• 11:15 – Таҳлилгар: ҲНИ ба амалиёти бузурги зиддимиллӣ омодагӣ мегирад 
  • 11:36 – ЧАРО ХУДОРО БО АРАБӢ ШИНОСЕМ? Мо араб нестем, даъват ба намоз ва дигар қироатҳо бояд бо тоҷикӣ садо диҳанд... 
  • 20:28 – Мирасрор АҲРОРОВ: Воқеияти ТАЛКО-ро дидам. Ӯзбекистон аз харидорони асосии алюмини тоҷик мешавад 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 12:56 – Туркия ва мактабҳои машкуки “Маориф” 
  • 21:16 – Трансфери сол: Криштиану Роналду ба “Ювентус” гузашт 
  • 12:49 – Аз Душанбе то Помир бо “Тселл” (36 акс) 

Ӯзбекистон муҳлати зисти бидуни қайди шаҳрвандони Тоҷикистонро дароз карданист

Бино ба маълумоти Владимир Норов, директори Институти таҳқиқоти стратегӣ ва фароминтақавии назди президенти Ӯзбекистон, эҳтимол муҳлати истиқомати муваққатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави он кишвар то як ҳафта дароз карда шавад.
Ба гуфтаи вай, президент Шавкат Мирзиёев ба масъулони сиёсати хориҷӣ дастур додааст, ки вобаста ба зиёд намудани муҳлати будубоши муваққатии шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбекистон чораҷӯӣ кунанд.
“Дастур шудааст, ки масъалаи зиёд кардани муҳлати будубоши бидуни иҷозатномаи истиқомати шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбекистон баррасӣ шуда, ба президент пешниҳод шавад”,-гуфтааст Норов.
Айни замон шаҳрвандони Тоҷикистон то се рӯз чунин имконият доранд.
Рӯзи 19 март Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии парламенти Тоҷикистон, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандонро тасдиқ кард. Тибқи ин созишнома, шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонанд бидуни раводид то як моҳ дар қаламрави кишвари ҳамсоя боқӣ монанд, аммо агар муҳлати истиқомат аз се шабонарӯз зиёд бошад, бояд ба қайд гирифта шаванд.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter