• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад…


Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза дар сомонаи расмии худ хабару гузоришҳоро доир ба ошкор ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, мубориза бар зидди қочоқ ва дигар ҷиноятҳо  дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, ки аз ҷониби шахсони гуногун рух медиҳанд, нашр менамояд. Баҳри бартараф намудани ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби шаҳрвандон ва пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ чанде аз ин хабарҳоро барои хонандагони сомона  пешниҳод менамоем.
Боздошти ашёи истифодашуда ва нав дар нақлиёти тамғаи «Даф»
 Ҳангоми амалӣ намудани назорати гумрукӣ дар дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон»-и гумруки Исфара шаҳрванд К.Ш. барои ворид намудани молҳои хоҷагии пеш мавриди истифода қарордошта тавассуги нақлиёти тамғаи «Даф» ба гумрук муроҷиат карданд.
Ҳангоми пурсиш маълум шуд, ки шаҳрванд К.Ш. аз мақомоти гумрук молҳои бо мақсади тиҷорат воридкардаашро дар зери молҳои қаблан истифодашуда пинҳон намуда, бо ин мақсад мехост ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ ворид намояд.
Тибқи хулосаи коршиносони соҳа арзиши умумии ин миқдор мол 305 ҳазору 885 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд К.Ш парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи шаҳри Исфара фиристонида шуд.
 Вориди ғайриқонунии сабзавот аз Қирғизистон
 Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар наздикии ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 95 00 СТ 02 РТ, ки таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.М. қарор дошт, барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.
Зимни муоинаи гумрукӣ дар дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур 8 ҳазор килограмм пиёз дарёфт гардид, ки моли мазкур ба худи ронанда шаҳрванд Ҳ.М. соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи шаҳри Исфара тааллуқ доштааст.
Ҳангоми пурсиш маълум гардид, ки шаҳрванд Ҳ.М. моли мазкурро бидуни назорати гумрукӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон- ҷамоати наздисарҳадии Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ворид кардааст.
Ошкор гардидани  моли ғайриқонунӣ дар анбори ҶДММ «Заводи равғанбарории Исфара»
     Аз тарафи кормандони Гумруки Исфараи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми гузаронидани амалиёт дар якчоягӣ бо кормандони прокуратураи шаҳри Исфара анбори ҶДММ «Заводи равғанбарории Исфара», воқеъ дар суроғаи шаҳри Исфара, кӯчаи Марказӣ 71, ки аз тарафи шаҳрванд Р.С. мавриди истифода қарор дорад, аз муоинаи гумрукӣ гузаронида шуд.
Зимни азназаргузаронӣ дар анбори мазкур молу маҳсулоти зерин: ҷевонҳои гуногунҳаҷм, кат барои кӯдакон, инчунин қисмҳои эҳтиётии асбобҳои сохтмонӣ муайян карда шуд, ки ин миқдор мол ба шаҳрванд Р.С. тааллуқ дошта, номбурда онро бидуни назорати гумрукӣ, ғайриқонунӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст.
Тибқи маълумотномаи ташхиси коршиносон, арзиши умумии молҳо дар маҷмӯъ 190 ҳазору 782 сомонию 30 дирамро ташкил медиҳад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter