• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Амрико аз дӯстонаш хост, фишорро ба зидди Русия сахттар кунанд

Сара Сандерс, сухангӯи Кохи сафед гуфтааст, Амрико аз тамоми ҳампаймонон ва кишварҳои дигар даъват мекунад, ки сиёсати худро дар муносибат бо Русия сахттар кунанд ва то замоне ки ин собиқ абарқудрат дар арсаи ҷаҳонӣ “бозигари хуб нашавад”, даст аз фишори он набардоранд.
Вай дар суҳбат бо радиои “Садои Амрико” ҳамчунин суханҳои президенти Амрико Доналд Трампро ёдовар шудааст, ки гуфта буд, агар Москва муносибатҳои худро хуб кунад, ба нафъи ҳама хоҳад буд.
Бино ба гузориши Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, сухангӯи Кохи сафед дар посух ба дархости рӯзноманигорон изҳороти ахири мушовири амнияти миллии президенти ИМА Ҳерберт Макмастерро низ шарҳ додааст.
Макмастер Русияро барои “афзоиши ташаннуҷ дар тамоми ҷаҳон” интиқод карда, гуфт, Вашингтон натавонист коре бикунад, ки Москва подоши ҷуброннопазири амалҳояшро бигирад ва бинобар ин, ҳоло “худбоварии Кремл” аз ҳад зиёд шудааст.
Мушовири президенти ИМА вокуниши ахири маъмурияти Трамп ба амалҳои Русия, аз ҷумла бо пайравӣ аз Бритониё ихроҷ кардани дипломатҳои русро дар робита ба заҳролудшавии афсари собиқи ГРУ Сергей Скрипал ва духтараш Юлия тавсиф кард.
Ба гуфтаи ӯ, ихроҷи дипломатҳо ба пешгирӣ аз дахолати Русия дар сиёсатҳои Амрико мусоидат карда, имкониятҳои Москваро барои паҳни иттилооти дурӯғ ва мудохила дар интихоботҳо кам мекунад.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter