• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

РБК: Намоиши байналмилалии коғазҳои қиматноки Тоҷикистон 31 август шурӯъ мешавад


Тоҷикистон нахустин нишастҳояш бо сармоягузорони Аврупо ва Амрикоро барои ба муомилоти байналмилалӣ баровардани коғазҳои қиматнок панҷшанбеи 31 август оғоз хоҳад кард. Дар ин бора пойгоҳи хабарии РБК хабар додааст. 

Ба иттилои манбаъ, намоиши коғазҳои қиматнок то 6 сентябр дар Сюрих, Лондон, Бостон ва Ню-Йорк баргузор мешавад. Масъули баргузории ин нишастҳо ширкатҳои Citi ва Raiffeisen Bank International гуфта мешаванд. 

РБК мегӯяд, Тоҷикистон дар марҳалаи аввал дар ҳаҷми 500 миллион доллар коғазҳои қиматнокро ба муҳлати 10 сол ба фурӯш мегузорад. Фурӯши коғазҳои қиматнок дар бозори байналмилалӣ нахустин таҷрибаи Тоҷикистон буда, Маҷлиси намояндагони кишвар лоиҳаи қарори ҳукуматро дар ин бора 21 июн ба тасвиб расонда буд. Ҷамшед Нурмуҳаммадиён, муовини вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, ҳадаф ва моҳияти қарори мазкур ҷалби маблағҳо барои сохтмони иншооти стратегии кишвар мебошад. Ба гуфтаи ӯ дар марҳилаи аввал пешниҳоди коғазҳои қиматнок ба маблағи 500 миллион доллар ва дар маҷмӯъ 1 миллиард доллари амрикоӣ дар назар аст. 

Шариф Раҳимзода, вакили парлумони Тоҷикистон ҳадафи пешниҳоди коғазҳои қиматнокро ба бозори байналмилалӣ ҷалби маблағҳо ба сохтмони “Роғун” унвон карда буд. Ба суоли Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, ки оё ин иқдом ягон “риск” дорад, Раҳимзода гуфт, бале ва “риск” дар афзоиши қарзҳои Тоҷикистон мебошад. Дар мавриди ҷанбаи мусбати иқдоми мазкур Раҳимзода гуфт, бо ҷалби маблағҳо истеҳсоли нерӯ зиёд мешавад ва имкони содироти он фароҳам мегардад. 

Нерӯгоҳи “Роғун” бо садди беш аз 300 метрӣ дар назар аст, ки калонтарин НБО дар минтақа шавад. 1 июли соли 2016 Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати “Салини Импреҷило С.п.А.” (Salini Impregilo SpA)-и Итолиё барои бунёди ин нерӯгоҳ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд. Маблағи умумии созишнома 3,9 миллиард доллар гуфта мешавад. Масъулини ширкат баъди имзои созишнома гуфтанд, аввалин чархаҳои нерӯгоҳ соли 2018 ба кор медароянд.шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter