• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Форуми соҳибкорони тоҷику қазоқ: майдони тиҷорат фарох аст

Дар рӯзи аввали ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Тибқи ин аснод, ширкати марбут ба соҳибкори тоҷик Рустам Саидов 50 автомобили тамғаи “JAC” ворид карда, ҳамчунин, салоҳияти дилерӣ барои автомобили мазкур дар қаламрави Тоҷикистонро хоҳад дошт.  Тибқи созишномаи дигар, байни Тоҷикистону Қазоқистон Шӯрои кории “Тоҷикистон-Қазоқистон” таъсис меёбад.
Шӯрои якуми кории Тоҷикистону Қазоқистон ва Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорони ин ду кишвар рӯзи 9 август дар шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Бино ба хабари расмӣ, ин ҳамоиш бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдои хориҷии Қазоқистон “ПМС “Атамекен” ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурлан Сейтимов гуфт, аз ҷониби Қазоқистон дар ин ҳамоиш 20 ширкати истеҳсолкунандаи маҳсулоти мошинсозӣ, сохтмонӣ, тиббӣ, озуқаворӣ ва ғ. иштирок мекунанд. Ҷониби Тоҷикистонро бошад, беш аз 100 ширкат намояндагӣ дорад. Аксари ин ширкатҳое будаанд, ки “аз харидории маҳсулоти Қазоқистон ҳавасманданд”.
“Чунин чорабиниҳо ба рушди тиҷорати дуҷониба ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон мусоидат менамоянд. Сарони давлатҳои мо барои рушду тақвияти робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ҳамаи шароитҳои созгорро фароҳам оварда, барои беҳтар сохтани муносибатҳои дуҷонибаи шарикона миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар пояи мустаҳкам бунёд кардаанд”,-гуфт сафир зимни ифтитоҳи ҳамоиш.
Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, шарикони ҳамкор, дарёфти самтҳои нави корӣ ва таҳкими робитаҳои соҳибкорони ватанӣ бо хориҷӣ арзёбӣ гардид:

“Ин ҳамоиш бо дастгирии Агентии миллӣ оид ба содирот ва сармоягузории “KAZNEX INVEST”-и Вазорати сармоягузорӣ ва рушди Ҷумҳурии Қазоқистон дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он корхонаҳои соҳаҳои сохтмонӣ, хӯрокворӣ, химия, фармасевтӣ ва мошинсозӣ бо шарикони тоҷик дар бораи имкониятҳои таҳвили маҳсулот гуфтугузор намуданд. То имрӯз робитаи ҳамкори миёни ҳар ду кишвар дар сатҳи баланд идома дорад ва минбаъд низ чунин имконият роҳҳои нави муносибатро миёни ҷонибҳо боз мекунад”,-гуфта мешавад дар маълумоти расмӣ.
Дар ҳамоиш соҳибкорони қазоқистонӣ пешниҳод кардаанд, ки омодаанд, робитаро бо корхона ва ширкатҳои Тоҷикистон ҷиддӣ ба роҳ гузоранд ва воридоту содиротро ба роҳ монанд.Дар ҳамоиш ҳамчунин масоили марбут ба рушди минбаъда ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-сармоягузор, муайянсозии самтҳои авлавиятдори шарикии дуҷониба баррасӣ гардид.
Дар зимни рӯзи аввали ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон созишномаҳои ҳамкории зери ба имзо расиданд:

- Созишнома оид ба таъсиси Шӯрои кории “Тоҷикистон-Қазоқистон”, ки онро Ҳамраиси Шӯрои корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Палатаи савдои хориҷии Қазоқистон, Ҳамраиси Шӯрои корӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон Букейханов Нурали Олимович ба имзо расониданд;
- Созишнома оид ба интиқоли 50 адад автомашинаи тамғаи “JAC”, ки онро директори ҶСП “Холдинги Гуруҳи Осиёи Тоҷикистон” Рустам Саидов ва директори тиҷоратии ТОО “СариарқаАвтоПром” (истеҳсоли автомобил ва таҷҳизоти тиҷоратӣ) Ирина Миронова ба имзо расониданд;
- Созишнома оид ба пешниҳоди салоҳияти дилерӣ барои тақсимоти автомашинаи тамғаи “JAC” дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки низ онро директори ҶСП “Холдинги Гуруҳи Осиёи Тоҷикистон” Рустам Саидов ва директори тиҷоратии ТОО “СариарқаАвтоПром” (истеҳсоли автомобил ва таҷҳизоти тиҷоратӣ) Ирина Миронова ба имзо расониданд.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
скачать активатор ----- Напишу я вам следующее ----- аренда рабочего места ----- Слушайте хорошие песни ----- вход в личный кабинет госуслуг ----- вам больтше нечего делать, кроме как читать это))) ----- https://lk-tinkoff.com/ ----- как сказали таким и сделал ----- триколор тв личный кабинет
аренда ленинградское шоссе ----- Посмотрите какой сайт я нашел ----- проспект мира 33 олимпик плаза ----- Вот ссылки на осифы в бизнес центре ----- бц московский шелк ----- Ушли далеко вперед от этой темы ----- бц гранд сетунь плаза ----- Ссылка для обзоа Просто ----- бц красная роза ----- пора обустроить тут всё ----- аренда central city tower ----- этот как из той прекрасной песни ----- capital house бц ----- дальше действовать будем мы! цой - тинькофф ----- активатор виндовс 10 kmsauto net portable ----- смотри как активировать винду ----- http://activator-windows-7.net/
Спасибо автору за интересныцй текст ----- геморрой что это
аренда автомобиля европа ----- Мы могла мы сделали -----
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter