• 11:33 – Покистон дар Рӯзи истиқлолият аз ҳамдилӣ бо Кашмир гуфт 
  • 16:48 – Лоиҳаи АТОМ: силоҳи ҳастаӣ – роҳ ба нокуҷо 
  • 11:41 – Дарахтон хушк мешаванд, масъулон чаро хомӯшанд? 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 21:16 – Трансфери сол: Криштиану Роналду ба “Ювентус” гузашт 
  • 14:08 – Шабе аз ҳазор шаб… Дар Душанбе “Зебоипарастӣ” ва “Орифона” муаррифӣ шуд 

“Долони Вахон” Тоҷикистону Покистонро наздиктар мекунад

Аз миёни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон наздиктарин кишвар бо Покистон аст. Соли 1991 Покистон аз ҷумлаи нахустин кишварҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохта, бо ҷумҳурии мо робитаи дипломатӣ барқарор намуд.
Тайи ду аср нимҷазираи Ҳинд зери тасарруфи мустамликадорони Британияи Кабир қарор дошт. Сокинони нимҷазира аз зулми мустамликадорон ба дод омада, борҳо исён бардоштанд. Шӯрише, ки соли 1857 рӯй дод, оғози ҳаракати бузурги озодихоҳии сокинони Ҳиндустони Британиявӣ гардид. Сайид Аҳмад Хон ва Сайид Амир Алӣ барин пешвоён барои аз лиҳози сиёсӣ пешрафт кардани мусулмонон нақши муҳим бозиданд. Аксар сиёсатмадорони мусулмон узви Конгресси миллии Ҳиндустон буда, ваҳдати ҳиндуву мусулмонон ва соҳибистиқлолии Ҳиндустонро ҷонибдорӣ мекарданд.

Соли 1906 Лигаи мусулмонони Ҳиндустон таъсис ёфт. Мутафаккири бузурги Шарқ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ соли 1930 идеяи бунёди давлати алоҳидаи мусулмонон дар нимҷазираи Ҳиндро пешниҳод кард. Моҳи марти соли 1940 дар шаҳри Лоҳур Қарордоди Покистон ба тасвиб расид, ки он таъсиси давлати алоҳидаи мусулмононро дар Ҳиндустон пешбинӣ мекард.Баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳон аён гардид, ки мустамликаҳои Британия фурӯ мепошанд. Ҳаракати озодиҳоҳии мусулмонони Ҳиндустон бо роҳбарии Муҳаммад Алии Ҷиноҳ ба он оварда расонид, ки 14 августи соли 1947 давлати наве бо номи Покистон таъсис ёбад.Солҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолӣ Покистон аз ду қисмат иборат буд - Ғарбӣ ва Шарқӣ. Соли 1971 Покистони Шарқӣ ҷудо шуда номи Бангладешро гирифт.
Мустамликадорони англис ба Покистон иқтисодиёти заифро боқӣ монда буданд. Ҳамагӣ 1,4 фоизи даромади миллӣ ба соҳаи саноат рост омада, қариб 90 дарсади аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекарданд. Дар натиҷаи амалӣ намудани силсилаи барномаҳои иқтисодӣ Покистон аз як ҷумҳурии ақибмондаи аграрӣ ба кишвари пешрафтаи аграрӣ – саноатӣ табдил ёфт. Алҳол Покистон миёни 7 кишвари дорои суръати баландтарини иқтисодиёт дар Осиё ҷои намоёнро ишғол мекунад. Матоъҳои пахтагин, либосҳои хушдӯхт, қолин, маҳсулоти чармин, маснуоти заргарӣ, доруворӣ васоили варзишӣ, семент ва меваю сабзавоти Покистон дар бозори ҷаҳонӣ харидорони зиёд дорад. Маҳсулоти Покистон бошад ба Канадаю ИМА, Британияи Кабиру Олмон, Чину Ҳонконг, Россия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва дигар кишварҳои арабӣ содир мешавад. Чанд сол боз дар бозорҳои Тоҷикистон низ мандарину манго, картошка ва помидору тарбузи барвақтии Покистонро дидан мумкин аст.
Ҳоло дар шимоли Покистон яке аз бузургтарин лоиҳаҳои дорои аҳамияти ҷаҳонӣ – Долони иқтисодии Чину Покистон (СPEC) амалӣ шуда истодааст, ки арзиши лоиҳавии он 46 миллиард долларро ташкил медиҳад. Тибқи лоиҳаи мазкур, аз шаҳри Қошғари Чин то бандари Гвадар иёлоти Балуҷистони Покистон дар масофаи 3000 километр роҳ ва инфрасохтори зарурӣ бунёд мешавад. 

Мувофиқи нақша, долони мазкур то соли 2030 пурра мавриди истифода қарор гирифта, он на танҳо барои Чину Покистон, балки барои тамоми кишварҳои минтақа манфиат хоҳад овард.
Бунёди инфрасохтори СРЕС ба рушди соҳаҳои аграрӣ ва туризми Покистон низ мусоидат менамояд. Дар раванди амалишавии ин лоиҳаи бузурги ҷаҳонӣ Тоҷикистон имкони хуби табдил ёфтан ба кишвари транзитиро дорад. Зеро кишвари моро аз марзи Покистон ҳудуди 15- 25 километрии вулусволии Ишкошими Афғонистон ҷудо мекунад. Соли 2010 вазири сармоягузории Покистон Салим Мандвивала зимни сафар ба Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки роҳбарияти кишвараш ҳавасманди бунёди роҳ аз ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон то Чатроли Покистон аст. Он вақт қариб 70 фоизи корҳои асосноккунии техникӣ – иқтисодии лоиҳаи роҳи Ишкошим – Чатрол муайян шуда буд. Тибқи лоиҳа, ин роҳи наздиктарин аз Осиёи Марказӣ ба Покистон буда, 200 километрро дар бар мегирад. Қариб 120 километри он аз ҳудуди Афғонистон ва 80 километри боқимонда аз ҳудуди Покистон мегузарад. Бунёди ин роҳ на танҳо ба манфиати Тоҷикистону Афғонистону Покистон, балки тамоми кишварҳои минтақа хоҳад буд. Дар ин масир Тоҷикистон кишвари калидии транзитӣ хоҳад гашт.
Моҳи апрели соли равон дар шаҳри Пекини Чин дар ҳошияи Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии сатҳи баланд “Як камарбанд, як роҳ” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Покистон Имрон Хон мулоқот карданд. Зимни вохӯрӣ маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории шарикии стратегӣ ва муносиботи дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Покистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи тадбирҳои муштарак дар роҳи мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир – терроризм, экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили тарансмиллӣ ва пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар иброз доштанд.
Миёни ду кишвари дӯст то ин дам 59 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Афзалияти муносибатҳои Тоҷикистону Покистонро ҳарчӣ зудтар ба итмом расонидани лоиҳаи “CASA- 1000”, ба 500 миллион доллар расонидани ҳаҷми робитаҳои иқтисодӣ, вусъати ҳамкориҳо дар бахшҳои амнияту мудофиа, ба роҳ мондани робитаҳо дар самти туризм, барқарор кардани роҳҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар ташкил медиҳад. Барои афзудани ҳаҷми робитаҳои тиҷоратӣ бунёди роҳҳои автомобилию оҳан тавассути “Долони Вахон” ва ба роҳ мондани парвози ҳавопаймо миёни шаҳрҳои бузурги ду давлати дӯст зарур аст.


С. Наҷмиддинзода
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter