• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Муқим Майбалиев: 11 пешниҳод барои ҳалли мушкили муҳоҷират

Пас аз инқирози империяи мустамликадорӣ дар ибтидои асри 20 тақсим ва забти ноодилонаи сарватҳову захираҳои моддии сайёра ва мавҷи ҳиҷратҳои глобалӣ оғоз шуданд. Кишварҳои Аврупо дар оғози садаи бистум талош доштанд, ки муҳоҷирати бузург ба Амрикоро ба низом дароранд. Маҳз дар ин давра муҳоҷират як бахш ва омили муҳими сиёсат гардид. Илми муҳоҷиратшиносӣ низ ба вуҷуд омад.
Муқим Майбалиев
шаҳри Твери вилояти Твер
махсус барои “ИмрӯзNews”


Табиист, ки муҳоҷират аз ибтидои пайдоиши олам танҳо барои беҳбуди зиндагии моддӣ буд. Муҳоҷирати ҳайвоноту парандаҳо низ барои ғизо буд, ки аломати он дар муҳоҷирати инсонҳо нақши худро гузошт. Маснуияти он қариб баробар мебошад. Мутаассифона, ҳанӯз то қабули низом ва қонунҳои муҳоҷиратӣ дар собиқ ҷумҳуриҳои Итиҳоди Шӯравӣ муҳоҷирати бенизом шуруъ гардид. Аз ҷумла, аз кишвари мо сели муҳоҷирон ба Русия - чун меросхӯри Иттиҳоди Шӯравӣ мерафтанд. Вале худи Русия ба ин омода набуд. Ба қавли Франсис Бэкон, “Fулом худаш ғуломдорӣ карда наметавонад”. Аллакай дар соли 1995 Русия ба мушкилоти азими муҳоҷирати меҳнатӣ дучор шуд. Бо се ҳадаф - сармоя, фирор аз қонун ва зисти беҳтар садҳо ҳазор тоҷикон дар Русия муқим шуданд. Дар ин давра, дар мавҷи дуюми муҳоҷират, аллакай одамони нисбатан омода ва босавод ба хориҷ рафтанд. Ин қишр зуд ба қонунҳои ҳанӯз хоми Русия тобеъ гардид. Маҳз ҳамин қишр Ҳукумати Федратсияи Русияро маҷбур кард, ки дар қонунугузорӣ ва низоми ҷомеа тағйироти куллӣ ворид намояд. Ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд. Ҳанӯз соли 1999 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаҳои робитаҳои иқтисодии Русия муҳоҷирати меҳанатиро - барномаи афзалиятноки ҳар ду тараф эълон кард. Барои танзими муҳоҷират се қонун, даҳҳо шартномаҳо ба имзо расиданд. Консепсияи танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, алалхусус, баъди ислоҳоти пулии соли 1999 барои дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ низ намуна гардид.
Дар нахустин мулоқоти Пешвои миллат бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия маҷмӯи санадҳои зарурии танзими дуҷонибаи муҳоҷират такмил ёфтанд. Маҳз ин ба оғози манфиати иқтисодии муҳоҷирати меҳнатӣ асос гузошт.
Дар иқтисоди Тоҷикистон ҳиссаи муҳоҷират чун манбаи ғанишавии буҷа маҳсуб гардид. Вале бадбахтона, Ҳукумати Русия ва чанд масъулини ноуҳдаброи ин бахш раванади табиӣ, усули инкишофи соҳаро хуб дарк накарданд.
Муҳоҷират мисли бинои даҳошёна аст. Аз манзили якум, яъне деҳот, ба манзили дуюм - яъне шаҳр ва сеюм - вилоят, чорум - пойтахт муҳоҷир дар дохил ҳаракат мекунад. Аммо манзили даҳум аллакай муҳоҷирати хориҷӣ аст. Бадбахтона, дар давраи соли 1996 одамони манзили якум яку якбора ба манзили даҳум ҷо гирифтанд. Ин маҳз бадбинӣ - куштор, рақобати носолим ва ҳатто талафоти ҷониро ба вуҷуд овард. Мо маҳз ба ин хотир ҳанӯз соли 1998 маҷмуи дастурҳои хаттӣ барои муҳоҷирони меҳнатиро тартиб додем. Аз “салом” - то нишаст дар нақлиёт, аз таомхурӣ - то кор дар кӯча... дарси амалӣ дар вилояти Твер ҷорӣ гардид.
Муҳоҷир, бахусус мардуми тоҷик, ҳатто дар кишвари биҳиштӣ низ шабу рӯз дар орзуи бозгашт аст. Ривоят мекунанд, ки дар куҳистон паррандае аст, ки баъди паррончак шудан тамоми оламро давр мезанад, аммо вақти заифӣ ё пирӣ худро ба ҷойгоҳаш мерасонад. Муҳоҷири тоҷик гӯё ҳамтақдири ин парранда аст.

Ман шахсан, ҷисман дар Русия бошам, руҳан ва тафаккурам дар Тоҷикистон аст. Номам Муқим бошад ҳам, ҳеҷ гоҳ муқими кишвари хориҷӣ шуда наметавонам. Ман сад бор такрор кардам ва боз мегӯям, ки тоҷики сармоядор, ягона тоҷики шаҳрванди Русия ҳамеша ба умеди бозгашт ба ватан аст. Ба ибораи овозхон Парвиз Назаров “парвози ман фақат ба хотири бозгашт аст”.
Мо ҳолати равонии муҳоҷири точикро шарҳ додем. Акнун зарур аст, ки манфиати иқтисодии муҳоҷиратро хотиррасон кунем. Имрӯз давлатҳои абардқудрати саноатии ҷаҳон, ба монанди Ҳиндустон, Покистон, Филиппин, Туркия маҳз бо сармояи муҳоҷирон иқтисоди тавоноро барпо кардаанд.
Бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабакаи басо қавӣ ва амалии танзими ин бахши иқтисод таҳия гардид. Барои шабакаи бонкии кишвар шароит муҳайё шуд. Системаҳои интиқоли мабалағҳо рӯи кор омаданд. Монеаҳои молиявии ин самт бартараф шуданд. Соле беш аз 2 миллиард пули нақди бонкӣ ва тахминӣ то 2 миллиард мол тавассути интиқоли инфиродӣ ба Тоҷикистон сармоя ворид мешавад.
Мутаассифона, мо баъзан дар пасманзари эҳсосот ва ҳатто ғаразҳо аз сиёсат ва бархӯрди Ҳукумати Тоҷикистон гила мекунем, ки ғамхорӣ дар ҳаққи муҳоҷирон суст мебошад. Асло ин тавр нест. Ман ба ҳамкорон - роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони Русия арз мекунам, ки бархӯрд ва сиёсати муҳоҷирати меҳнатии Тоҷикистон комилан ба манфиати муҳоҷирон аст. Набояд фаромӯш кард, ки гузаштҳо дар шартномаи будубоши пойгоҳи низомии Русия, Маҷмааи дидбонии “Окно” дар Норак, барномаи рушди маданияти Русия дар Тоҷикистон ва ғайра танҳо ба хотири муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Дар паси ҳар мулоқоти дипломатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо муаммо ва мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ҳал мегардад.
Дар паҳлуи манфиати молиявӣ мо бояд дигар паҳлуҳои мусбати муҳоҷирати меҳнатиро зикр кунем. Ошкоро бояд қайд кард, ки ҳунар ва касбҳои таъмиргарӣ, бинокорӣ ва ороишро маҳз муҳоҷирони меҳнатӣ ба Тоҷикистон оварданд. Чанде пеш дар шаҳри Душанбе бо чанд собиқ ҳамкорам дучор шудам. Онҳо дар як ширкати бонуфузи сохтмонӣ таҷрибаи бинокорони Русияро татбиқ мекунанд.
Ҳамзамон муҳоҷират дар ҳар ду ҷониб бадбинии миллӣ, шовинизм ва тундгароии мазҳабиро коҳиш дод. Дар як синф дар шаҳри Твер 5 тоҷик 3 озарбойҷонӣ, ду чечен, даҳ рус бо ҳам дӯстӣ пайдо мекунанд. Дар яке аз таваллудхонаҳои шаҳрии вилояти Твер соли гузашта аз 13 навзод 9 нафар тоҷик буданд. Ман ҳатто шунида будам, ки як зани рус мегуфт: “Инҳо ин қадар бад набудаанд-ку...”
Ба тадриҷ ин имиҷи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд мебардорад. Дар яке аз мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ дар шаҳри Твер парчами Тоҷикистон дар байни 22 минтақа ва 12 давлат бардошта шуд.
Ногуфта намонад, дар шароити кунунӣ муҳоҷирати имрӯз аз муҳоҷирони солҳои навадум ба куллӣ фарқ мекунад. Муҳоҷири имрӯза Равшан ва Ҷамшуд нест. Дар солҳои 2013-2015 беш аз панҷсад нафар табибон, барномасозон, муҳандисон ва омӯзгорон ба Русия омаданд. Онҳо аллакай медонанд, ки муҳоҷират – ин калиди равобити Русия вв Тоҷикистон аст. Онҳо аз маданият ва урфу одати Русия огоҳ мебошанд. Дар танзими муҳоҷирати меҳнатӣ собиқ сафирони Тоҷикистон Сафар Сафаров (руҳашон шод бод) Абдулмаҷид Достиев саҳми арзанда гузоштанд. Онҳо тавонистанд, ки Ҳукумати Федратсияи Русияро мӯътақид кунанд, ки 40 фоиз бозори Русия ба меҳнати муҳоҷирон кор мекунад. Танҳо бо омори расмӣ 23 фоиз буҷаи Русия аз ҳисоби меҳнати муҳоҷирон ғанӣ мегардад. Дар даҳ соли охир 167 деҳоти Русияро муҳоҷирони меҳнатӣ эҳё кардаанд.Вале паҳлуҳои манфии муҳоҷиратро низ сарфи назар накунем. Муҳоҷират - ин аллакай самти стартегӣ аст. Пас ба ин самт бояд сохторҳои расмӣ ҷиддан машғул шаванд.
Албатта, сафирон ва дигар сохторҳи дипломатӣ корманди хадамоти муҳоҷират нестанд, аммо ҳифзи манфиати ҳуқуқии муҳоҷирон, рушди ҳамкорӣ дар ин бахш вазифи ҷонии корпуси дипломатӣ мебошад. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия бояд даҳҳо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро амалӣ намояд.
Биёед ошкоро аз хатарҳо чашм напӯшем. Ман омори куҳан ва навро зикр намекунам, аммо қувваи бузурги меҳнатии муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба ҳар гуна таркиш ва ҷунбиши манфӣ қодир аст. Ба касе пушида нест, ки дин ва умуман, ҳамаи оинҳои мазҳабии Русия танзимнашаванда мебошанд. Ҳатто дар баъзе ҳолатҳо тундгароии динии Русия аз равияи салафияи мо бадтар аст. Ин ба муҳоҷир, ки табиатан ҳамеша аз ҳар гуна ҳукумат норозӣ аст, таъсиргузор мебошад. Бадтараш он аст, ки муҳоҷирони мо мақоли славянии “Наҷоти ғарқшудагон дар дасти худи онҳост”-ро фаромӯш мекунанд. Ҳамаро аз мушкилоти кӯча то оила ба гардани Ҳукумат бор кардан лозим нест. Хатарро пешгирӣ кардан осонтар аст, аз он ки баъдан пайи хомӯш кардани он талош кунӣ.
Дар 78 масҷиди Русия намояндагони Тоҷикистон имом-хатиб ҳастанд. Аз 500 ҳазор мусулмони мо на ҳама хатару даҳшати ДИИШ, Салафия ва “Ҳизби таҳрир”-ро медонанд. Барои ин ҳам то 70 фоиз ҷангиёни ДИИШ аз тариқи Русия ба Сурия ва Ироқ рафтанд.
Дар мулоқот ва суҳбатҳои вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба таври илмӣ, оммафаҳм хатарҳои нави муҳоҷирати меҳнатӣ зикр шуданд. Барои ин ягона роҳи илоҷ мавҷуд аст. 20 ё 30 нафар корманди Сафорат аз уҳдаи ин кор намебароянд. Ба ин танҳо ҷамъиятҳои тоҷикон, Марказҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия қодиранд. Чун намояндаи қадимтарин ҷамъияти тоҷикон арз мекунам, ки маҳз ин сохтор метавонад муҳоҷиронро аз равия ва ҷунбишҳои хавфнок дур сохта, ҳисси миллӣ - ватандории онҳоро бедор намояд.
Ҳамзамон бояд дар ёд дошта бошем, ки дар Русия гуруҳҳои ҷиноятии ҳамдиёрони мо фаъол ҳастанд. Муҳоҷири 20-25 солаи бе маълумоти кофиро эмиссарҳои ДИИШ, салафияи тундагро, ҷинояткори фирорӣ, гуруҳҳои ҷиноятӣ, диндорони муътадилу фанатик, руҳониёни дигар оинҳо сайд мекунанд. Албатта, доми ин сайд пул ва сармоя аст. Раванди ба гуруҳҳои ҷиноятӣ ҷалб кардани ҷавонон, таблиғи ТТЭ ҲНИ, тахриби иттилоотии шабакавӣ боиси нигаронӣ мебошад. Банда дар як соли охир қариб 120 бор дар мулоқоту суҳбатҳо, чорабиниҳои оммавӣ дар ин бора ёдрас намудам. Аз як мусоҳибаам иқтибос меорам:
“Табиист, ки тамоми умри инсон аз бешу камӣ иборат аст. Дороию нодорӣ, хастагию руҳбаландӣ танҳо имтиҳони зиндагианд. Ин бешу камӣ тарҷумаи ҳоли мо, сарнавишт ва аъмоли умури мост. Дар бешу камии қариб аз панҷоҳсола хушбахтам, ки дар тамоми манотиқи кишвари азизамон кору зиндагӣ кардам. Дониш, хислатҳои одаму одамгарӣ, такмили касбамро дар зиндагӣ бо мардуми шарифи ин минтақаҳо сайқал додам. Асло солҳои кору зиндагиамро дар вилояти Қӯрғонтеппа ва шаҳри Душанбе фаромӯш нахоҳам кард”.
Ҳангоми таҳияи мусоҳиба суханони нависандаи маъруфи рус - маҳбубтарин дилдодаи Тоҷикистон - Павел Лукнитский ёдам омад:
“Одамони аз берун ба Тоҷикистон омада ду бор гиря мекунанд. Якум, вақти омадан, ки чаро омадам, дуюм, вақти рафтан, ки оё боз меомада бошам”. Албатта, вақти дар Ватан ба кор сар кардан, ман гиряамро он қадар эҳсос накардам. Вале вақти хайрбод ашки чашмонам, гиряи аҳли оилаамро дидам.
Ва ман гуфтам, ки ҳатмӣ бармегардам. Дар лаҳзаи басо бароям фараҳбахши гирифтани мукофот аз дасти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гӯшам гуфт: -Муқимҷон, кай бармегардӣ?
Ман ҷавоб додам:
- Ҷаноби Олӣ, алҳол ман дар он ҷо бароятон заруртарам.
 Пеш аз рафтан ба Русия, ман ҳамчун муовини мудири як ассотсиатсияи калони сохтмонӣ кор мекардам. Ман 24 сол дар Русия зиндагӣ ва кор мекунам. Твер шаҳри дӯстдоштаи ман пас аз Душанбе аст.
Ман як сол пеш зикр кардам, ки таърихи муосири Русия дар даҳсолаи нави истиқлолият ба муаммоҳои сарбастаи ҳиҷрати меҳнатӣ дучор шуд. Нахустин муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 1992 дар Русия бо дилгармӣ пазируфта шуданд. Русия ба қабули муҳоҷирони оммавӣ омода набуд. Аллакай дар соли 2000- ум 56 миллион муҳоҷир Русияро такон дод. Ба ин хотир Ҳукумати Федератсияи Русия ба омӯзиши ҷуқури паҳлуҳои мусбат ва манфии муҳоҷирати меҳнатӣ барнома тайёр кард. Дар ин кор, албатта, мутахассисон аз ҳисоби муҳоҷирон - одамони босавод лозим буданд. Чун коршинос бо унвони фахрии коршиноси салоҳиятдор оид ба масоили муҳоҷират интихоб шудам. Ва дар вилояти Твер амалан собит намудем, ки аз муҳоҷир дар Русия фермер, бинокор ва шаҳрванди таҳаммулпазир ба воя расондан осонтар аст, аз он ки бо зӯрӣ аз ӯ террорист ё қонуншикан созанд. Дар се соли аввал барои 1500 нафар муҳоҷир ҷойи кор омода намудем. Ба таври инфиродӣ дарси иқтисод ва одоби будубош дар Русияро ёд додем.
Муҳоҷир, сарфи назар аз вазъи молӣ, бағоҷи маънавию руҳӣ ва табиист, ки заъфпазир ва озорпазир мебошад. Бахусус, муҳоҷирони шарқӣ ба ин бештар мутааллиқанд. Ин насл ҳоло барои зиндагӣ дар Русия омода аст. Зеро ин насл дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба камол расида, бо забони русӣ, урфу одатҳо шинос аст. Ва ин насл дар мадди аввал Русияро сарзамин ва ватани дуюми худ ҳисоб мекунад.
Дар як соли охир дар олами муҳоҷират тағйироти куллӣ ба амал омаданд. Дар танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ҷумҳуриҳои Молдова, Арманистон, Ӯзбекистон раванд ва амали мусбат ҷорӣ карданд. Дар ин кишварҳо барои истифодаи сармояи муҳоҷирон замина омода шудааст.
Бояд зикр кунам, ки муҳоҷири имрӯзаи муқими Русия камбағал нест. Аммо ӯ истифодаи ин маблағро намедонад. Таблиғи сиёҳ нисбат ба сиёсати сармоягузорӣ ва бархурд ба тоҷирони тоҷик дар дохили Тоҷикистон баъди мурофиаи парвандаи чанд соҳибкор ба тоҷирони тоҷики Русия таъсири бад гузошт. Мутаассифона, ман дар зарфи 3 сол надидам ва нашунидам, ки ягон масъули мансабдор ҳақиқати ин бархурдро дар байни муҳоҷирони Русия шарҳ диҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишвари ИДМ аст, ки дар назди Президент Шӯрои миллии сармоягузорӣ амал мекунад. Бо иқдоми Пешвои миллат дар зарфи 5 сол 167 имтиёз ба соҳибкорон дода шудааст. Чаро барои шарҳи ин барнома ягон бор ба Русия гуруҳҳои таблиғотӣ фиристода намешавад? Мутаассифона, намояндагии матбуотии Тоҷикистон хеле заиф аст. Аз як худи Арманистон 14 шабака ва 7 оҷонсии иттилоотӣ дар Русия намояндагӣ доранд. Вале мо намояндагии садо ва симоро фақат дар ҷашни Наврӯз мебинему халос. Ба фикрам, айб аст, ки мо дар Русия иқдомҳои Пешвои миллатро тавассути ББС ва Рейтерс мефаҳмем.
Ҳафтаи сипаришуда Федератсияи Русия дар сатҳи баланд мусобиқаи ҷаҳонии футболро анҷом дод. Ин тадбир барои танзим ва тақвияти қонунии муҳоҷират таъсири мусбат мегузорад. Худи иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Лаҳмон дар кушодашавии мусобиқот нишони эҳтиром ба неруи ваҳдатсози варзиш мебошад.
Дар фарҷоми ин матлаб ман чанд пешниҳод дорам, ки аз таҷрибаи 25 соли муҳоҷират дар Русия бардоштаам:
1. Муҳоҷират - ин тиҷорат ва дипломатия аст. Танзими он илми муосири сиёсатшиносӣ ва ҷомешиносӣ мебошад. Аз ин рӯ, бояд дар макотиби олии Тоҷикистон факултаи менеҷменти муҳоҷирати меҳнатӣ кушода шавад;
2. Ба ҷамъиятҳо ва марказҳои фарҳангии муҳоҷирони меҳнатӣ ва тоҷикони муқими Русия мақоми расмӣ дода шуда, намояндагии он аз имтиёзҳои дипломатӣ бархурдор бошад;
3. Харита – бизнеси сармоягузорӣ барои тоҷирон ва муҳоҷирони тоҷик дар Русия таҳия шавад. Ҳамаи озмунҳо ва тендерҳо, хариду фурӯши амвол барои муҳоҷирон - тоҷирони тоҷики Русия дастрас бошад;
4. Бонки сармоягузории “Муҳоҷир” (мисли Озарбойҷон ва Қазоқистон) дар Русия ташкил гардад. Барои муҳоҷирони меҳнатии Русия фоизҳои имтиёздор ташкил шавад;
5. Озмуни ҳарсолаи “Беҳтарин сармоягузори ватании хориҷи кишвар” таъсис гардидад, дар сатҳи ҳукумат назорат шавад;
6. Аз ҷониби ҳукумат ва ширкатҳои ватанӣ дар назди ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия воҳиди кории расмӣ таъсис дода шавад;
7. Дар Қонуни муҳоҷирати меҳнатии Тоҷикистон оид ба мақоми муҳоҷир дар давраи нафақа дар партави ислоҳоти синни нафақаи Русия, андозбандии муҳоҷирон тағйироту иловаҳо ворид шавад;
8. Намояндагии расмии Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия кушода шавад;
9. Намояндагии ҷамъият ва марказҳои фарҳангии тоҷикон дар Русия дар шаҳри Душанбе кушода шавад;
10. Собиқаи хуби гузашта - ташкили бародаршаҳрӣ бо минтақаҳои Русия эҳё гардад;
11. Аз тариқи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои замин ва ҷангал дар Русия барои иҷораи дарозмуддат гирифта шавад.

 
Муаррифинома
Муқим Майбалиев зода ва парвардаи шаҳри Душанбе аст. Пас аз хатми Институти хоҷагии қишоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур) дар иншоотҳои муҳими шаҳри Душанбе кор кард. Ҷавонтарин директори совхоз дар водии Вахш буд. Бунёдгузори барномаи сохтмони агрокомплексии деҳот ва ташаббускори барномаи “Саҳро-корхона-савдо” мебошад. Дар ибтидои солҳои 90-ум ба Федератсияи Русия ҳиҷрат намуда, аз коргари қаторӣ то ба сардори муассиса ва баъдан мушовири сохтори давлатии вилояти Твер кор кардааст. Нахустин бунёдгузори ҷамъияти тоҷикон дар хориҷи кишвар мебошад. Ҳамзамон бори нахуст дар Русия маркази омузишӣ ва фарҳангӣ таъсис додааст. Бо иқдоми Муқим Майбалиев барномаи шуҳрат-имиҷи Тоҷикистон дар хориҷи кишвар роҳанадозӣ гардид. Бо ташаббуси ӯ нахустин бор ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Парчами миллӣ ва солгарди Ваҳдати миллӣ дар Русия доир гардиданд.
Алҳол дар баробари шуғли соҳибкорӣ ва фаъолити серсоҳаи ҷамъиятӣ ба ҳайси мушовири губернатори вилояти Твер оид ба танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ифои вазифа мекунад. Иштирокчии 3 мулоқоти Пешвои миллат бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва соҳибкорони муқими Федератсияи Русия мебошад. Аввалин муҳоҷири расмӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ордени “Шараф” қадр гардидааст. Оиладор. соҳиби 5 фарзанд.
 
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
Офрин Муким ин одам ягона точики русия махалгаро нест.Барои вай помири ленинболи кулоби фарк надорад.
бц lighthouse ----- Мне бы этого хотелось ----- capital house бц ----- У каждого спеца есть свой почерк, вы правы ----- бизнес центр nordstar tower ----- Ха ха ха как круто ----- бц w плаза ----- Как сказать что вы делаете не так ----- белая площадь бц ----- Слишком много людей знают эту инфу ----- купить офис в Москве https://www.praedium.ru/catalog/arenda-ofisov/ ----- Уберите слова поразиты из своего лексикона ----- бизнес центр святогор ----- Личный кабинет налогоплательщика ----- Череда выполнененых задач и процессов ----- активатор windows 10 ----- Выкрутитесь из сложившейся ситуации ----- активатор windows 7 ----- Не советую вам об этом забывать ----- http://tricolortv-cabinet.ru/osibka-7/
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter