• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Ҳиндустон дари сармояро барои Тоҷикистон боз мекунад.






 Ҳиндустон дар баробари таҳкими рушди тиҷорат бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин омода аст ҳамкориро бо бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монад. Ин нукта дар вохӯрии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо ҳайати «Эксим Бонк»-и Ҳиндустон таҳти роҳбарии директори генералӣ Равиндранат С.П. Менон иброз гардид.
Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ диққати иштирокчиёнро ба вазъи низоми бонкӣ, сохтори ташкилӣ, татбиқи ислоҳот дар соҳа, татбиқи сиёсати босамари пулию қарзӣ, аз ҷумла, гузариш аз ҳадафгирии монетарӣ ба ҳадафгирии таваррум, ба роҳ мондани амалиёти нав (своп), таъсиси кумитаи суботи молиявӣ, сатҳи меъёри фоизӣ барои қарзҳо ва амонатҳо, тартиби маблағгузорӣ ва хизматрасонӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ ҷалб намуд.
Равиндранат С.П. Менон изҳор дошт, ки «Эксим Бонк»-и Ҳиндустон ҳамкориро бо бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда, барои фароҳам овардани фазои хуби сармоягузорӣ ва дастгирии низоми бонкӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, Равиндранат С.П. Менон бонкҳои тиҷоратии ҶСП «Спитамен Бонк» ва ҶСК «Ориёнбонк»-ро барои ҳамкорӣ мавриди омӯзиш қарор дода, дар оянда барои маблағгузорӣ ба яке аз ин бонкҳо ҷиҳати дастгирии истеҳсолот, аз ҷумла, истеҳсолоти ватанӣ ва ширкатҳои Ҳиндустон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, изҳори таваҷҷуҳ намуд.
Маврид ба зикр аст, ки «Эксим Бонк»-и Ҳиндустон соли 1982 бо дастгирии Ҳукумати Ҳиндустон ташкил ёфта, аз замони ташкил то ба имрӯз дар самти рушди иқтисодиёт ва дастгирии тиҷорати хурду миёна, дар шакли воридоти таҷҳизоти техникӣ, тақвияти содироти маҳсулот, хизматрасонии логистикӣ ва сармоягузорӣ дар кишварҳои хориҷӣ фаъолият дорад. «Эксим Бонк» вобаста ба қарзҳои харидорӣ, бонкдории корпоративӣ, хатти қарзӣ, сармоягузории молиявии хориҷӣ ва маблағгузории лоиҳавӣ барномаҳои мушаххас пешниҳод менамояд.шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter