• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Тошканд "не" гуфт. Русия бо Ӯзбекистон ҳам “ҷанги ҳавоӣ” эълон мекунад?

Дар ҳоле ки Русияву Тоҷикистон машғули баҳси муайянсозии парвозҳо ҳастанд, ин мушкил метавонад дар байни Русия бо Ӯзбекистон ҳам ба вуҷуд ояд. Мақомоти авиатсионии Русияву Ӯзбекистон низ вобаста ба афзоиши теъдоди парвозҳо ва озодгузории сиёсати авиатсионӣ ба мувофиқа нарасидаанд.
Аз протоколи музокироти ахири мақомоти авиатсионии ин ду кишвар, ки сомонаи “Росавиатсия” нашр кард, ҳамин хулоса бармеояд.
Тибқи маълумоти ҷониби Русия, аз соли 2014 ба ин тараф теъдоди парвозҳо байни ин ду кишвар тақрибан ду маротиба коҳиш ёфт. Айни замон, бо далели ояндадор будани парвоз дар самти Ӯзбекистон, якчанд ширкати ҳавопаймоии Русия изҳори омодагӣ кардаанд, ки хатҳои нави парвозро роҳандозӣ кунанд. Аммо аз Ӯзбекистон танҳо ягона ширкати миллии ҳавопаймоӣ – “Ӯзбекистон ҳаво йуллари”, ҳамзамон ягона ширкати ҳавопаймоӣ дар ин кишвар метавонад ба Русия парвоз анҷом диҳад. Ин ширкат наметавонад дар асоси принсипи “паритет” теъдоди муайяншудаи парвозро ба шаҳрҳои Русия анҷом диҳад, аммо мақомоти ӯзбек пешниҳоди Маскавро дар ин самт ҳам қабул накардаанд.
Дар ин музокирот, ки рӯзҳои 28 феврал – 1 март дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, ҳамчунин “Росавиатсия” талош кардааст, ки масъалаи эътирофи фурудгоҳи “Жуковский” – ҳамчун фурудгоҳи берун аз пойтахти Русияро ҳал кунад. Аммо ҷониби Тошканд ба мавқеъи қаблияш, ки ин фурудгоҳ мақоми пойтахтӣ дорад, пофишорӣ кардааст.
Сабаби асосии баҳси ҳавоӣ байни Душанбеву Маскав ҳам эътироф накардани ҳамин мақоми фурудгоҳи “Жуковский” аз ҷониби Тоҷикистон аст. Мақомоти тоҷик ба принсипи “паритет” ишора карда, бо дарназардошти манфиати ширкатҳои тоҷикистонӣ ба парвози ширкати “Уралские авиалинии”-и Русия иҷозат намедиҳанд.
Ба сурати умум, ба фарқ аз баҳси байни Душанбеву Маскав, Ӯзбекистон дар музокирот бо Русия тавонистааст, ки дар мавқеъяш пойдор монад. На танҳо бо тақозои мақомоти ӯзбек музокирот дар Тошканд баргузор гардид, балки бархилофи чандин талаботи Русия ба ҳеч банде аз Созишномаи байни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз 2 марти соли 1994, тағйирот ворид карда нашуд.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter