• 15:02 – ВОҚЕИЯТИ ТАЪРИХ: ҷасади Зояро аз дор сарбози тоҷик раҳо кард 
  • 14:12 – Тиҷорати дорувории Тоҷикистон дар дасти кист? 
  • 09:20 – “Малах омад, офат омад”. Мубориза бо малах дар амал 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 21:16 – Трансфери сол: Криштиану Роналду ба “Ювентус” гузашт 
  • 14:08 – Шабе аз ҳазор шаб… Дар Душанбе “Зебоипарастӣ” ва “Орифона” муаррифӣ шуд 

Дарахтон хушк мешаванд, масъулон чаро хомӯшанд?

Шаҳри гулҳо - Душанбеи зебоманзар чанд соли охир симои хешро дар ҳақиқат дигаргун кардааст. Инро натанҳо сокинони пойтахт, балки меҳмонони аз дуру наздикомада ва сайёҳони зиёди хориҷӣ ҳам ҳангоми бозгашт ба ватанашон ба некӣ ба забон меёранд.
Талабшо Холиқзод
ИмрӯзNews

Ин ҳам хуб аст, ки ҳукумати пойтахт ба кабудизоркунии кӯчаву хиёбонҳои чор ноҳияи шаҳр ҷиддан машғул гардидаву аз саҳар то бегоҳ занону мардон ба шинондани гулу гулбуттаҳо машғуланд (теъдоди гулҳои рангорангро тақрибан чаҳор миллион дона рақам мезананд ва танҳо гули лола беш аз панҷоҳ намуд шинонда шудааст) ва алҳол пойтахти кишварамонро дар радифи шаҳрҳои зеботарини дунё муаррифӣ кардаанд!
Аммо муаллифи сатрҳоро чанд рӯз мешавад дар пеши чашми сокинони пойтахту меҳмонон ва аз ҳама муҳимтараш - масъулон хушк шудани як навъ дарахте нороҳат кардааст, ки аз бепарвоӣ ва беҳавсалагии масъулони муҳити зист ва назорати санитарӣ-эпидемиологӣ сарукордоштаи пойтахт он ба нестӣ рафта истодааст.
Ин дарахти беҳосилро баъзе сокинони пойтахт ба дарахти сада, баъзеи дигар ба қарағоч монанд мекунанд ва аксарамн бар он ақидаанд, ки он дарахти русӣ аст. Барои банда аз кадом намуди дарахт буданаш муҳим нест, муҳим он аст, ки баргҳои он рӯз ба рӯз тавассути хӯрдани ҳашарроти майдаҷуссаи сабзпӯши болдор сӯрох-сӯрох гардида, хушк мешаванд ва касе аз масъулинро парвое нест.
Дирӯз муаллиф дар кӯчаҳои Қаҳҳоров, Шевченко, Неъмат Қаробоев, Яккачинор, наздикии Терминали автобусу таксиҳои байнишаҳрӣ ва дигар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт он дарахтони хушкшударо аз наздик муоина карда, дар рӯи баргҳои фаношудаи онҳо ҳамон ҳашароти дар боло зикршударо дид, ки “бозавқ” баргҳои он дарахтони бесоҳибро мехӯрданд. Ба ин манзараи риққатовар шояд на ҳама таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Аммо касе диққат дода бошад, дар ҳақиқат, дилаш ба ҳоли он дарахтони хушкшуда месӯзад.
Аҷоибии кор дар он аст, ки ҳашароти зараровар фақат ба он дарахти бечора душмани қотил шудааст ва ҳоло ба дигар ҳамсоядарахтон нимнигоҳе накардааст. Ин ҳикматест, ки роздонаш парвардигор ҳаст. Аммо ба ҳар ҳол “эҳтиёт - ними ҳаёт” гуфтаанд.
Агар масъулини дар боло зикрашон рафта ҳамин хел бепарво гаштан гиранд, шояд ҳашарротҳо дар дигар дарахтон низ оҳиста-оҳиста навбат гиранд. Ана он вақт ғалаба, ғалабаи онҳо мешавад ва оқибат масъулини ин ниҳодҳо дар назди роҳбарияти шаҳрдорӣ чорзону зада, дастҳо пеши бар аз бемасъулиятии хеш ҷавоб хоҳанд гуфт.
Ба фикрам, ҳоло ҳам дер нашудааст, гарчанде ҳаво хеле гарм аст ва шумоёнро нороҳат кардан он қадар кори осон нест. Ба ҳар ҳол, пеш аз оне ки худи шумоёнро “калон”-ҳо нороҳат накунанд, аз кабинетҳои салқинатон як ҳавохӯрӣ баромада, ба он дарахтони бечора назар андӯзед ва раҳме болои онҳо намуда, зердастонатонро амр диҳед, то ҳашароти марговарро ҳарчӣ зудтар несту нобуд намоянд.
Ана он вақт мегӯем, ки шербачаҳо, ҳалолатон бод!
Масъулони баландмақоми шаҳрдориро ҳам зарур аст, ки ба ин навиштаҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулин дастур диҳанд, то ин камбудиҳо ҳарчӣ тезтар ислоҳ гарданд.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter