• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

“Хлопушка”: аз вақтхушӣ то панҷараи зиндон

Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар нуҳ сол наздик ба 1,4 миллион дона маводи тарфгариро ошкор кардааст
Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти як ронандаи ширкати мусофиркашонии “Азиан Экспресс” бо гумони интиқоли маводи тарфгарӣ (“хлопушка”) хабар дод. Аз ин шаҳрванд Яқуб Бурҳонов, сокини кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанбе ном бурда шуда, вай рӯзи 21 декабр боздошт шудааст.
Бино ба маълумоти подполковники хадамоти гумрукӣ, сарнозири ШМБХГ-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Сатторов F., ҳангоми азназаргузаронии бордони автомашинаи гумонбаршаванда дар 1 қуттии картонӣ маводи тарфгарӣ бо номгӯйи “Мики Маус” ба миқдори 48 қуттича (дар дохилашон 21 600 дона), маводи тарфгарии навъи “Петарда Х041” ба миқдори 20 қуттича (дар дохилашон 200 дона), 18 қуттичаи картонӣ маводи тарфгарии навъи “Цай Ван Лей” (дар дохилашон 360 дона) ва маводи тарфгарии навъи “Салют” 1 қуттича (дар дохилаш 7 дона) ба миқдори умумии 22 167 дона дарёфт карда шуд.
Санҷиш муайян кардааст, ки ин миқдор маводи тарфгарӣ ба шаҳрванд Шарипов Наврӯз Бобоҷонович, сокини 27-солаи шаҳри Душанбе, хонандаи коллеҷи “Информатика”-и №33 тааллуқ дорад.
Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, дар ҳоли собит шудани гуноҳаш ба номбурда “ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз як то ду сол” таҳдид мекунад.
Ин танҳо як хабарест, ки рӯзи гузашта аз манобеъи Хадамоти гумруки Тоҷикистон дастраси “ИмрӯзNews” шуд. Аммо агар матбуоти Тоҷикистонро дар ду-се моҳи охир варақгардон кунем, даҳҳо ингуна маълумотро пайдо кардан мумкин аст, ки дар ниҳоят боиси даҳҳо ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ ё ҳабси шаҳрвандон шудаанд. Аз ҷумла, танҳо дар сомонаи Хадамоти гумрук наздик ба даҳ хабареро вохӯрдан мумкин аст, ки дар камтар аз як моҳи охир нашр шудаву аз боздошти афроди синну солашон гуногун бо ҷурми қочоқ ё интиқоли маводи тарфгарӣ дарак медиҳанд.
Айни замон Хадамоти гумруки Тоҷикистон яке аз муҳимтарин сохторҳое ба ҳисоб меравад, ки дар самти пешгирӣ аз қочоқ ва интиқоли маводи тарфгарӣ фаъолона мубориза мебарад. Дуруст аст, ки дар ин самт саҳми дигар сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилиии Тоҷикистон ҳам зиёд аст, аммо вазифаи касбӣ ва таъиноти соҳавии хизматӣ пешорӯи кормандони гумрук вазифаҳои ҷиддитарро гузоштааст. Зеро таври маълум, Тоҷикистон истеҳсолкунандаи маводи тарфгарӣ набуда, он асосан ба таври қочоқ аз ҷумҳурии ҳамсоя – Қирғизистон вориди кишвари мо мешавад.
 

Дар ҳоли ҳозир, ки ҷомеа ба таҷлили Соли нав омодагӣ мегирад ва маъмулан маводи тарфгарӣ барои ҳамин ид пешбинӣ шудааст, бахусус Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд пешорӯи мавҷи бузурги қонуншиканиҳо дар ин самт қарор доранд. Дар чунин ҳолат, бино ба маълумоти дастрасшуда, бархе аз кормандони минтақавии гумрук дар навоҳии наздисарҳадӣ чандин шабу рӯзро дар ҷойи кор ё минтақаи гумрукӣ сипарӣ мекунанд. Танҳо ба хотири ин ки нохалафе маводи тарфгарӣ қочоқ кардаву амнияту истироҳати сокинони кишварро халалдор насозад. Маҳз ҳамин азхудгузаштанҳо будааст, ки тақрибан ҳамаи амалиёти зиддитарфгарӣ муваффақона анҷом ёфтаанд.
Ҳамон тавре қаблан хабар додем, бархе рӯзҳо якчанд амалиёти гумрукӣ алайҳи қочоқчиёну интиқолдиҳандагони маводи тарфгарӣ гузаронида мешавад, ки ҳамагӣ муваффақона анҷом меёбанд. Аз ҷумла, охири ҳафтаи гузашта кормандони Шӯъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд якбора аз анҷоми ду амалиёти муваффақона дар як рӯз дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Fафуров хабар доданд, ки дар натиҷаи онҳо беш аз 15 ҳазор дона маводи тарфгарӣ ошкор ва мусодира шуд.
Дар маҷмӯъ, бино ба маълумоти Маркази матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар ҳамагӣ ду ҳафта кормандони ин ниҳод наздик ба даҳ амалиёти муваффақонаи зидди қочоқ ва интиқоли маводи тарфгарӣ гузаронида, беш аз 45 ҳазор дона “хлопушка”-ро ошкор ва мусодира кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, хабарнигори рӯзнома маълумотномаеро дастрас кард, ки тибқи он кормандони Хадамоти гумрук давоми солҳои 2009 – 2017 (то 21 декабр) дар маҷмӯъ, қочоқи 1 миллиону 35 ҳазору 952 дона маводи тарфгариро пешгирӣ кардаанд. Феҳристи мазкур чунин аст:
Соли 2009 - 115 200 дона
Соли 2010 - 319 744 дона
Соли 2011 - 38 691 дона
Соли 2012 - 203 700 дона
Соли 2013 - 94 536 дона
Соли 2014 - 41 536 дона
Соли 2015 - 89 205 дона
Соли 2016 - 53 626 дона
Аз моҳи июли соли 2017 - 79 714 дона
Ҳамзамон ба ин, даҳҳо нафар маҳз ба хотири вақтхушии лаҳзаинаи дигарону фоидагирии худ ба ҷавобгарӣ кашида шуда, даҳҳо ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд, ё чанд солеро пушти панҷара гузаронидаанд.
 Аз рӯйи маълумоти дастрасшуда, дар аксар маврид воридкунандагону қочоқчиёни маводи тарфгарӣ ба қаламрави Тоҷикистон ашхоси ба ном соҳибкор ҳастанд ва ин маводро танҳо ба хотири ба даст овардани фоида анҷом медиҳанд. Маълум аст, ки ин гуна афрод ҳеч дониши ҳуқуқӣ надоранд ва дар бораи оқибатҳои кирдорашон андеша намекунанд. Ҳол он ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 7-уми апрели соли 1997 “Оид ба манъи воридоти маҳсулоти тарфгарӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва моддаи 199 иловаи 1 (Муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон истеҳсол, харидуфурӯш ва нигаҳдории ин гуна мавод қатъан манъ буда, ҳамон тавре болотар зикр шуд, барои ин кирдор ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Аз рӯйи маълумоти дастрасшуда, бархе афроде ҳам будаанд, ки дубораву себора ба ин қонуншиканӣ даст задаанд. Таври маълум, тибқи қонунгузории ҷиноятии Тоҷикистон, такроран содир кардани ҷиноят ҷавобгариро ба маротиб зиёд мекунад.
Агар дар мисоли ҳамин ҷавони 27-сола Шарипов Наврӯз бубинем, мешавад гуфт, ки аллакай ӯ на танҳо ба обрӯву ҳайсияташ, балки ба буҷаи хонаводагӣ зарбаи ҷиддӣ зад. Вай барои харидорӣ ва қочоқи ин мавод ҳатман маблағи зиёд сарф кардааст. Бар замми ин, ҳоло масъалаи ҷавобгарӣ ва пардохти ҷарима дар пеш аст.
Маъмулан, дар аксар ҳолат ин гуна маводро наврасону ҷавонон харидорӣ кардаву онро ҳамчун воситаи лаҳзаина хушгузаронии вақти худ истифода мебаранд. Аммо истифодаи “хлопушка” оқибатҳои хеле нохуш ҳам доштааст. Дар гузашта хабарҳое ҳам буданд, ки маҳз аз истифодаи “хлопушка” ва садои таркиши он афроди дорои бемории дил беморияшон авҷ гирифтаву дучори сактаи дил шудаанд. Занеро ҳам мисол меоранд, ки ҳангоми таркиши “хлопушка” аз тарс худро ба дарё андохтаву қариб ба ҳолати марг расидааст. Дар ноҳияи дигар кӯдаке аз ин садои таркиш мубталои бемории тарсолудагӣ шуда, то ҳанӯз сиҳат нашудааст.
Ин гуна мисолҳо зиёд будаанд, аммо нафароне, ки ба ин “тиҷорат” даст мезананд, оё меандешида бошанд, ки ҳам ҷони худу ҳам ҷони дигаронро ба хатар мегузоранд, ҷомеаро ба ҳарос меоранд, амнияту истироҳати шаҳрвандонро халалдор месозанд?
Акнун тасаввур кунед, 1 миллиону 35 ҳазору 952 дона маводи тарфгарие, ки ҳангоми қочоқ ё интиқоли он ошкор ва мусодира мешуд, аз назари кормандони гумрук пинҳон мемонд, чӣ мешуд? Ё садҳо ҳазор ҳамин гуна “хлопушка”, ки аз сӯйи кормандони ВКД ошкор ва мусодира шуд, агар ба бозор ва дасти ҷавонону наврасон меафтид, чӣ оқибате метавонист дошта бошад?
Дар ҳар сурат, ба назар чунин мерасад, ки дар қонунгузории Тоҷикистон ҷавобгарӣ барои ин навъи “тиҷорат” – қочоқ ва ба соҳибияти каси дигар додани маводи тарфгарӣ, сабук аст. Барои чӣ нафаре бо ҳадафи ба даст овардани даҳҳо ҳазор сомонӣ фоида ҷинояту қонуншиканӣ кунад, фазои орому истироҳати шаҳрвандонро халалдор созад, амнияти ҷамъиятиро вайрон кунаду бо пардохти ҳамагӣ то 25 ҳазор сомонӣ ҷарима озод шавад?
Ба назарам, ҳамин банди қонунгузорӣ, ҷиҳати ба маротиб зиёд кардани маблағи ҷарима барои ин навъи ҷиноят, зарурат ба бозбинӣ дорад.шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
аренда офиса ленинградское шоссе ----- Просто привычка, ну ничего решится ----- тц олимпик плаза ----- Много интересных сайтов тут ----- бц московский шелк офисы ----- Ушли далеко вперед от этой темы ----- аренда гранд сетунь плаза ----- Это не реклама, это рекомендация ----- бизнес центр красная роза ----- пора обустроить тут всё ----- бц централ сити тауэр ----- этот как из той прекрасной песни ----- кэпитал хаус бизнес центр ----- дальше действовать будем мы! цой - тинькофф ----- http://aktivator-windows-10.ru/ ----- смотри как активировать винду ----- http://activator-windows-7.net/ ----- Банковская сфера ----- росевробанк личный кабинет
Главная структурная ----- единая запись к врачу
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter