• 11:15 – Таҳлилгар: ҲНИ ба амалиёти бузурги зиддимиллӣ омодагӣ мегирад 
  • 11:36 – ЧАРО ХУДОРО БО АРАБӢ ШИНОСЕМ? Мо араб нестем, даъват ба намоз ва дигар қироатҳо бояд бо тоҷикӣ садо диҳанд... 
  • 14:27 – Мулоқоти ғайричашмдошт дар “Сафед-Дара” 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 21:16 – Трансфери сол: Криштиану Роналду ба “Ювентус” гузашт 
  • 12:49 – Аз Душанбе то Помир бо “Тселл” (36 акс) 

“KazakhExport” дари сармояи хориҷиро боз мекунад

Чанде пеш дар шаҳри Москва “Бонки рушди АвруОсиё” (Евразийский банк развития (ЕАБР) ва ҶС Ширкати содиротӣ-суғуртавии “KazakhExport” оид ба ҳамкорӣ дар бахши ҳамдастӣ дар рушди содирот, ки ба инкишофи имкониятҳои содиротии моли Қазоқистон дар доираи ҳамкории Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва берун аз он дар хориҷи кишвар мусоидат мекунад, шартнома ба имзо расонданд.
Наҷмиддин Шоҳинбод
ИмрӯзNews

Ҳадафи ин ҳамкорӣ мусоидати ҷонибҳо ба содиркундагони Қазоқистон, рушди бозор, хидматҳои молиявӣ, суғуртавӣ, машварат, пешниҳоди фишангҳои молиявӣ-суғуртавии ширкат оид ба коҳиши хатарҳо ва хавфҳо, ки ҳангоми содироти мол рух мезананд дар доираи ҳамкории Иттиҳоди АвруОсиё ва берун аз он маҳсуб меёбад.

Яке аз самтҳои асосӣ - муқаррар кардани маҳдудияти лоиҳаҳои тарафҳо дар бахши суғуртаи хавфҳои молҳои содиротии Қазоқистон ва фаъолияту хизматрасонӣ ба шумор меравад. Ба ҳамин мақсад меъёри пешакии амалиёти сармоягузорӣ барои ҳифзи суғуртавии “KazakhExport” қариб 100 миллион доллари ИМА пешбинӣ гардидааст.

Дар доири ин созишнома БРАО “Бонки рушди АвруОсиё” (Евразийский банк развития (ЕАБР) дар тадбирҳои якҷоя бо “KazakhExport” ҳамкорӣ мекунад.
“Бонки рушди Авруосиё” (Евразийский банк развития (ЕАБР) ташкилоти байналхалқии молиявие мебошад, ки соли 2006 аз ҷониби Федератсиия Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба мақсади ҳамкории иқтисодии ҳамсуд, таҳкими равобити иқтисодӣ ва инкишофи тиҷорат таъсис дода шудааст. Сармоияи оинномавии “Бонки рушди Авруосиё” 7 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомили ин бонк мебошанд.

Ҳадафи ҶС Ширкати содиротӣ-суғуртавӣ “KazakhExport” (шомили сохтори ҶС Ширкати миллии “Байтерек”) таҳким ва рушди қобилияти содиротии ширкатҳои Қазоқистон барои содироти моли Қазоқистон аст.

Ёдрас мекунем, ки 21 майи соли равон Ҷамъияти саҳомии “Ширкати содиротӣ-суғуртавии “KazakhExport” (“Экспортная страховая компания “KazakhExport”) дар шаҳри Душанбе намояндагиашро ифтитоҳ намуд. Дар арафаи муаррифии намояндагӣ аллакай дар мавриди дастгирии ширкатҳои содиркунандаи Қазоқистон аз ҷониби бонкҳои Тоҷикистон мувофиқа ба даст омад. Аз ҷумла, байни ҶС “ЭСК “KazakhExport” бо ҶСК “Ориёнбанк”, “Бонки Эсхата”, БДА “Амонатбонк” ва “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” оид ба ҳамкорӣ дар мавриди суғуртакунонӣ ва сармоягузории истеҳсолкунандагони Ҷумҳурии Қазоқистон, ки ба Тоҷикистон мол содир мекунанд, қарордодҳо ба имзо расиданд.

То ҳол ҶС “ЭСК “KazakhExport” ба чунин содиркунандагони Қазоқистон, ба мисли ҶС “АрселорМиттал Темиртау”, ТОО “Hyundai Trans Auto”, ТОО “СариаркаАвтоПром”, ҶС “Шимкентмай”, ҶС “Рахат”, ҶС “Баянсулу” ва ТОО “Алматинский продукт” кумак намудааст. Ин ширкатҳои содиркунда ба бозори Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти металлпрокат, автомашинаҳо, автобусҳо, маҳсулоти равғанӣ ва қаннодиро ворид мекунанд. Аз маҳсулоти арматураи Қазоқистон дар сохтмони калонтарин НБО дар Осиём Марказӣ - “Роғун”истифода мешавад. Соли 2018 оид ба дастраскунии арматура ба сохтмон бо истифода аз фишангҳои суғуртавӣ-сармоягузории ҶС “ЭСК “KazakhExport” Мувофиқанома ба имзо расида буд.

Раиси намояндагии ҶС “ЭСК “KazakhExport” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамеш Худоиев зикр кард, ки имрӯз тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ фазои мусоиди сармоягузорӣ ба вуҷуд омада, сол ба сол ҳаҷми сармояи хориҷӣ меафзояд.

Воқеан, то ҳол дар самти ҳамкорӣ натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд. Автомашинаҳои мусофирбари JAC S3, ки дар ширкати ТОО “СариаркаАвтоПром” истеҳсол мешаванд, парки таксиҳои Душанберо ташкил медиҳанд. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 158 автомашинаи JAC S3 оварда шуданд, ки 138-тои онҳо бо дастгирии “KazakhExport” ворид гардиданд. Автобусҳои тамғаи Hyundai County, ки дар вилояти Алмаато истеҳсол мешаванд, аз ҷониби ҶСП “Холдинг Азия Групп Тоҷикистон” барои такмили парки нақлиётии Душанбе харидорӣ шуданд.
Аз ҳисоби суғуртаи “KazakhExport” бо тамдиди пардохт тибқи қарордод ба Тоҷикистон равғанҳои растанӣ ва маҳсулоти қаннодии ширкатҳои ҶС “Шимкентмай” ҶС “Алматинский продукт”, ҶС “Рахат”, ҶС “Баян Сулу” ворид гардид.

То имрӯз идораҳои намояндагии “KazakhExport” дар ҷумҳуриҳои Тотористон, Ӯзбекистон кор мекунанд. Ҳамзамон, то охири соли 2019 боз 6 намояндагии хориҷӣ, аз ҷумла дар Федератсияи Русия, (шаҳрҳои Москва, Новосибирск, Екатерингбург) Ҷумҳурии Халқии Хитой (шаҳрҳои Синаи, Урумчи), ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Белорусия кушода мешаванд.шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter