• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

“Қаланфур барои Кремл”

Ба ғайр аз Англия, ҳамчунин 22 давлати дигари аврупоӣ ва Канадаву ИМА дипломатҳои Русияро хориҷ мекунанд. Дар маҷмӯъ, 147 дипломати Русия бояд Амрикову Аврупоро дар зудтарин фурсат тарк кунанд.
Ин тасмим дар идомаи ҳамраъйӣ ба Англия гирифта шудааст. Қаблан Англия вобаста ба қазияи заҳролудшавии Сергей ва Юлия Скрипал 23 дипломати Русияро хориҷ карда буд.Аз ҷумла, президенти Амрико Доналд Трамп амр додааст, ки 60 нафар дипломатҳову кормандони СММ ҳамчун “афсарони бахши иктишофӣ” аз ИМА ихроҷ карда шуда, ҳамзамон, консулгарии Русия дар Сиэттл баста шавад.
Феҳристи пурраи кишварҳое, ки вобаста ба ин қазия нисбат ба Русия чора дидаанд, ба тариқи зайл аст:
Англия - 23 дипломатро хориҷ мекунад, ИМА 48 дипломат ва 12 корманди СММ, Украина - 13 дипломат, Фаронса - 4, Полша – 4, Олмон – 4, Канада - 4 корманди сафорат ва консулгарии генералӣ, Литва - 3 дипломат, аз ҷумла ду атташеи ҳарбӣ, Чехия - 3 дипломат, Дания – 2, Италия – 2, Ҳолланд – 2, Албания – 2, Испания -1, Эстония – атташеи ҳарбӣ, Латвия – 1 дипломат ва як корманди “Аэрофлот”, Финландия – 1 дипломат, Руминия – 1, Хорватия – 1, Шветсия – 1, Венгрия – 1, Норвегия – 1, Македония – 1 дипломатро хориҷ мекунанд.
Исландия бошад, муваққатан мунсибатҳои дипломатӣ бо Русияро қатъ мекунад.
Ҳамзамон ба ин, роҳбарони ин кишварҳо эълон карданд, ки дар Ҷоми Ҷаҳон - 2018 иштирок намекунанд ва ё намояндаҳои худро намефиристанд.
Бархе таҳлилгарон ин тасмими кишварҳои аврупоӣ ва Амрикову Канадаро “қаланфур барои Кремл” номидаанд.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter