• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Аз Душанбе то Помир бо “Тселл” (36 акс)

Сафари гуруҳи 11-нафараи хабарнигорони ВАО-и Душанбе ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро шартану рамзан метавон ба ду бахши хеле ҷолиб ҷудо кард:
Назири Нусрат
ИмрӯзNews
Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Душанбе

1. Қисмати расмӣ, ки ба он боздид аз истгоҳҳои таъминоти алоқаи ширкати “Тселл” дар шаҳрҳои Кӯлобу Хоруғ, иштирок дар маросими кушодашавии фестивали байналмилалии “Боми ҷаҳон”, боздид аз Карон, мулоқоту суҳбатҳои ихтисосӣ бо намояндагони ширкати мазкур ва иштирокчиёни фестивалу сокинони вилоят ворид аст.

2. Қисмати ғайрирасмӣ, ки аз боздиду мулоқот бо дӯстону хешовандон, тамошои табиати нотакрори Помир... ва албатта, шунидани латифаҳои намакин аз забаони мардумони гуногунлаҳҷа иборат буд.
Ин ҳама дар якҷоягӣ барномаи ҷолиби саёҳатиеанд, ки мутамаинан, барои ҳар як иштирокчии ин сафар хотирмон буд. Бахусус, барои онҳое, ки мисли ман бори аввал ба ин вилоят рафтанд.
Ҳар бахше аз барномаи сафар хотироте фаромӯшношуданиро дар худ дорад. Барои муаллифи ин сатрҳо ҳам, ки зимни бозгашт дар роҳи аз Дарвоз то ба Душанбе ва то ҳол тасвири он ҳама дар чашму дар зеҳн боқист.

Помир танҳо бо қуллаҳои осмонбӯсаш ҷаҳоншумул нест. Ин ҷо фарҳанги ба худ хос ҳам дорад. Тавассути барномаи саёҳатии ширкати “Тселл” ба мо ҳам муяссар шуд, ки чанд лаҳза ин фарҳангро аз наздик бубинем. Балки худро ҷузъе аз ин фарҳанги ҷаҳонӣ тасаввур кунем.
Иштирок дар маросими кушодашавии ҷашнвораи байналмилалии “Боми Ҷаҳон” ҷузъи асосии барномаи сафар буд. Ин ҷашнвора рӯзҳои 27-29 июл дар Боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Хоруғ – “Чорбоғ” буд. Имсол дар ин фестивал меҳмонон аз ИМА, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистону Ӯзбекистон ва ҳама манотиқи Тоҷикистон фарҳангу ҳунари худро ба намоиш гузоштанд. 

Ин бузургтарин фестивали байналмилалии мусиқиҳои этникист. Ширкати “Тселл”, ки яке аз баргузоркунандагон ва сарпарасти расмии ҷашнвора аст, ҳадафи асосии фестивалро дӯстиву бародарӣ миёни мардумон, таъсиси фазо барои муаррифии фарҳанги миллӣ, мероси анъанавӣ ва таърихи бойи Помир арзёбӣ мекунад.
Бо як ҷумла метавон ҷашнвораро чунин тасвир кард: аз дурдасттарин минтақаҳои Тоҷикистон, кишварҳои ҳамсоя ва ҳатто аз он сӯйи уқёнус намояндагони фарҳанги этникӣ гирди ҳам ҷамъ омадаву зери ҳавои кушод ва табиати куҳистон фарҳангу мусиқии худро пешорӯи ҳазорон нафар ба намоиш мегузоранд.


Наврас Хосабеков, менеҷери минтақаии ширкати “Тселл” дар ВМКБ, ки имкониятҳои ширкаташ дар ин минтақаро муаррифӣ мекард, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, шарикӣ дар ҷашнвораи “Боми ҷаҳон” ё сарпарастии он барояшон анъанавӣ шудааст:

“Ҷашнвораи “Боми ҷаҳон”-ро мо аллакай соли дуввум аст, ки фаъолона дастгирӣ мекунем. Имсол ин ҷашнвора аллакай даҳумин чорабинист, ки ширкати мо дар ВМКБ дастгирӣ мекунад. Ба ширкат дархостҳои зиёд оид ба сарпарастӣ ворид мешаванд, аммо на ҳамаи онҳо дастгирӣ меёбанд, зеро на ҳамаи вазифаю барномаи дархостҳо ба ҳадафҳои “Тселл” мувофиқанд. Мо кайҳо худро ширкати мардумӣ эълон кардаем ва ҳамаи он лоиҳаҳое, ки барои мардум ва наздикшавӣ бо мардум аст, дастгирӣ мекунем”,-изҳор дошт Хосабеков.
Ҷузъи ҷолибтари дигар дар ин барнома боздид аз Боғи ботаникии Помир буд. Ин баландтарин Боғи ботаникӣ дар миқёси пасошӯравист, ки дар худ беш аз 4 ҳазор навъи дарахтон ва буттаву растаниҳоро қариб аз кулли кишварҳои ҷаҳон ҷой дода.


Дар ҳамин мавзеъ, ки баландтарин нуқтаи шаҳри Хоруғ ҳам меноманд, истгоҳи таъминоти алоқаи мобилӣ аз ширкати “Тселл” ҳам ҷойгир аст.

Маълум гардид, ки ин истгоҳ барои ширкати “Тселл” хеле аҳамият дорад. Таҷҳизоте, ки ин ҷо насб шудааст, на танҳо худ дар як вақт сокинонро бо алоқаи баландсифати мобилӣ таъмин мекунад, балки ҳамзамон беш аз 20 дастгоҳеро, ки дар минтақаҳои дуртару баландтар ҷойгиранд, бо мавҷ таъмин месозад:

“Ин истгоҳ кулли шаҳри Хоруғ ва минтақаҳои атрофро бо алоқаи боэтимоди доимӣ таъмин мекунад. Ин муҳимтарин истгоҳ барои ширкат маҳсуб меёбад”,-гуфтанд масъулони ширкат.
Лаҳзае қарор доштан дар ин баландтарин мавзеъи шаҳри Хоруғ ҷолибиятҳои дигареро ҳам ба намоиш мегузорад. Аз ин ҷо шаҳри Хоруғ чун рӯи каф метобад. Як сӯ баландиҳои Ишкошим, ки Шохдара ҳам мегӯянд. Тарафи дигар – роҳи мошингарди Хоруғ то сарҳади Қирғизистон. Дуртар аз мо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, неругоҳи барқӣ-обӣ... ва ба ҳам пайвастани ду дарёи бузурги Бадахшон – Fунд ва Шохдара, ки дарёи Панҷро ба вуҷуд меоранд.


Ин ниҳояти сафари дастаҷамъии хабарнигорон бо “Тселл” нест. Масъулони ин ширкат нақша доранд, ки ояндаи наздик барои журналистон боздидҳоро ба минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ ташкил кунанд.шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
ленинградское шоссе 25 ----- Мои вопросы - твои ответы ----- тц олимпик плаза ----- Арендой недвижимости интересуешься? ----- бц московский шелк офисы ----- Не смотря ни на что мы будем жить и действовать дальше! ----- бц гранд сетунь плаза ----- Это не реклама, это рекомендация ----- бизнес центр красная роза ----- самый лучший комментарий ----- бц централ сити тауэр ----- где лучшие тусовки? у нас в бц ----- capital house бц ----- дальше действовать будем мы! цой - тинькофф ----- активатор виндовс 10 kmsauto net portable ----- инфа тут ----- активатор windows 7 ultimate
Спасибо автору за интересныцй текст ----- сайт записи к врачу
аренда авто греция ----- Банковская сфера -----
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter