• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

“Як иқтибосеро агар дуздида бошем, ин савоб аст”. Диссердиверсия - шакли нави ҷанги иттилотӣ алайҳи Тоҷикистон

Дар адабиёти антиқаи Юнони қадим файласуфон барои ҳар як афоризм ва гуфтор бо ҳам ҷангу ҷидол доштанд. Ҳатто файласуфе бо номи Орте барои як афоризми худ аз Юнон то Генуя сафар карда буд.

Асардуздӣ - чун ҷиноят, дар қарни 19, дар давраи авҷи инкишофи адабиёти рус, маъмул гардид.
Дар замони “дарҳои баста”-и Иттиҳоди Шӯравӣ ба таври васеъ олимон аз осори илмии Ғарб истифода мекарданд. Ҳатто дар бисёр пажуҳишҳои илмӣ нохунак чун аломати иқтибоси моли дигар партофта мешуд. Аврупоиён, дар асл, садҳо идея ва осори пурқимати шӯравиро ба яғмо мебурданд.
Мо дар мавриди классикони бузургонамон даъво надорем. Вагарна, чаро “Дессернет” олими маъруфи англис Уилям Гершелро, ки соли 1877 пажуҳиши олимони тоҷик Абуалӣ ибни Сино ва Абурайҳони Беруниро дуздида буд, расонаӣ намекунад? Ин олим хутутҳои полори панҷа ва кафи инсонро, ки Сино дар “Қонуни тибб” кашф карда буд, дуздидаст. Ва имрӯз ин тадқиқот дар илми криминалистика бо ному усули Гершел машҳур аст.
Ташкилоти ғайридавлатии ғаразноки “Диссернет” аслан дар заминаи қасосгирии як зумра олимони рус ва яҳудитабори Русия пайдо шуд. Дар Аврупо ба он касе аҳамият намедиҳад.
Дар як қатор кишварҳои Аврупо 22 ташкилот дар ин самт фаъол ҳастанд. Онҳо воқеан, барои қиёс ва санҷиш ё худ экспертизаи илмӣ корҳои шоёне анҷом медиҳанд, вале “Дисернет” имрӯз дастаки неруҳое гардидааст, ки мехоҳанд обрӯ ва эътибори ходимони илм, ҳунар ва адабиёти тоҷикро сиёҳ кунанд, бахусус, онҳоеро, ки ба ҳукумат наздиканд. Барои ин ҳам “Диссернет” ба одамони қаторӣ кор надорад. Онҳо ходимони намоёне, мисли Давлаталӣ Саид-муовини сарвазир, Давлатшо Гулмамадзода - раиси вилояти Хатлон, Нуриддин Саид - вазири маориф ва илм, Асадулло Раҳмон – ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аслӣ Назаров - собиқ сардори ширкати “Барқи тоҷик”-ро ҳадафи қасос қарор доданд. Албатта, ин ранги “Диссернет” барои сиёҳ кардан хира аст.
Ман ба фарзияи “ғарази инфиродӣ” далел дорам, аммо намехоҳам баҳсро доманадор намоям. Аксари олимон ва одамоне, ки ин олимонро мешиносанд, фармоишгарро хуб медонанд. Танҳо ба одамоне, ки ба ин шубҳа доранд, роҳи осони ёфтани ҳақиқатро нишон медиҳам. Ҳамаи авторефератҳо ва рисолаҳо дар Академияи илмҳо ва бойгонии он маҳфузанд. Ҳар кас ҳам метавонад барои омӯзиш ва қиёс онҳоро мутолиа намояд. Дар ягон рисолаи илмии ин олимон пайхати “махфӣ” нест.
Ман, шахсан, бо рисолаҳои Асадулло Раҳмон ва пажуҳиши Аслӣ Назаров шинос ҳастам. Тадқиқоти Асадулло Раҳмон барои омӯзиши илми муноқишашиносӣ ва арзёбии давр хеле муфид аст. 

Дар илм ва адабиёт муродифияти андеша вуҷуд дорад. Ин, албатта, дар адабиёт бештар аст. Мисол, Устод Лоиқ мегӯяд:
"Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки гирён шавам".
Байрон мегӯяд:
"Снова хочу бить малышом".
Ё:
"Ишқи аввал - ғурраи сармозада" (Лоиқ)
"Ман аз ғурраи ишқи сармозада шиканҷа дорам" (Анн Филипп).
Дар илми ҷомеашиносӣ, ки аз амалияи зиндагӣ далел оварда мешавад, ҳодисаҳову воқеаҳо монанд мебошанд. Масалан, имрӯз сенарияи инқилобҳои ранга якхелаанд. Дар вақти қиёс ва хулосаҳои илмӣ ақидаҳо монанд мешаванд. Ва ин маънои онро надорад, ки олим қасдан андешаи дигарро ғасб кардааст.
Вақти иншои ин андешаҳо яке аз дӯстонам аз Эрон, ки ҳамин шабу рӯз рисолаашро дар Тоҷикистон ҳимоя кард, гуфт:
“Ғарбу Амрико замини мо, андешаи мо, кашфиёти моро ҳазор сол боз медузданд. Як иқтибосеро агар дуздида бошем, ин савоб аст”.


Наҷмиддини Шоҳинбод

P.S. Чаро маҳз Асадулло Раҳмон, Шералӣ Кабиров, Давлатшо Гулмамадзода, Нуриддин Саид... ҳадафи "Дессернет" қарор гирифтанд? Дертар бо далелҳои собитшуда инро хоҳам навишт, ки муассис ва фармоишгари "Дессернет" кадоме аз мансабдорони Русия аст ва ҳадаф аз бадномкунии ин олимони тоҷик чист...
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
Аз макола буи фармоиш меояд.Вале бояд гуфт.ки маводи хеле ҷолиб.Имрзнюс бояд чунин маколаҳоро чоп кунад.Аврупо мимллардх ёдгирихои таърихии мро низ дуздиданд.Тамои китобхои бузургони мо дар Лейпсиг,Лондон,Кембрич нигох дошта мешавад.Тиб,асторфизикаи моро дуздиа бон номи худ пахн карданд.
Як вактое А.Рахмонро дар китобхона дида будам. Он вакт холо китобхонаи нав набуд. Хайрон шудам ки вай хам китобхони мераду наход дар хонааш китоб набошад. Баъд коргарои китобхона гуфтан ки вай кори илми мекардасту барои хамин китобхона омада як дунё китоб заказ мекунад. Ачоиб ин буд ки вай баъди хама рафтан хам истода руйхати китобхои навро барои дафъаи оянда омаданаш дода мерафтаст. Нав акунун фахмидам ки мумкин хамун вакт кори номзадияшро менавишт.
Чаноби Шохинбод!ман хам ба донишва  талоши Асаsgsдуло Размон,Сали Назаров шубха надорам.Вале маро чизи дигар ба ташвиш овардаст.Агар холо пура ВАКИ тоыики шавад.дузди авч мегирад.Зеро ВАКИ тоыики барои Дисернет дастрас нест.Хкумат бояд чиновникхоро барои пажухиш щавас мманд накунад. Ё мансаб ё унвон.Нисфи академикхои мо мансаблор хастанд.
активация windows 7 ----- Напишу я вам следующее ----- http://officepodklyuch.ru ----- Слушайте хорошие песни ----- mts личный кабинет ----- Какое наслаждение писать тут хотя все равно никто это не читает ----- активация интрнет банка тинькофф ----- Точное описание )) ----- триколор тв личный кабинет
ленинградское шоссе 25 ----- Мне нравится этот сайт ----- бц олимпик плаза ----- Арендой недвижимости интересуешься? ----- бц московский шелк ----- Выживший! Вот это кино, шедевр ----- бизнес центр гранд сетунь плаза ----- Это не реклама, это рекомендация ----- бизнес центр красная роза москва ----- ничто не вечно, хотя многое хотелось бы оставить навсегда ----- бц централ сити тауэр ----- Некоторые вещи пробить весьма тяжело ----- кэпитал хаус бц ----- какую пургу ты тут пишешь! ----- скачать активатор виндовс 10 kmsauto ----- инфа тут ----- seven ----- Мы могла мы сделали ----- энерготрансбанк личный кабинет
Чудесная классификация всего этого ----- запись к врачу подмосковье
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter