфт дар анҷоми мулоқот Қурбонзода Бег Хол.
Шукурҷон Зуҳуров аз ҷумлаи ҳамсафони содиқу собитқадами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, ки аз соли 2010 мансаби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма доранд. Шахси дар кӯраи зиндагӣ обутобёфта, дар тамоми кору вазифаҳои масъулу баландпоя таҷрибаандӯхта, заркору гавҳаршинос, инсони заминию самимианд.
Зуҳуров Шукурҷон 1 марти соли 2015 аз ҳавзаи интихоботии Рашт №12 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ва 17 марти соли 2015 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.
Ин марди шариф, ки маҳбуби дилҳои ҳамаи Тоҷикистониён аст, имрӯз, 16 апрел, мавлуд дорад. Биёед аз номи хонандагони рӯзномаи “ИмрӯзNews” ва тамоми мардуми кишварамон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуровро табрику муборакбод намуда, ба ӯ саломативу тансиҳатӣ шукуфоию бурдборӣ орзу намоем.


(Аксҳои муаллиф)шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
Ман хам ба табрикоти Мухамадато Султанов хамрох шуда барои Шукурчон Зухуров саломати умри дароз комьебиву бурдборихо орзумандам.
Шукурчон Зухуров дар хакикат марди бузург астанд. Зодрузашон фархунда бод....
Спасибо автору за интересныцй текст ----- лечение геморрой
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter