• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард

Яке аз сабабҳои асосии соли 2018 эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” агар рушди ин соҳа ва ҷалби сайёҳон ба ҷумҳурӣ бошад, сабаби муҳими дигар бунёди инфрасохторҳои сайёҳиву муҳайё сохтани шароит барои ҷаҳонгардон аст. Ин нукта дар Паёми имсолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дақиқан таъкид шудааст.
Аз ҷумлаи муҳимтарин минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ин “Осоишгоҳи Хоҷа Обигарм”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, ки ба ҳайси як минтақаи истироҳативу табобатӣ ҳанӯз солҳои шӯравӣ ном бароварда буд. Ҳолдонҳо мегӯянд, шуҳрати ин осоишгоҳ ба дуриҳои дур рафтаву яке аз муҳимтарин минтақаҳои сайёҳӣ ҳам ба ҳисоб мерафт. Табиати зебо, боду ҳавои соф, хусусан оби мусоффои шифобахш, ки дар дунё монандӣ надорад, ҳар сол таваҷҷуҳи ҳазорҳо нафарро ҷалб мекард.
Айни замон ин осоишгоҳ чӣ ҳол дорад ва то чӣ андоза тавонистааст, ки шуҳрати қаблияшро ҳифз кунад? Вуруди сайёҳон чӣ гуна асту хизматрасонӣ ва аз ҳама муҳим, фарогирии корафтодагон бо оби шифобахш чӣ гуна?
Давлаталӣ Самизода, Директори генералии ҶСК “Осоишгоҳи Хоҷа Обигарм”, дар як суҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори “ИмрӯзNews” ҳолати кунунии осоишгоҳро шарҳ дод.

Давлаталӣ Самизода, Директори генералии ҶСК “Осоишгоҳи Хоҷа Обигарм”

ИмрӯзNews: - Нахуст бигӯед, ки вобаста ба “Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” чӣ нақшаву барномаҳоро амалӣ кардед ва чӣ нақшаҳои дигар доред?
Давлаталӣ Самизода: - Дар баробари аз ҷониби Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳанарҳои мардумӣ”, ки хоссатан барои мавзеъҳои сайёҳиву истироҳатӣ масъулияти аввалиндараҷа дорад, роҳбарияти “Хоҷа Обигарм” ҷиҳати татбиқи сиёсатҳои пешгирифтаи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо як самимият ва омодагии ҳамаҷониба пешвоз гирифтани сайёҳону истироҳаткунандагон якчанд нақшаву чорабиниҳоро роҳандозӣ намуд. Дар аввалин фурсат дар даромадгоҳи “Хоҷа Обигарм”, ки дар мавзеи Ҳушёрӣ воқеъ аст, дарвозаеро бо шакли замонавӣ бино намудем ва дар он нишонаи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”-ро насб кардем. Қаблан чунин набуд. Ҳоло ҳар як роҳгузару корафтода метавонад, ки бе саргардонӣ роҳи осоишгоҳро пайдо намояд.
Дар баробари ин, биноеро, ки барои тоза намудани оби партофтҳо дар ҳолати вайрона қарор дошт, навсозӣ карда, ба тамоми шароити замони муосир муҷаҳҳаз сохтем.
Барои ҷавобгӯ будан ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва қабули сайёҳону меҳмонони хориҷӣ як меҳмонхонаи наву замонавиро дар зарфи се моҳ, яъне то саршавии мавсим, сохта ба истифода додем. Ин ҳам дар доираи нақшаҳои вобаста ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” буд.
Ҳамчунин буғхонаеро, ки аз соли 1934 ба шакли вайронаву фарсуда фаъолият мекард ва ба ҳеҷ талабот ҷавобгӯ набуд, аз нав бунёд намудем. Ҳоло ин буғхона аз ду қабат иборат буда, ба як шакли замонавӣ бунёд гардидааст ва ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ буда, дар он ҳамчунин, тамоми шароит барои истироҳаткунандагон муҳайё мебошад.
Айни замон дар ин ҷо чор буғхона фаъолият мекунад. Қаблан чунин шароит набуд. То нисфирӯзӣ мардон рафта табобат мегирифтанд, пас аз он занҳо мерафтанд. Навбатпоӣ хеле зиёд буд. Ҳоло бошад, ин мушкил аз байн рафтааст, бахусус, навбатпоӣ нест. Занону мардон метавонанд, ки дар як вақт (албатта, дар алоҳидагӣ) табобатҳои худро гиранд. Дар қабати аввал барои занҳо хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст, дар табақаи дуввум бошад, барои мардон.


ИмрӯзNews: - Барои онҳое, ки ҳамчун сайёҳ вориди осоишгоҳ мешаванд, чӣ?
Давлаталӣ Самизода: - Барои дар сатҳи хуб пешвоз гирифтани сайёҳону истироҳаткунандагон мо 10 сандалиро муҷаҳҳаз намудем ва ҳамчунин барои гирифтани парафин 40 сандалии дигар овардем.
Ду утоқи дигар барои гирифтани сӯзандармонӣ ба истифода додем. Барои гирифтани электрофорез 3 утоқи дигарро ба истифода супоридем. Утоқҳоро бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз карда истодаем.
Ҳамчунин, як мағоза бунёд намудем, ки дар он ба истироҳаткунандагону сайёҳон масолеҳи ҳунарҳои мардумӣ пешниҳод мешавад.
Дар умум, барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани сайёҳону истироҳаткунандагон омодаем ва тамоми шароитро барояшон муҳайё сохтаем.

ИмрӯзNews: - Бо вуҷуди ин, нигарониҳое ҳам буданд, ки теъдоди истироҳаткунандагону табобатгирандагон зиёд аст ва осоишгоҳ имкони зудхизматрасониро надорад. Ин ҳолатро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
Давлаталӣ Самизода: - Дар ҳақиқат, дар мавсими тобистон навбат хеле зиёд буд. Мардум безобита мешуданд, асабӣ мешуданд, ба он хотир ки мо ҳамаи онҳоро дар як вақт қабул карда наметавонистем, зеро мардум аз доираи имконоти мо бештар ташриф меоварданд, бе огоҳӣ меомаданд, ё гуруҳ-гуруҳ меомаданд ва ҳама ба умеди табобату истироҳат меомаданд. Мо наметавонем, ки интихоби онҳоро нодида гирем.
Масалан, ҳолате мешуд, ки барои даҳ сандалӣ 40 нафар дар навбат меистоданд, аммо мо дар ин миқдор сандалиҳо имкони дар як соат қабул кардани 30 нафарро доштем, яъне дар 8 соати як рӯз - 240 нафар. Ин басандагӣ намекард ва норозигиҳоро ба вуҷуд меовард.
Ҳоло, ки имкониятҳоямон зиёд шуд, метавонем дар як шабонарӯз то1000 нафарро қабул намоем.
ИмрӯзNews: - Дар маҷмӯъ, имсол чӣ қадар муштариёнро фаро гирифтаед ва оё гуфта метавонед, ки то охири сол дар умум, чӣ қадар муштариён барои табобату истироҳат ба “Хоҷа Обигарм” меоянд? 
Давлаталӣ Самизода: - Баъди эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, дар ҳақиқат, теъдоди муштариёни мо нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд гардид. Агар ба рақамҳо назар намоем, муайян мегардад. Масалан, дар соли 2017 агар 11626 нафар истироҳатгиранда омада бошад, имсол 13448 нафар то айни ҳол. Ин нисбат ба соли гузашта 1822 нафар зиёд буда, афзоиш қариб 20%-ро дарбар мегирад. Ин танҳо дар нуҳ моҳ аст. Аз лиҳози ҳаҷми маблағҳои хизматрасонӣ ҳам тафовутҳо зиёданд.

ИмрӯзNews: - Айни замон осоишгоҳ дар моҳ чӣ қадар ва дар сол чӣ қадар имкони қабули муштариёнро дорад?
Давлаталӣ Самизода: - Баъди таъмир намудани ҳуҷраҳое, ки барои истироҳатгирандагон пешбинӣ шудаанд, метавонем, ки дар як шабонарӯз 652 нафар истироҳатгирандаро қабул намоем. Дар як моҳ қариб ба 19000 нафар ва дар як сол бошад, ба 228000 нафар хизмат расонида метавонем.
Агар ба рақамҳо назар намоем, бо шароите, ки мо ташкил кардем, ҳоло танҳо 10 дарсадашро истифода мекунему халос.

ИмрӯзNews: - Шаҳрвандони хориҷӣ чӣ қадар омаданд?
Давлаталӣ Самизода: - Соли гузашта ба осоишгоҳи “Хоҷа Обигарм” аз хориҷи кишвар 204 нафар омоданд. Имсол бошад, то ин замон 391 нафар ворид шуданд. Айни ҳол дар осоишгоҳи “Хоҷа Обигарм” аз 24 кишвари дунё барои истироҳат омадаанд. Дар миёни онҳо теъдоди истироҳаткунандагон аз Ӯзбекистон хеле зиёд аст.


ИмрӯзNews: - Нархгузории осоишгоҳи “Хоҷа Обигарм” нисбат ба дигар осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо чӣ тафовут дорад? 
Давлаталӣ Самизода: - Масъалаи муътадил нигоҳ доштани нархи осоишгоҳ, ин иқдоми Пешвои миллат аст, ки ҳамеша таъкид мекунанд, ки мо бояд ба мардум хизмат кунем.
Нархгузории осоишгоҳи “Хоҷа Обигарм” чунин аст: агар барои як нафар 165 сомонӣ бошад, дар даввоми 12 рӯз 1980 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин 50 сомонӣ дар як шабонарӯз барои хӯроку табобат ва боқимонда барои андозу барқ ва нигоҳубини осоишгоҳ равона карда мешавад.
Дар дигар истироҳатгоҳҳо чунин нархгузорӣ нест. Дар хориҷа ҳам бо чунин маблағ пайдо кардани осоишгоҳе, ки ҳам табобат бошад ва ҳам хӯрок диҳанд, мушоҳида намешавад.

ИмрӯзNews: - Айни ҳол дар осоишгоҳ чанд нафар фаъолият мекунанд, маоши миёна чӣ қадар аст?
Давлаталӣ Самизода: - Бо супориши бевоситаи Пешвои миллат, соли 2012 “Осоишгоҳи Хоҷа Обигарм” аз тобеияти Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
То он давра осоишгоҳ дар як шароити хеле вайрона ва ҳатто дар ҳолати аз байн рафтан қарор дошт. Ин ҳама баъди барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва солҳои нооромӣ, шояд аз беаҳмиятиву бетаваҷҷуҳӣ ба миён омада буд. Баъди супориши бевоситаи Президент тавваҷҷуҳ ба осоишгоҳ зиёд гардид ва оҳиста-оҳиста ободу зебо шуд.
То замони ба тобеияти Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштани осоишгоҳ дар як сол ба буҷаи ҷумҳурӣ аз ҳисоби андозҳо ҳамагӣ 250000 ҳазор сомонӣ пардохт мешуд. Маоши миёнаи коргарон 160 сомониро ташкил дода, теъдоди кормандон қариб 100 нафарро ташкил медод. Дар давоми панҷ соли охир теъдоди кормандон аз 99 ба 145 нафар расонида шуд. Маоши миёнаи кормандон бошад, аз 160 сомонӣ ба 1124 сомонӣ боло рафт. Аз 250000 ҳазор сомоние, ки аз ҳисоби андоз ба буҷаи давлат пардохт мешуд, ҳоло бошад, қариб ба ду миллион оварда расонидем.


ИмрӯзNews: - Як нафаре, ки ба истироҳату табобат зарурат дорад, чаро маҳз “Хоҷа Обигарм”- ро интихоб кунад? Яъне аввалият ва тафовути ин осоишгоҳ дар чист? 
Давлаталӣ Самизода: - Такрор ҳам шавад, зикр кардан ҷоиз аст, ки баъди супориши Пешвои миллат, осоишгоҳи “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро, ки дар байни кишварҳои Иттиҳоди Шуравӣ дошт, дубора барқарор намуд. Ҳоло аз гузашта дида, боз зеботар гардидааст ва ба тамоми талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯст. Ин аз як тараф.
Аз самти дигар, табобатҳои табиие, ки мо ба роҳ мондаем, аз оби радонӣ ва буғи радонӣ, ин таваҷҷуҳи мардумро ҷалб кард. Ба гуфтаи мутахассисон, ин обе, ки аз қаъри замин мебарояд, барои тамоми организми инсон зарур ва фоидаовар аст. Нафароне, ки инро медонанд, меоянд.
Мо дар ин ҷо ягон василаи сунъиро умуман истифода намекунем. Ҳамааш табиӣ аст, табиат мардумро табобат мекунад.

ИмрӯзNews: - Чаро маҳз оби “Хоҷа Обигарм” бештар таваҷҷуҳбарангез аст?
Давлаталӣ Самизода: - Обу буғе, ки дар “Хоҷа Обигарм” ҳаст, ягона ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Обҳои гарм дар дигар минтақаҳо низ дида мешаванд, масалан дар Файзобод, Роғун, Ҳисор ҳаст, вале элементҳо ва шифобахшие, ки оби “Хоҷа Обигарм” дорад, дар онҳо нест.
Аз рӯйи баъзе маълумотҳо, ҳамин гуна об, ки чандин навъи элементҳои химиявиро дар бар мегирад, чанд сол пеш дар Фаронса буд, вале бо сабабҳои номуайян хушк шуда, аз байн рафт. Яъне, агар гӯем, ки ин гуна об дар ҷаҳон нест хато намекунем, зеро то ба имрӯз дар ягон ҷои дигар ба қайд гирифта нашудааст.
Барои ҳамин, мо ин ҷоро навсозӣ намудем ва хеле эҳтиёт кардем, ки осебе ба обу буғ нарасад.
Ҳатто гармкунакҳое, ки ин ҷо ҳастанд, оби гармашон низ табиӣ аст. Мо тавонистем, ки ин неъмати Худододро ба манфиати мардум истифода кунем. Солҳои Шуравӣ ба хотири гарм нигоҳ доштани бино гармхона мавҷуд буд, ки аз он истифода мекарданд.
Вақте мо корро оғоз кардем, оберо, ки ҳарораташ 90-95 дараҷа гармӣ аст, мавриди истифода қарор додем, ки ҳамеша хизмат мерасонад. Агар дар тобистон чунин ҳарорат дошта бошад, дар зимистон 80-75 дараҷаро дар бар мегирад. Аз ҳамин ҳисоб хароҷоти маблағ хеле кам шуд. Дар давраи зимистон аз ҳазор то ду ҳазор нафар омада истироҳат мекунанд. Дар “Хоҷа Обигарм”, ки дар баландии куҳ ҷойгир аст, ки қариб ду-се метр барф меборад. Азбаски фаъолияти осоишгоҳ мавсимӣ нест, мардум меоянд.

ИмрӯзNews: - Дар умум осоишгоҳи “Хоҷа Обигарм” кадом навъи хизматрасониҳоро пешниҳод мекунад?
Давлаталӣ Самизода: - Мо қариб 17-18 навъи табобатро ба роҳ мондаем. Мақсад ин аст, ки ҳамин 17 – 18 намуди хизматрониро мардум ба пуррагӣ дастрас намоянд. Барои ҳамин, нақша дорем, ки теъдоди ҳуҷраҳоро зиёд намоем, то мардум омада, бенавбат табобат гиранд. Танҳо аз ҳисоби обдармонӣ шаш навъи табобат мавҷуд аст.

ИмрӯзNews: - Мизоҷон бештар кадом навъи табобатро бештар мехоҳанд?
Давлаталӣ Самизода: - Мизоҷони мо бештар хостори буғу об ҳастанд. Аз рӯйи нишондодҳои тиббӣ, ки мо дар девори буғхона ва обҳо навишта овезон кардаем, бояд як рӯз буғ гиранд, як рӯзи дигар об гиранд. Ҳамаи ҷараёни табобат бояд аз рӯйи меъёрҳои муқарраркардаи табибон ба роҳ монда шавад.
Мардум аксаран як гап доранд, ки “мо барои буғ омадем, барои об омадем, агар ин чизҳо намешуд, намеомадем. Мо мехоҳем ҳар рӯз буғ гирем”.
Вале табибон мегӯянд, ки бояд ҳамааш меъёр дошта бошад. Мо як ролики маълумотдиҳанда омода кардем ва табобатгирандагонро огоҳ мекунем, ки чанд дақиқа дар куҷо истанд, бояд чӣ корҳоро кунанд. Мутаассифона, на ҳама ин меъёрро риоя мекунанд.
Аз рӯйи қоида, аз 3 то 12 дақиқа барои ҳар як фард лозим аст, ки дар буғ истад, аз ин зиёдаш зарар дорад.
Аз 7 то 15 дақиқа дар об истад. Ин оби радонӣ аст. Нафароне, ки фишорбаландӣ доранд, истифодаи аз меъёр зиёд фишорашонро баланд мекунад, ё нафароне, ки ба бемориҳои дил гирифторанд, азият мекашанд, имконияти нафасгардон шудан мавҷуд аст.

ИмрӯзNews: - Табиист, ки ҳар сол барои таъмири инфарсохтори дохили осоишгоҳ зарурат ба миён меояд. Аз кадом ҳисоб ва кӣ онҳоро анҷом медиҳад?
Давлаталӣ Самизода: - Дар аввалин қадаме, ки осоишгоҳ ба тобеияти Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт, маблағ ҷудо намуда, таъмир карданд. Аз соли 2012 ба ин тараф 30 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.
Аксари ин маблағҳо аз ҳисоби Дирексия аст. Ҳамчунин, аз ҳисоби хизматрасонии худи осоишгоҳ аст ва аз ҳисоби эҳсонкорон, ки омаданду саҳми худро гузоштанд.
Ҳоло “Хоҷа Обигарм” шакли худро тағйир додааст ва мардум бе ягон монеа ва мушкилот омада, истироҳату табобат мекунанд.

ИмрӯзNews: - Баъзан ҳолатҳое ҳастанд, ки ин ё он хизматрасонӣ мушатариёни алоҳидаро қаноатманд намесозад. Дар ин ҳолат чӣ чорандешӣ мекунед?
Давлаталӣ Самизода: - Агар ҳамин ҳафта панҷоҳ нафар оянд, панҷоҳ навъи характер доранд. Моро зарур меояд, ки бо ҳар кадоми онҳо созишу муносибат намоем. Бархе ҳолатҳое мешаванд, ки хизматрасониҳои пешниҳодшуда ба истироҳаткунанда писанд намеояд. Ин вобаста ба навбатпоӣ ҳам ҳаст, баъзан аз таомҳои ошхона ҳам шикоят мекунанд. Фикр намекунанд, ки ин ҷо осоишгоҳ аст, таомҳои сабуки парҳезӣ ба роҳ монда шудааст. Бисёриҳо, ки дар тарабхонаҳо хӯрокҳои болаззат хӯрда, одат кардаанд, хӯрокҳои пешниҳоднамудаи мо, ки барои парҳез ҳастанд, маъқулашон намешавад.
Дар чунин ҳолатҳо кушиш мекунем, ки нафареро, ки аз хизматрасонӣ норозист, ҳолаҳоро фаҳмонем, агар камбудӣ бошад, ислоҳ намоем ва умуман, то замони ин ҷо будани он нафар коре кунем, ки нороҳатияшро дур кунем.

ИмрӯзNews: - Дар ин навъи хизматрасонӣ ҳам рақобат мавҷуд аст? Ба назари Шумо рақобат чӣ гуна ҷараён мегирад?
Давлаталӣ Самизода: - Рақобат дар ҳама чиз дида мешавад. Бубинед, ки сол аз сол дар ҳамин дараи Варзоб чӣ қадар хонаҳои мавзеъҳои истироҳатӣ бунёд гардида истодаанд. Мешавад гуфт, ки инҳо рақибони мо ҳастанд. Солҳои пеш дар дараи Варзоб ягон хонаи истироҳатии хуб набуд, ки мардум истифода кунанд. Аз ин сабаб ҳама ба “Хоҷа Обигарм” меомаданд.
Ба хотири баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва рақобатпазирӣ мо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ мондаем. Мутахассисони онҳо омада, барои пешхизматҳову ошпазон курсҳои кутоҳмуддат доир намуданд.
Ҳамаи табибон, бародарону хоҳарони шафқатро аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидем.
Ҳадафи мо ин аст, ки “Хоҷа Обигарм” бояд ҳамеша дар мавқеъи намоён бошад.


Мусоҳибаи
Фурӯзон Аъзамзод
ИмрӯзNews
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter