• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

ФАО дастури истеҳсол ва истеъмоли лубиёдонагиҳоро нашр кард

Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) чанде пеш дастурамали таълимӣ ва амалиро оид ба истеҳсол ва истеъмоли лубиёдонагиҳо бо забони тоҷикӣ Тухмипарварии зироатҳои лубиёдонагӣ нашр намуд. 
Ин ташаббус дар доираи лоиҳаи беҳтар намудани дастрасии хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ба тухмии баландсифат, ки аз ҷониби Австрия маблағгузорӣ шуда буд, дастгирӣ гардид.
Аз ҷумла, нашри мазкур оид ба хусусиятҳои биологӣ ва парвариши зироатҳои лубиёдонагӣ, касалиҳо ва зараррасонҳо ва роҳҳои мубориза бар зидди онҳо, бо диққати махсус ба навъҳое, ки дар Тоҷикистон кишт мешаванд, инчунин тартиби сертификатсия маълумоти муфассалро пешниҳод менамояд. Ҳамаи ин фаъолиятҳо баҳри кӯмаки амалӣ расондан ба мутахассисони тухмипарвар, деҳқонон, донишҷӯён ва мутахассиони соҳаи кишоварзӣ, ҳамчунин барои мустаҳкам намудани иқтидори миллӣ, ки ба гуногунии (диверсификатсия) системаи зироаткорӣ мусоидат мекунад, равона карда шудаанд.
“Тухмиҳои баландсифат дар баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулотҳои кишоварзӣ, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва ғизо, беҳтар намудани шароити зиндагии деҳқонон ва аҳолии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, муҳим мебошанд”, - таъкид намуд Олег Гучгелдиев, намояндаи ФАО дар Тоҷикистон.
Дастури мазкур истеҳсол ва истеъмоли зироатҳои лубиёдонагиро дар Тоҷикистон зиёд дастгирӣ мекунад. Дар ҳоле, ки он амнияти озуқаворӣ ва ғизоро дар саросари ҷаҳон кафолат медиҳад, барои дастрас гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, хусусан онҳое, ки марбут ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ғизои беҳтар, тағйирёбии иқлим ва тандурустӣ мебошанд, саҳмгузорӣ менамояд.
“Дар робита ба ин, дастури амалии мазкур метавонад ҳамчун манбаи иттилоотӣ ва дониш, хусусан бобати афзоиши тухмӣ хизмат намояд”, - афзуд Гучгелдиев. - Мутахассисони соҳаи кишоварзӣ метавонанд таҷрибаи нави истеҳсоли устувори зироатҳои лубиёдонагиро аз бар намоянд”.
Дар вобастагӣ бо хӯрокҳои мардуми тоҷик мусаллам аст, ки зироатҳои ғалладонагӣ ва лубиёдонагӣ унсурҳои қадимӣ ва анъанавиро ифода мекунанд. 

Мувофиқи маълумоти оморӣ, зироатҳои ғалладонагӣ ва лубиёдонагӣ зиёда аз 60 фоизи калорияи ғизоии рӯзонаи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.
“Зироатҳои лубиёдонагӣ симбиозро бо бактерияҳои лундаи нитрогенфурӯбаранда ба вуҷуд меоранд ва ҳосилнокии хокро беҳтар мекунанд. Системаи решаҳои зироатҳои лубиёдонагӣ ба қабати поёнии хок расида, элементҳои ғизоноки хокро ҳал карда, онҳоро барои зироатҳои оянда беҳтар дастрас мегардонад”, - шарҳ дод мутахассиси ФАО оид ба соҳаи кишоварзӣ Ҳафиз Муллоҷонов.
“Зироатҳои лубиёдонагӣ бо таркиби бойи сафедаҳо, ки хеле хуб бо таркиби аминокислотаҳо мувозинат мекунанд, бартарӣ доранд. Аз ин лиҳоз зироатҳои лубиёдонагӣ ҳамчун зироати калидӣ барои таҳкими устувори истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад”, - илова кард Муминҷонов.
Дастури амалӣ дар ҳамкорӣ бо мутахассиси ФАО Мунира Отамбекова ва мутахасиси Ассотсиатсияи тухмипарварони Тоҷикистон Маъруфқул Маҳкамов таҳия шудааст.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter