• 15:02 – ВОҚЕИЯТИ ТАЪРИХ: ҷасади Зояро аз дор сарбози тоҷик раҳо кард 
  • 14:12 – Тиҷорати дорувории Тоҷикистон дар дасти кист? 
  • 09:20 – “Малах омад, офат омад”. Мубориза бо малах дар амал 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 21:16 – Трансфери сол: Криштиану Роналду ба “Ювентус” гузашт 
  • 14:08 – Шабе аз ҳазор шаб… Дар Душанбе “Зебоипарастӣ” ва “Орифона” муаррифӣ шуд 

“Малах омад, офат омад”. Мубориза бо малах дар амал

Ҳар рӯз субҳидам Хоҷамиёр Умаров аз хонаи худ, ки дар ноҳияи Мастчоҳи Тоҷикистон ҷойгир шудааст баромада, бо мотосикли худ аз байни теппаҳои хурд ва санглохи ин минтақаи аграрии қисмати шимолии кишвар мегузарад. Давоми 20 сол мешавад, ки ӯ мавҷудияти малахҳоро дар саҳро назорат мебарад. Чаро? 
Бунафша Азимова
мутахассиси иртиботот
бо ВАО-и ФАО Тоҷикистон


Сармутахассиси Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах” Умаров медонад, ки ҳушдор будан нисбати ин ҳашаротҳои зараррасони ҳарис чӣ қадар муҳим мебошад. Кореро, ки ӯ дар ин ҷо анҷом медиҳад барои пешгирии саривақтии пайдоиш ва паҳншавии малах ва бо ҳамин васила эътинои саривақтӣ ба онҳоро таъмин мекунад.

“Малах омад, офат омад”
Шумораи намудҳои гуногуни малах дар Тоҷикистон дар солҳои 1990-ум, ба зудӣ пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва нооромиҳои Тоҷикистон рӯ ба афзоиш овард. Зиёдшавии малахҳо ба зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзор ва чарогоҳҳо харобиҳои зиёд оварданд ва ба воситаҳои таъминоти зиндагӣ ва амнияти озуқавории кишоварзони тоҷик таъсир расонданд. Сол то сол кишоварзон ҳосили худро бинобар сабаби рпаҳншавии малахҳо талаф медоданд. Бо сабаби маҳдудияти захираҳо, хусусан норасоии кормандони ботаҷриба ва боихтисос, набудани таҷҳизоти муосир барои амалӣ кардани мушоҳида, таъмини алоқа, мавқеъ ва назорат кардан,системаи идоракунии мубориза бар зидди малах иқтидори таъмин намудани назорати самаранокро надошт. Илова бар ин, барои сари вақт гузарондани амалиётҳои тадқиқотӣ ва назоратӣ захираҳо нокифоя буданд.

Соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Мастчоҳ таъминкунандаи ҷойҳои корӣ ба шумор рафта, яке аз соҳаҳои муҳими агро-саноатии минтақа мебошад. Дар гузашта кишоварзон нисбати зуҳуротҳои мавсимӣ ва пешгӯинашаванда имкониятҳои маҳдуд доштанд ва онҳо хусусан ба ҳуҷуми малахҳо ва дигар ҳашаротҳои зараррасон осебпазир буданд.
“Байни мардуми маҳаллӣ гуфтание ҳаст, - мегӯяд Умаров. Мегӯянд, ки малах омад, офат омад. Мутаассифона, малахҳо сарҳад надоранд. Дар гузашта мо шоҳиди харобиҳои зиёди малахҳо шуда будем. Дидани оқибатҳои он хеле вазнин ва мудҳиш буд. Кишоварзон хеле осебпазир, ноумед ва рӯҳафтода буданд, зеро онҳо бе ягон шубҳа медонистанд, ки оқибат ҳосили онҳо талаф хоҳад ёфт. Онҳо намедонистанд, ки барои наҷот додани зироатҳояшон аз ҳуҷуми малахҳо чӣ кор кунанд ва чӣ гуна амал намоянд”.

Зарбаи ҷавобӣ ба малах
ФАО бо дастгирии молиявии Ҷопон аз соли 2015 барои баҳтар кардани вазъ дар Тоҷикистон ва дар кишварҳои ҳамсоя Афғонистон ва Қирғизистон фаъолият бурда истодааст. Лоиҳаи мазкур дар доираи барномаи ФАО оид ба беҳтар идора намудани мубориза бар зидди малах дар Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, ки дар соли 2011 дар даҳ кишвар оғоз ёфта буд, таҳия гардид.

Тавассути лоиҳа Тоҷикистон барои гузаронидани мушоҳидаи малахҳо ваамалиётҳои назоратӣ – аз ҷумла таҷҳизот барои алоқа, воситаҳои нақлиёт, дорупошакҳо, мотосиклҳо, заҳрдоруҳо ва ғайра соҳиб гашт. Ғайр аз ин кормандон дар доираи васеи омӯзишҳои марбут ба мубориза бар зидди малах иштирок карданд.

“Ҳоло мо барои мубориза бурдан бар зидди пайдоиш ва паҳншавии малахҳо бо технологияҳои нави муосир муҷаҳҳаз ҳастем, - мегӯяд Умаров. Мо шароитҳои хуби корӣ дорем ва ин ба кори мо бо таври ҷиддӣ мусоидат мекунад”.

Кормандон метавонанд маълумотҳоеро, ки онҳо дар саҳро оид ба вазъи малах ҷамъоварӣ мекунанд, бевосита ба дафтарҳои марказӣ ирсол намоянд. Таҳлили маълумотҳо, аз ҷумла пешгӯиҳо ва тавсияҳо ба мақомотҳои баланд барои саривақт қабул кардани қарорҳо оид ба амалиётҳои назоратӣ фиристода мешаванд. Коргарон дар як рӯз метавонанд аз 200 га то 400 га заминро коркард намоянд, ки ин ҷаҳиши калон ба шумор меравад. Ҳол он ки дар солҳои пеш аз амалигардонии лоиҳа ин нишондиҳанда аз 30 га то 40 га нишон медод, таъкид мекунад Умаров.

Тақвият додани ҳамкориҳо
Ҷойҳои аъанавии маскуншавӣ ва афзоиши малахҳо аксар вақт берун аз ҳудуди марзҳои давлатӣ паҳн мешаванд. Ин маънии онро дорад, ки малахҳо сарҳадҳои давлатҳоро убур мекунанд. Ҳадафи асосии барнома рушд ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ байни кишварҳои минтақа – калиди идоракунии бомуваффақи ҳашаротҳои фаромарзӣ аз қабили малахҳо мебошад.
“Мушоҳидаҳои якҷоя байни кишварҳои ҳамсоя, хусусан бо мутахассисони Қирғизистон ва Ӯзбекистон гузаронида шуданд, - мегӯяд Умаров. Вазъият хеле мусоид аст ва ин ба пешгирӣ кардани хуруҷи малахҳо боз ҳам самараноктар мусоидат хоҳад кард”.

Умаров корашро дӯст медорад ва аз он ҳаловат мебарад – хусусан ҳангоме ки дар нигоҳи кишоварзоне, ки бо ӯ дар саҳро вомехурандхурсандӣ ва миннатдориро пайхас мекунад. Онҳо ба Умаров барои пазирой кардан ва маслиҳат пурсидан наздик мешаванд. Ӯ мегуяд, ки барои кӯмак расонидан ба кишоварзон бо мақсади мустаҳкам намудани воситаҳои зиндагии онҳо дар соҳаи кишоварзӣ кӯшиш мекунад.

Мувофиқи гуфтаҳои ӯ, бо вуҷуди мушкилот то ба имрӯз натиҷаҳои лоиҳа назаррас мебошан. Лоиҳа барои кам кардани давомнокӣ, шиддатнокӣ ва такроршавии пайдоиш ва паҳншавии малахҳо дар Тоҷикистон саҳми хеле калон гузошт.

Ҳадафи ҷории ин стратегияи пешгирикунандаи афзоиши малах мусоидат намудан ба коҳиш додани миқдори заминҳои олудашуда ва коркардшуда бо мақсади ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва воситаҳои таъмини зиндагии аҳолии осебпазири деҳот ва кам кардани сатҳи таъсири манфии амалиётҳои назоратӣ ба саломатии инсон ва муҳити зист мебошад.шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter