• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Даҳ омили хавфшикании Ҷамолиддин Нуралиев

Дар нимаи дуюми соли 2016 шубҳа ва шаки институтҳои молиявии дунё ва бонкҳои бонуфузи ҷаҳон дар пайи буҳрони молиявии шадид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш ёфт. Молияшиноси “хатарзудо” Ҷамолиддин Нуралиев фарзияи дуюм - фурӯши евробондҳои қиматноки таҳдобдори НБО “Роғун”-ро пешниҳод намуд.
Маҳз ин фарзияи Нуралиев - ба бозор баровардани евробондҳои Тоҷикистон, дар барномаи “Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ барои солҳои 2018-2020” ҷо дода шуд.
Хатари “таваккал” (бо вуҷуди тарҷумаи таҳтуллафзии калими “риск” муродифи мантиқӣ дар забони тоҷикӣ надорад) маънои барои ҳавонавард ва бонкдор якхела аст. Бо вуҷуди пофишории молияшиносону бонкдорони консерватори Тоҷикистон Нуралиев садди монеаҳои сунъиро рахна намуд.
Албатта, ба баҳси молиявӣ одатан ронанда ва наққош низ ҳамроҳ мешаванд. Ин хусусияти миллӣ ва равонии мост. Ҳатто дар сурати тамоман тасаввур надоштани ҳолат мо аз насиҳат ва машварат даст намекашем.
Ҳамин шуду дастоварди нахустин - ҷумбиши вомбаргҳо рашки рақибон ва адовати душманонро ба вуҷуд овард. Дар шарҳҳое низ аз “иштибоҳ”-и Нуралиев зикр шуд. Вале ҷавоби дақиқ ва илмии Вазорати молия (одатан Вазорати молия дар чунин мавридҳо мавқеи тамошобинро ишғол мекард) “хатаршикан”-ии Нуралиевро собит намуд.
Дар ёд дорем, ки институтҳои моливии ИМА ва Аврупо дар задухӯрди шадиди буҳронҳои молиявӣ ва ду ҷанги ҷаҳонӣ ба вуҷуд омада буданд. Шабакаи бонкдории Fарб дар баробари назорати ҷиддии муомилоти пулӣ, баҳрабардорӣ аз барномаи 50-солаи ояндаро матраҳ менамуд. Бонкҳои ғарбӣ сармоя - қарзро мисли бонкҳои Тоҷикистон танҳо бо гараву шиноснома намедиҳанд. Аз даҳ корманд -коршиноси қарздеҳ 5 нафар равоншинос мебошанд. Пӯшида нест, ки олигархҳои ИМА қабл аз қарордод бо Нуралиев чанд моҳ пеш обу хок ва ҳатто хусусиятҳои миллии кишвари моро омӯхтанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, худашон аз Роғун дидан карданд. Дар шарҳи ин қарордод як қатор институтҳои Аврупо паҳлуҳои мусбат ва манфии евробондҳои Тоҷикистонро ба палаи тарозу монданд. Бонкдори Аврупо мисли тоҷири бозори “Саховат”-у “Корвон” нархро аз ҳаво намегирад. Агар як бор аз фоидаи худ фикр кунад, даҳ бор оқибати зарарро месанҷад. Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки баҳс дар атрофи суду зиёни евробондҳоро хотима бахшем. Зеро ин амалиёти муъҷизавии молиявии бист соли охири даврони истиқлолият манфиатҳои зиёди умумимиллӣ дорад:
1. Эътибор ва эътитмод ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишваре, ки на нафт дораду на газ қавӣ гардид, ба маротиб боло рафт;
2. Сармояи Роғун барои тиҷорати бузург ба муомилоти васеъ баромад;
3. Бехатарии Сохтмони неругоҳи Роғун комилан собит шуд;
4. “Портфели қарзи давлатӣ” такягоҳи стратегӣ ёфт;
5. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкили биржаи ҷаҳонии гидроэнергетика замина гузошт.
6. Шохиси бартарии вомбаргҳои ин соҳа ба соҳаи нафту газ зарба мезананд;
7. Рақобати солим байни бонкҳои ҷаҳонӣ авҷ мегирад (воқеан, чанд бонки ҷаҳонии маъруф алайҳи ин шартнома буданд);
8. Масъулияти сохтмончиён - аз коргари қатторӣ то роҳбарон - баланд гардид;
9. Евробондҳо акнун Тоҷикистонро аз хавфи ҳар гуна таҳримҳо ва муҳосираҳои иқтисодӣ эмин медоранд;
10. Ниҳоят таваҷҷуҳи соҳибкорони ватаниро ба фоидаи вомбаргҳо ва саҳмияҳо ҷалб менамояд.
Ва боз чандин омили дигарро номбар кардан мумкин аст, ки агар ин барномаро дар баробари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, институтҳои молиявӣ ва шабакаи тиҷоратии Тоҷикистон дастгирӣ намояд, рӯшан мешавад, ки фарзияи евробондҳо чӣ аҳамияти бузург дорад.

Наҷмиддин Шоҳинбодшаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
скачать здесь ----- Всё для вас исполню я ----- мини офисы ----- Слушайте хорошие песни ----- http://gosuslugin-kabinet.ru/pgu-mos-ru/ ----- Ты Все таким прочитал это ----- https://lk-tinkoff.com/ ----- Вот ваша ссылка на сайт ----- триколор тв личный кабинет вход
аренда ленинградское шоссе ----- Просто привычка, ну ничего решится ----- олимпик плаза москва ----- Много интересных сайтов тут ----- московский шелк ----- Выживший! Вот это кино, шедевр ----- бц гранд сетунь плаза ----- Для тех, кто интересуется бизнес центорм ----- бизнес центр красная роза москва ----- ничто не вечно, хотя многое хотелось бы оставить навсегда ----- бизнес центр централ сити тауэр ----- где лучшие тусовки? у нас в бц ----- capital house бц ----- Кушать Много нельзя, потостеешь ----- виндовс десять ----- по активаторам всё сяно ----- активация windows 7 максимальная ----- Какой красивый пейзаж ----- почта банк личный кабинет
Это очень увлекательно ----- геморрой при
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter