• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Дастаи Бонки миллӣ ғолиби Ҷоми «Раиси шаҳри Душанбе» гардид

Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми «Раиси шаҳри Душанбе», ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни дастаҳои вазорату идораҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳои пойтахт дар майдончаҳои хурди Майдони марказии ҷумҳуриявӣ аз 20 октябр то 16 ноябр идома дошт, анҷом ёфт.
Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур, дар қатори 48 дастаи футболбозони ғайрикасбӣ, дастаи футболи хурди Бонки миллии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуда, ба комёбии назаррас ноил гардид. Дар бозии финалӣ, ки 16 ноябр миёни дастаи футболи хурди Бонки миллии Тоҷикистон ва дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ҳисоб дар вақти асосӣ кушода нашуд ва баъдан бо силсилаи зарбаҳои шашметра дастаи Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳисоби 7:6 бар дастаи Вазорати корҳои дохилӣ ғолиб шуд. Ҳамин тариқ, шумораи ҷомҳои дастаи футболи хурди Бонки миллии Тоҷикистон афзун гашт.
 Дар қисмати ҷамъбастии сабқат, ғолибони мусобиқаро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Тоҷиддин Саидзода бо Ҷоми «Раиси шаҳри Душанбе», медалу диплом ва туҳфаҳои моливу пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардониданд.
Қобили зикр аст, ки унвони «Муҳофизатгари беҳтарин»-и мусобиқаро футболбози дастаи БМТ Акбар Муҳаммедов, «Дарвозабони беҳтарин»-ро Эраҷ Ҳурматов аз дастаи «Динамо»-и ВКД ҶТ, «Ниммуҳофизатгари беҳтарин»-ро Темур Исмоилов аз дастаи «Формула – 55», «Бозингари беҳтарин»-ро Тоҷиддин Саидзода аз дастаи МИҲД шаҳри Душанбе ва «Нишонзани беҳтарин»-ро Рамазон Раҳимзода аз дастаи «Динамо»-и ВКД ҶТ соҳиб гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми «Раиси шаҳри Душанбе» бори нахустин гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории сабқати мазкур амалӣ намудани Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ба воситаи футбол, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни кормандони вазорату идораҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳои шаҳри Душанбе ва муайян намудани футболбозони беҳтарин аз байни кормандони идораҳои мазкур мебошад.шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter