• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

(САДО) Супориши раиси вилоят: Аз падару модарон барои таъмири мактаб ягон сомонӣ нагиред

Ахиран, се ниҳоди баландпояи вилояти Суғд эълон карданд, ки шурӯъ аз соли 2018 ба ҷамъоварии маблағ дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии шимоли кишвар барои таъмиру тармим хотима дода мешавад. 

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд дар як нишасти хабарӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, соли 2018 дар 8 шаҳру ноҳияи вилоят, бо шумули Хуҷанд, Панҷакент, Гулистон, Бӯстон, Истаравшан, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ ҷамъоварии маблағ барои таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ қатъ мегардад. Ӯ мегӯяд, дар шаҳру навоҳии номбаршуда мизони иҷроиши андоз бад нест ва барои таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ имкон доранд: "Иқдоме ки мо ба назди худ гузоштем, оҳиста-оҳиста даст кашидан аз ҷалби маблағҳои волидон барои таъмири мактабҳо мебошад. Афсӯс, ки ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳо пурра инро супориш дода наметавонем, чун бисёри шаҳру ноҳияҳои мо имконияти молиявӣ надоранд ва маблағгузории сарикасӣ дар мактабҳо амал мекунад. Барои ҳамин, дар машварати ҷамъбастӣ тавсия додем, ки шаҳру навоҳии Хуҷанд, Панҷакент, Айнӣ, Гулистон, Бўстон, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан дар навбати аввал, аз соли 2018 аз падару модар барои таъмири мактабҳо ягон сомонӣ ҷамъ накунанд". 



Раиси вилоят дар идома гуфт, қасд доранд, давоми 2-3 соли оянда ҷамъоварии маблағи таъмиру тармим дар тамоми шаҳру ноҳияҳои дигари Суғдро низ қатъ намоянд. Ҷаноби Қодирӣ афзуд, дар ин сурат бисёр камбудиҳои соҳаи маориф бартараф шуда, амалҳои коррупсионӣ ҳам аз байн меравад: "Умуман, забонкӯтоҳии худи муаллимон ва кормандони соҳаи маориф назди падару модар аз байн меравад. Мо бояд ҳатман ин корро иҷро кунем". 

Ӯ гуфт, иқдоми қатъи ҷамъоварии маблағ аз волидони хонандаҳо барои таъмири мактабҳо нахуст аз забони Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе садо дод: "Мо ба иқдоми он кас пайравӣ карда истодаем". 

Маъруф Муҳаммадзода, шаҳрдории Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд мегӯяд, соли оянда аз шаҳрвандон барои таъмири мактабу боғча маблағ гирифта намешавад: "Инро ман расман эълон карда истодаам. Буҷаи шаҳр ба мо имконият медиҳад, ки таъмиру тармими мактабу боғчаҳоро аз ҳисоби буҷа кунем. Вале фақат аз соли нави хониш, чунки аллакай имсол маблағҳо ҷамъ шудааст, сарф гаштааст ва 89%-и корҳо аллакай ба охир расидааст".

Дар ҳаин ҳол, Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд мегӯяд, таъмири мактабҳои тамоми шаҳру ноҳияҳоро таҳлил кардаанд: "Ҳозир дар ҳамин соли хониш ғайр аз 10 мактабе, ки бинои таълимияш наву ба таъмир эҳтиёҷ надорад, боқимонда 914 муассисаи таълимии мо ба таъмир ниёз доранд, чӣ таъмири капиталӣ ва чӣ таъмир ҷорӣ. Ҳамин сол ба чунин қарор омадем, ки ҳамин соли хонишро мо бо кӯмаки волидон таъмир карда, шурӯъ аз соли хониши оянда, бо супориши раиси вилоят ҳазинаи таъмири мактабҳоро ҳангоми банақшагирии буҷаи соли 2018 ворид намоем".


шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter