• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 14:49 – Илми тоҷик. Чаро фолбинҳо муваффақтаранд? 
  • 20:28 – Мирасрор АҲРОРОВ: Воқеияти ТАЛКО-ро дидам. Ӯзбекистон аз харидорони асосии алюмини тоҷик мешавад 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 12:49 – Аз Душанбе то Помир бо “Тселл” (36 акс) 

Мулоқоти ғайричашмдошт дар “Сафед-Дара”

Мо – як гурӯҳи иборат аз 12 нафар журналистони воситаҳои ахбори оммаи давлативу мустақили Ҷумҳурии Ӯзбекистон зимни боздиди расонаӣ (пресс-тур) бо фаъолияти корхонаю муассисаҳо, инчунин манзараҳои зебо ва мавзеъҳои табииву таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шудем. Ин боздиди хотирмон бо ташаббуси Мактаби мустақили рӯзноманигории “Тоҷикистон – асри XXI” дар чаҳорчӯби давраи омӯзишию амалии “Ҳамкории чандрасонаии журналистони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” баргузор гардид.
Мирасрор Аҳроров
хабарнигори “Овози тоҷик”,
Тошканд-Душанбе-Тошканд

Борҳо иттифоқ афтодааст, ки аз шаҳри Хуҷанд тавассути дараи Варзоб худро ба шаҳри Душанбе расондаам. Табиати ин дара чаҳор фасли сол дилрабову дилпазир аст. Аммо ҳаргиз гумон намекардам, ки дар қисми ҷанубу шарқии қаторкӯҳҳои Ҳисор, дарунтар аз ин роҳи калон Маҷмааи кӯҳию лижаронии “Сафед-Дара” вуҷуд дорад, ки дар баландии беш аз 2500 метр аз сатҳи баҳр мавқеъ гирифтааст ва таваҷҷуҳи сайёҳони зиёдро ба худ ҷалб намудааст.
Мо шаҳраки Такоби ноҳияи Варзобро пас гузошта, боло мерафтем. Масофаи байни Душанбеву “Сафед-Дара” 55 километр роҳро ташкил медодааст. Дар ҳақиқат, ин минтақаи табиаташ мафтункунанда, ҳавояш софу беғубор басо назаррабост.
Тибқи ҳидояти роҳбаладамон Аҳмадалӣ Тоҷиддинов, ки аз соҳибкорони варзида ва фарҳангдӯсти тоҷик муаррифӣ шудааст, ба воситаи нақлиёти танобӣ боло баромадем.
Аз ин ҷо чаҳор самти Маҷмааи кӯҳию лижаронии “Сафед-Дара” чун кафи даст намудор мешуд. Як гурӯҳ одамони лижасавор аз баландӣ ба нишебиҳо алвонҷхӯрон сарозер мерафтанд ва шавқу завқи атрофиёнро бедор мекарданд.

Дар ҷойи дигар хурду калон ба камерҳои резиние, ки ҳаво пур карда шудаанд, савор шуда, бо ҳаёҳуй аз баландӣ худро сарозер мекарданд. Гурӯҳи дигар ба худравҳои барфӣ савор шуда, сайр менамуданд.
Мо ғарқи тамошои манзараҳои пуршавқу шӯр будем. Ин лаҳза аз нақлиёти танобӣ марду зан ва ду писарбача берун шуданд. Мардро шинохтам – вай ҳамон байкери машҳур Фарҳод Калонов буд, ки ҳамаи тоҷикон аз ӯ ифтихор мекунанд. Аз ин вохӯрии ғайричашмдошт бо Фарҳод хурсанд шудам. Вай аз зумраи сайёҳонест, ки тасмим гирифтааст, тавассути мошин гирди олам сайр кунад. Фарҳод Калонов зимни сафар дар кишварҳои гуногун корҳои хайрияро низ анҷом медиҳад.
- Дар айни ҳол тавассути киштӣ мошинамро ба соҳили Амрикои Ҷанубӣ интиқол додам. Дар ин миён хостам ҳамроҳи завҷаву ду писарам андак дар “Сафед-Дара” лижаронӣ кунем. Ростӣ, ки барфу лижатозиро хеле пазмон шудаам, - гуфт Фарҳод Калонов. - Завҷаам – Насиба низ лижатозӣ мекунад. Вай аз мардуми ӯзбектабори Тоҷикистон аст. Ману ӯ аз шумори оилаҳои интернатсионалӣ ҳастем, ки тоҷику ӯзбек бо ҳам издивоҷ кардаанд.

Волидайн ва ду писар ба сноуборд ва лижаҳо савор шуда, аз баландӣ ба поин ҳаракат намуданд. Маълум шуд, ки писарҳо аллакай дар сноуборду лижаронӣ маҳорати калон пайдо кардаанд. Мо чанд лаҳза лижаронии ин чаҳор нафарро бо ҳавас тамошо кардем.
Ман дар тӯли умри зиёда аз шастсолаам ягон бор лижаронӣ накардаам. Иттифоқ афтод, ки дар “Сафед-Дара” бори нахуст савори лижа шавам ва бо кумаки мураббӣ чанд лаҳза ин тараф – он тараф ҳаракат кунам.

- Акнун дар сабқати байни лижаронҳои худамон натарсида иштирок мекунед, - гуфт бо шӯхӣ корманди сомонаи интернетии “Дарё.уз” Азизбек Абдувалиев.

Бори аввал дар фарози Маҷмааи кӯҳию лижаронии “Сафед-Дара” дар радифи парчами Тоҷикистон парчами давлати мо низ парфишонӣ кард. Ин парчамро яке аз ҳамроҳони мо бо худ ба Тоҷикистон оварда буд. Ба ҳар ҷойи баландкӯҳи “Сафед-Дара”, ки мерафтем, онро болои сар бардошта, ба атрофиён намоиш медодем, ки аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон омадаем. Парфишонии ду парчам аз он гувоҳӣ медод, ки тоҷикону ӯзбекон тӯли қарнҳо дар канори ҳаманд, соҳиби фарҳангу суннатҳои муштарак, бародару баробаранд.

Дар ҷараёни сафари якҳафтаина ба Тоҷикистон боздид аз Корхонаи воҳиди давлатии “Шикати алюминийи тоҷик” (ТАЛКО), хоҷагии ангурпарварии “Ҳоҷӣ Неъмат” дар ноҳияи Турсунзода, Қалъаи Ҳисор, осорхонаи миллӣ ва китобхонаи миллӣ низ дар замири журналистони ӯзбекистонӣ таассуроти амиқ боқӣ гузошт.

Мо ҳамчунин ба зиёрати мақбараи устоди бузург Садриддин Айнӣ омадем. Ин мақбара дар боғи фарҳангию фароғатӣ бо диди баланд ва хеле зебо эъмор шудааст. Дар сари марқади устод дуою фотиҳа кардем. Дар ҳақиқат, боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ба яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе табдил ёфтааст.

Вақте ба боғи “Низомиддин Алишер Навоӣ” расидем, аз виқори пайкараҳои ду абармарди бузурги тоҷику ӯзбек – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ба ваҷд омадем. Он ба ҳусни ин шаҳр ҳусни бештар зам намудааст. Гуфта мешавад, ки ин пайкара баъд аз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи вуҷуд кардааст ва ба таври доимӣ рамзи дӯстиву рафоқати ҷовидонаи халқҳои тоҷику ӯзбекро тараннум месозад.

Аксбардор: Алишер Примқулов
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter