• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Сафири САҲА: Мушкилоти обӣ метавонад низоъҳоро ба вуҷуд орад (Видео)

Мусоҳиба бо Сафир Вук Жугич, Ҳамоҳангсози фаъолияти иқтисодӣ ва экологии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) 
Чаро об барои амнияти мо муҳим аст? 
- Об захираи стратегӣ ва ҷузъи муҳими амнияти миллӣ ва минтақавӣ мебошад. Зиёда аз 150 дарё ва кӯлҳоро ду ё бештар аз 57 давлати узви САҲА якҷоя идора менамоянд.
Норасоии об, набудани дастрасӣ ба об, олудашавӣ ва офатҳои табиии ба об вобаста, аз қабили обхезӣ метавонанд рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва суботи сиёсиро мавриди таҳдид қарор диҳанд.
Онҳо инчунин метавонанд сабабҳои эҳтимолии ба миён омадани ташаннуҷ ва низоъҳо гарданд.
Тағйирёбии иқлим низ ба захираҳои обӣ бори иловагиро ба вуҷуд меорад.
Ҳамзамон об метавонад сарчашмаи ҳамкорӣ низ гардад. Барои ин зарур аст, ки САҲА тамоми кӯшишҳои худро ба мусоидат намудан ба дипломатияи самараноки обӣ равона кунад!
Об кишварҳои истифодабарандаи захираҳои обии фаромарзиро муттаҳид менамояд.
Идоранамоии муштараки захираҳои обӣ метавонад боиси беҳтар гардидани муносибатҳои байни кишварҳо ва таҳкими амният, гулгулшукуфӣ ва ҳифзи муҳити зист гардад.
Иҷозат диҳед ду мисол биёрам:
Обхезиҳои харобовари Балканҳои ғарбӣ дар соли 2014 нишон доданд, ки ҳамкорӣ дар сатҳи фаромарзӣ, миллӣ ва маҳаллӣ метавонад хеле муҳим гардад.
Мисоли дигар ҳамкории самарабахши фаромарзии обӣ, ки аз ҷониби САҲА тақвият бахшида мешавад, дар ҳавзаи дарёҳои Чу ва Талас дар Осиёи Марказӣ, ҳавзаи дарёи Кура дар Кафкози ҷанубӣ ва ҳавзаи дарёи Днестр дар Аврупои ғарбӣ шуда метавонад.


Дар минтақаи САҲА кадом чолишҳои экологӣ ба амният таъсири бузург мерасонанд?
- Ҳуҷҷати стратегии Маастрихти соли 2003 оид ба андозагирии иқтисодӣ ва экологӣ баъзе чолишҳоро, аз қабили костагардии муҳити зист, истифодаи ноустувори захираҳои табиӣ, идоранамоии нодурусти партовҳо, мушкилоти дастрасӣ ба захираҳо ва олудашавӣ, аз ҷумла офатҳои экологии хусусиятҳои гуногундоштаро эътироф намуд.
Костагардии муҳити зист, рақобат барои захираҳои табиӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим танзимкунии мушкилоти муҳитзистиро вазифаи басо мушкил ва сермасраф мегардонанд.
Ҳамкории экологӣ бошад, баръакс метавонад ба таҳкими эътимод ва боварӣ мусоидат намояд.
Ва ин яке аз соҳаҳои муҳиме мебошад, ки САҲА ва Дафтари фаъолияти иқтисодӣ ва экологӣ ба он мусоидат менамоянд.
 
- Нақши Ҳамоҳангсоз дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва экологӣ дар доираи муносибати фарогири САҲА ба амният аз чӣ иборат аст? 
- Тамоми фаъолияте, ки мо ба роҳ мемонем, як қисми кӯшишҳои васеъи САҲА оид ба пешгирии низоъҳо, таҳкими эътимод ва густариши муносибатҳои неки ҳамсоягӣ дар минтақаи САҲА мебошад.
Соли 1997 Давлатҳои узв оид ба таъсис додани вазифаи Ҳамоҳангсози фаъолияти иқтисодӣ ва муҳитзистии САҲА ба мувофиқа расиданд.
Ҳамчун Ҳамоҳангсоз ман ҷиҳати дастгирии Раёсати САҲА фаъолият мекунам ва ба дӯши ман ваколати “тақвият додани зарфияти Шӯрои доимӣ ва ниҳодҳои САҲА дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии амният” гузошта шудааст.
Ҳадафи Дафтар таҳкими амният ва субот дар минтақаи САҲА тавассути кӯмак ба ҳамкории байналмилалӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва экологӣ мебошад.
Мо инчунин бо созмонҳои зиёди байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкории зич менамоем.
Дафтар бо ҳамаи намояндагиҳои САҲА, ки ба ваколатномаи онҳо мусоидат намудан ба ҳалли масъалаҳои экологӣ ва иқтисодӣ дохил мешавад, ҳамкории зич менамояд. Дар ин ҷо ман мехостам Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанберо қайд намоям, ки шӯъбаи “амнияти обӣ ва энергетикиро” таъсис додааст. Ин нишонаи он аст, ки САҲА дар самти афзалиятҳо ва барномаҳои нави байналмилалӣ ҳаракат мекунад.
Мо ба ошкор намудан, мониторинг ва муқовимат намудан ба таҳдидҳо ва чолишҳои амният ва субот, ки аз омилҳои экологӣ ва иқтисодӣ маншаъ мегиранд, кӯмак мерасонем.
Мо Давлатҳои иштирокчиро дар сатҳҳои сиёсӣ ва фаннӣ, аз ҷумла тавассути лоиҳаҳои мушаххас бо истифода аз усуле дастгирӣ менамоем, ки иштироки ҷонибҳои зиёди манфиатдорро пешбинӣ менамояд.
Имрӯз мо онҳоро дар чаҳорчӯбаи Барномаи рушди устувор то соли 2030 ва якчанд ҳадафи рушди устувор, аз ҷумла Ҳадафи 6 Дастрасӣ ба об ва санитария барои ҳама дастгирӣ менамоем.
Дар фаъолияти худ мо таваҷҷуҳи махсусро ба дарназардошти масоили гендерӣ зоҳир менамоем ва ба густариши муносибатҳои шарикӣ аҳамияти хосса медиҳем.
 
- Шумо ба Тоҷикистон барои ширкат варзидан дар Конфронси сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ташриф овардед. Мегуфтед, ки чӣ САҲА-ро водор сохт, ки дар баргузор намудани конфронси байналмилалии мазкур иштирок кунад?
- Мо аз он сипосгузорем, ки пас аз конфронсҳои таърихӣ оид ба захираҳои обии солҳои охир доир намудааш Тоҷикистон бори дигар чорабинии глобалии мазкурро дар Душанбе даъват менамояд.
Ҳамчун САҲА мо аз он ифтихор дорем, ки дар раванди мазкур ширкат меварзем ва конфронсҳои мазкурро дастгирӣ менамоем.
Дар соли 2018 САҲА конфронси васеътареро дастгирӣ менамояд, аз ҷумла якҷоя бо Комиссияи иқтисодии Аврупои СММ 1 Гуруҳи фавриро оид ба “Ҳамкории фаромарзӣ ва дипломатияи обӣ” доир менамояд.
Бо дарназардошти суръати кунунии ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи об дар Осиёи Марказӣ ва ҳамкории махсуси байни САҲА ва Комиссияи иқтисодии Аврупои СММ, созмон дар соли 2018 нақши махсус мебозад.
Умедворам, ки САҲА минбаъд ҳам бо таҷрибаи худ ба кори Гуруҳҳои фаврии оянда саҳмгузор мешавад.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
Я могу оставить вам лишь это ----- скачать активатор для windows 10 ----- Как продуктивно вышло сегодня у вас ребята ----- http://lyceelimamoulaye.org/index.php?option=com_k2&view=itemlist&task=
user&id=646092
--- http://epicentrik.com.ua/livestreet/blog/18455.html
Какая прексная запись ----- геморрой лечение
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter