• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Сафири Қазоқистон: Саҳмгузорӣ дар бунёди “НБО Роғун” муҳим аст

Як ширкати қазоқистонӣ барои бунёди неругоҳи Роғун 30 ҳазор тонна арматура медиҳад. 
Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтиматов

Ин созиш ҳанӯз зимни боздиди муовини аввали сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин дар моҳи апрели соли равон ҳосил шуда буд. Аммо акнун интиқолдиҳандаи қазоқистонӣ ҶС “АрселорМиттал Темиртау” эълон кард, ки дар марҳилаи аввал ба истеҳсоли 9000 тонна арматура оғоз кардаву рӯзҳои наздик нахустин бастаҳои онро вориди Тоҷикистон мекунад.
Нурлан Сейтимов, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон, ба “ИмрӯзNews” гуфт, арматурае, ки ширкати қазоқистонӣ барои неругоҳи Роғун истеҳсол мекунад, асосан дар корҳои сохтмонӣ-монтажӣ истифода бурда мешавад:

“Созишнома оид ба истеҳсоли 30 ҳазор тонна арматура барои неругоҳи Роғун моҳи апрели соли равон байни ҶС “Ширкати суғуртавии содиротии “KazakhExport” ва ҶДММ “Дӯстӣ-2017” имзо шуд. Ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҳам ширкатҳои қазоқистонӣ ҳавасманд ҳастанд, ки ҳамкориро бо ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа дода, дар рушди иқтисоди ҷумҳурӣ саҳмгузорӣ намоянд. Аз ҷумла, саҳмгузорӣ дар сохтмони бузургтарин неругоҳи минтақа – НБО Роғун ҳам аз лиҳози тиҷоратӣ ва аз аз дидгоҳи иқтисодӣ хеле муҳим аст. Бинобар ин, доираҳои тиҷоратии Қазоқистон ба ин лоиҳа таваҷҷуҳ доранд”,-гуфт сафир.

Бино ба маълумоти дастрасшуда, маблағи умумии ин созишнома каме бештар аз 16 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, Руслан Исҳоков, Раиси Раёсати Ширкати миллии Қазоқистон “KazakhExport”, омили асосии ҳамкорӣ бо ҶДММ “Дӯстӣ-2017”-ро таъмини маҳсулоти содиротӣ ва рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ арзёбӣ кардааст.
Зимнан, Қазоқистон яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон буда, “муносиботи ҳамкорӣ бо Қазоқистон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи асосӣ дорад”.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, айни ҳол дар Тоҷикистон зиёда аз 80 корхонаи муштарак фаъолият доранд.
Соли гузашта ҳаҷми гардиши мол байни ин ду кишвар 800 миллион долларро ташкил карда, Қазоқистон аз рӯйи гардиши мол бо Тоҷикистон дар байни шарикони тиҷоратии хориҷӣ мавқеи дуюмро соҳиб шуд.
Моҳи марти имсол зимни сафари президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон пешниҳод шуд, ки “бо дарназардошти мавқеи пешбарандаи Тоҷикистон дар самти истифодаи захираҳои об, ҳамгироӣ баҳри ҳифзи муҳити зист, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ҳар ду кишвар метавонанд, барои содироти неруи барқ аз Тоҷикистон ба Қазоқистон ҳамкории судмандро густариш диҳанд”.
Дар айни замон муассисаҳои дастгирии рушди содирот - сармоягузории Қазоқистон барои фаъол намудани содироти маҳсулоти Қазоқистон ба бозори Тоҷикистон барномаҳои навро амалӣ менамоянд. Дар ин замина бояд ширкатҳои кишоварзии Тоҷикистон дар таъмини маҳсулоти ғизоии Қазоқистон саҳм гузоранд.
Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкатҳои қазоқии ҶСК “Казкоммерсбонк Тоҷикистон”, “JTI Қазоқистон”, ХЕЛЕ Teksan Қазоқистон Инвест, “Алина”, Penoplex Қазоқистон, “Zerde кулолӣ” гуруҳи “Galaksi”, “Tsesna” ва ғ. бомуваффақият амал мекунанд.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter