• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Нархи ҳамкорӣ дар соҳаи обу экология - беш аз 4 миллиард доллар дар як сол

Ба ақидаи директори иҷроияи Маркази минтақаии экологии Осиёи Марказӣ Искандар Абдуллоев, ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи муҳити зист ва захираҳои обӣ метавонад солона беш аз 4 миллиард доллар фоида оварад.
Искандар Абдуллоев. Акс аз Sputnik Узбекистан

“Маълумотҳо нишон медиҳанд, ки агар кишварҳои минтақа ҳамкориро оид ба об ва муҳити зист оғоз кунанд, даромади имконпазир беш аз 4 миллиард доллар дар солро ташкил медиҳад”,-гуфт вай зимни Форуми экологии байналмилалии Осиёи Марказӣ дар Тошканд.Ба хулосаи Маркази номбурда, тавсеаи ҳамкориҳои минтақаӣ имкон медиҳад, ки мушкилоти марбут ба об ва экология – пастравии ҳосилнокии кишоварзӣ, болоравии арзиши истифодаи захираҳои энергетикӣ ва маҳдудияти дастрасӣ ба маблағгузории байналмилалӣ ҳалли худро ёбанд.
Дар Форум гуфта шуд, айни замон беш аз 90 дарсади заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ба таври сунӣ обёрӣ шуда, зиндамонии қариб 80 дарсади аҳолии минтақа – беш аз 55 миллион нафар – мустақиман аз дастрасӣ ба об вобаста аст.
Бино ба маълумоти Комиссияи ҳамоҳангсози байнидавлатӣ оид ба об, имкон дорад бо далели афзоиши теъдоди талабот ва рушди иқтисоди кишварҳо соли 2040 таъминоти об дар минтақа метавонад то ба 25% - то 1,5 ҳазор метри кубӣ дар сол ба як нафар поин фарояд.
Форуми экологии байналмилалии Осиёи Марказӣ дар Тошканд то 8 июн идома меёбад.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter