• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 14:49 – Илми тоҷик. Чаро фолбинҳо муваффақтаранд? 
  • 20:28 – Мирасрор АҲРОРОВ: Воқеияти ТАЛКО-ро дидам. Ӯзбекистон аз харидорони асосии алюмини тоҷик мешавад 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 12:49 – Аз Душанбе то Помир бо “Тселл” (36 акс) 

Мирасрор АҲРОРОВ: Воқеияти ТАЛКО-ро дидам. Ӯзбекистон аз харидорони асосии алюмини тоҷик мешавад

Дар идомаи сафари Тоҷикистон барои 12 нафар журналистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон боздид аз корхонаи алюмини тоҷик барномарезӣ шуда буд. Гуфта шуд, ки воситаҳои аксбардориву наворгирӣ ва дастгоҳҳои сабти овозро ҳамроҳи худ гирифта, савори мошинҳое шавем, ки дар беруни меҳмонхонаи панҷситораи “Хилтон” моро мунтазиранд.

Мирасрор Аҳроров
рӯзноманигор аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон,
Турсунзода-Душанбе-Тошканд


- Дар ҷараёни ин боздид бевосита бо фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминийи тоҷик” (ТАЛКО) аз наздик шинос мешавед, - гуфт сарвари Мактаби мустақили рӯзноманигории “Тоҷикистон – асри XXI” Сафо Сафаров.
Се мошин шаҳри Душанберо пас гузошта, ҷониби водии Ҳисор пеш мерафт. Аксбардор ва наворгири варзидаи тоҷикистонӣ Алишер Примқулов аз шурӯъи роҳ ба самти водии Ҳисор моро бо манзараҳои ду тарафи роҳ ошно мекард.
Вақте ки лӯлаҳои баланд намудор шуданд, Алишер гуфт, ки он корхонаи ТАЛКО аст ва ҳар кас мехоста бошад, намои онро аз шафати роҳи калон аксу навор гирад. Дар як лаҳза садои шарақ-шуруқи дастгоҳҳои аккосӣ ба атроф паҳн гардид. Сонӣ мо вориди корхонаи алюмин шудем. Масоҳати он хеле калон будааст. Дар назди бинои маъмурӣ моро истиқбол гирифта, ба ҳар кадоми мо либос ва кулоҳи махсус пӯшониданд.

Мудири департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи “Ширкати алюминийи тоҷик” Игор Сатторов иброз дошт, ки боздиди мо аз бахши истеҳсолотии корхона шурӯъ шуда, бо тамошои осорхонаи он анҷом мепазирад. Ба гуфтаи ӯ, дар 20 соли охир чунин имкони боздиди расонаӣ (пресс-тур) барои гурӯҳи калони журналистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори нахуст фароҳам оварда шудааст.
- Баъди боздид аз корхонаамон, ки сутунмуҳраи иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор меравад, фикри шумо яқин перомуни сару садоҳо дар бораи зараровар будани ин корхона комилан тағйир хоҳад ёфт, - иброз дошт Игор Сатторов.
Ба гуфтаи ӯ, корхонаи мазкур 31 марти соли 1975 арзи вуҷуд кардааст ва айни замон Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминийи тоҷик” ё кӯтоҳ “ТАЛКО” ном дорад. Иқтидори лоиҳавии солонаи корхона дар баробари истеҳсоли 360 ҳазор тонна аноди пухта, ҳамчунин 517 ҳазор тонна алюмини софро ташкил мекунад. 
- Корхонаи мо дорои дувоздаҳ сехи электролиз, ду шуъбаи рехтагарӣ, иборат аз се коргоҳи тавлиди маҳсулоти анодҳои пухта ва якчанд коргоҳи ёрирасон мебошад. Ҳамчунин мо амалисозии як қатор корҳои реконструксиониро дар ин ҷо мадди назар гирифтаем. Мо солҳои 2008-2010 ва 2012-2016 як давраи мураккабу буҳрониро паси сар кардем, барои ҳамин натавонистем, ки ҳаҷми маҳсулотамонро боло барем, - гуфт Игор Сатторов.
Зимни боздид маълум гардид, таҷҳизоте, ки замони шӯравии собиқ дар ин ҷо насб шудаанд, ҳанӯз фаъоланд ва ҳатто аз бисёр ҷиҳат тобоварии худро намоиш медиҳанд. Дар баробари ин, бо истифода аз имкониятҳо ва мавҷудияти технологияҳои инноватсионӣ, ҳамчунин таъмини сехҳо бо кадрҳои болаёқат корхона тавонистааст ҷиҳати ба ҳаво пош нахӯрдани гарду чанг ва тозагии муҳити атроф қадамҳои дилпурона гузорад. - Мо бо татбиқи барномаи модернизатсия ва азнавсозӣ истифодаи технологияҳои замонавиро дар меҳвари кор қарор додаем. Агар шумо таваҷҷуҳ карда бошед, атрофи корхонаи мо саросар сабзу хуррам мебошад. Ҳатто дар дохили корхона гулҳои тару тоза парвариш меёбанд. Ангур аз меваҳоест, ки ҳар гуна таъсири манфиро хеле зуд қабул мекунад, аммо ноҳияи Турсунзода чӣ дар замони гузашта ва чӣ дар замони ҳозира аз истеҳсолкунандагони асосии ангуру меваҳои дигар дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Оё дар муҳити аз ҷиҳати экологӣ вайрон ангур чунин ҳосили фаровон дода метавонад? Албатта, не! - ба ин суол худ посух дод Игор Сатторов. - Қобили зикр аст, ки дар ду самти марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон маҳз дар минтақаи мазкур теъдоди зиёди одамони дарозумр зиндагӣ мекунанд.


Вай тазаккур дод, ки нархи меваю сабзавот дар ноҳияи Турсунзода нисбат ба минтақаҳои дигар арзон аст. Ба гуфтаи Игор Сатторов, худи ӯ ва коргарони корхона ҳамеша аз бозори деҳқонии ноҳия барои аъзои хонаводаашон меваю сабзавот мехаранд.

- Ҳамаи ин маҳсулот маҳз дар боғу киштзорҳои ноҳия парвариш карда мешаванд. Магар “душман”-и аъзои оилаи худ ҳастам, ки барояшон маҳсулоти гӯё заҳролудшударо харида мебарам? - афзуд мудири департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи корхонаи алюмини тоҷик.
- Пас, интишори мақолаҳои пурсару садое, ки вайрон шудани вазъи экологӣ дар як қатор ноҳияҳои марзии вилояти Сурхондарёро баррасӣ мекарданд, асоси воқеӣ надоранд? - пурсидам аз ӯ.
- Биёед, ошкоро суҳбат кунем. Замонеро паси сар кардем, ки ба ҳама чиз ангезаи сиёсӣ медоданд. Корхонаи мо низ аз ин раванд дар канор намонд. Аммо имрӯз вазъият комилан дигар шудааст. Бо ташаббуси сарварони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ду кишвари дӯсту бародар ба шарики стратегӣ табдил ёфтанд. Равуо барқарор гардид ва ҳамкориҳои бисёрҷониба ба роҳ монда шуданд, ки манфиатҳои ҳар ду кишварро дар мадди назар доранд, - изҳор дошт Игор Сатторов.
Тавре вай боз тазаккур дод, дар оғози фаъолияти худ корхона дар минтақаҳои сарҳадӣ бо Ӯзбекистон лабораторияҳои худро бунёд намуд, ки раванди экологиро назорат мекунанд. Игор Сатторов гуфт, таҳлилҳои ин лаборатория таҳти баррасӣ қарор мегиранд ва дар сурати пеш омадани мушкилот дар ҳалли он иқдом ба амал меояд. 
- Оё дар заминаи ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон ягон тавофуқнома ба имзо расидааст, ки корхонаи алюминро низ фаро гирифта бошад? - суол кардем аз ӯ.
- Бале, яке аз харидорони маҳсулоти корхонаи мо Ӯзбекистон мебошад. Метавонам гӯям, ки дар солҳои сардии вазъият низ мо ба Ӯзбекистон алюмин содир мекардем ва робитаҳои мо тамоман гусаста нашуданд. Дар айни ҳол ҷониби Ӯзбекистон кафолати таъмини молии истеҳсолоти моро бар дӯш гирифтааст ва дар ин бора миёни ҳар ду кишвар Тафоҳумномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст, - посух дод мудири департаменти иттилооти корхонаи ТАЛКО.
Гуфта шуд, ки дар рӯзҳои наздик ҳаҷми маблағи воридотӣ аз ҷониби Ӯзбекистон ба ТАЛКО ва ҳаҷми маҳсулоти содиротии алюмини Тоҷикистон ба Ӯзбекистон муайян хоҳад шуд. 
Алюмин дар ҳарорати 1000 дараҷаи гармӣ истеҳсол карда мешудааст. Вақте ки дар яке аз сехҳои электролиз қарор доштем, ҷараёни истеҳсоли алюминро мушоҳида кардем. Коргарон тавассути техникаи махсус алюминийи тайёрро дар шакли гудохтаи моеъ ба қолибҳо мерехтанд ва маҳсулоти сардшудаашро гирифтаву тахт мекарданд.
Барои истеҳсоли алюминий боз дувоздаҳ ҷузъи дигар лозим мешудааст. Барои ҳамин дар атрофи корхонаи мазкур даҳҳо корхонаҳои дигар амал мекунанд, ки ба таъмини қисмҳои эҳтиётии мавриди ниёзи “ТАЛКО” машғуланд. 
- Ашёи хомро аз куҷо мегиред? - пурсидам аз Игор Сатторов.
- Ба мо дар ин маврид ширкати “Русал”-и Русия кумак мерасонад. Инчунин аз Индонезия, Австралия, чанд кишвари қораи Амрико низ онро дастрас мекунем. Мо ҳамеша имкони интихоб кардан дорем. Шояд дар оянда ашёи хом аз худамон ва кишварҳои ҳамҷавори Тоҷикистон дастрас карда шавад, - гуфт мудири департаменти иттилоот варобита бо ҷомеаи ТАЛКО.
Дар пештоқи осорхонаи ин корхона суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сабт ёфта буд: “Корхонаи алюминийи тоҷик шиносномаи саноати Тоҷикистон аст”. Роҳи тайкардаи корхона дар муддати чилу се солро дар бахшҳои алоҳидаи ин осорхона ашёҳои гуногун бозгӯӣ мекарданд. Тибқи ин маълумот, “Ширкати алюминийи тоҷик” дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда, низоми менеҷменти экологии сифати ISO-9001-и соли 2008-ро ҷорӣ намудааст ва ягона ширкати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз рӯйи низоми мазкур амал менамояд.
Мавҷудияти сертификат яке аз талаботи Созмони ҷаҳонии тиҷорат буда, ба сафи ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ дохил шудани корхонаи алюминийи тоҷикро таъмин кардааст. Он ба ТАЛКО имкон додааст, ки маҳсулоти худро дар бозори ҷаҳонӣ бомуваффақият ба рақобат гузорад.

Нуктаи дигар ин буд, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаи мазкур имрӯзҳо ба тамоми стандартҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ дониста шудааст. Соҳиби ҷоизаҳои намоён гардидани ширкат дар соли 2008 ин даъворо исбот мекунад. Ба таври мисол, ин ширкат бо ҷоизаи “Корхонаҳои беҳтарини Аврупо” сарфароз гардидааст. Кумитаи Ассамблеяи тиҷорати аврупоӣ (ЕВА, Оксфорд, Британияи Кабир) низ ба ин ширкат барои рушди мунтазам ҷоиза тақдим кардааст.
Ғайр аз ин, дар соли 2008 ширкат соҳиби ҷоизаи байналмилалии “European Quality” (“Сифати Аврупо”) гардидааст. Бо ҷоизаи мазкур корхонаҳое қадр карда мешаванд, ки маҳсулоти онҳо ба нишондиҳандаҳои баландсифат мувофиқ буда, қобили рақобат ҳастанд. Ба онҳо ҳуқуқ дода мешавад, ки дар ҳуҷҷатҳои корӣ ва боркоғази маҳсулот рамзи мувофиқро ҷой диҳанд.Тамошои осорхона ба журналистони ӯзбекистонӣ таассуроти амиқ боқӣ гузошт.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter