• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 14:49 – Илми тоҷик. Чаро фолбинҳо муваффақтаранд? 
  • 20:28 – Мирасрор АҲРОРОВ: Воқеияти ТАЛКО-ро дидам. Ӯзбекистон аз харидорони асосии алюмини тоҷик мешавад 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 12:49 – Аз Душанбе то Помир бо “Тселл” (36 акс) 

РЕЙТИНГ: Роҳҳои Тоҷикистон беҳтар аз Русияву Қазоқистону Украина

Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар феҳристи Индекси рақобатпазирии ҷаҳонӣ - 2017−2018 Тоҷикистонро бо доштани роҳҳои ҳамвор ва босифат дар мақоми 70-ум ҷой додааст. Тибқи ин рейтинг, вазъи роҳҳои Тоҷикистон (4.1 бал) ҳамзамон рӯ ба беҳтаршавӣ доранд.
Сифати роҳ аз рӯйи дараҷаи аз 1 то 7 баҳогузорӣ шуда, дар айни ҳол ягон кишвари дунё ҳадди баландтаринро дарёфт накардааст.
Ҳамин тавр, сифати беҳтарини роҳҳо дар Аморати Муттаҳидаи Араб (6.4 бал) ба қайд гирифта шудааст. Ба даҳгонаи дорандагони роҳҳои беҳтарин ҳамчунин Сингапур (6.3), Швейсария (6.3), Ҳонконг (6.2), Ҳолланд (6.1), Ҷопон (6.1), Фаронса (6.0), Португалия (6.0), Австрия (6.0) ва ИМА (5.7) ворид шудаанд.
Бесифаттарин роҳҳо дар Мавритания (2.0 бал) будаанд. Баъди он Ҷумҳурии Демократии Конго ва Гаити (2.1), Мадагаскар ва Гвинея (2.2), Яман (2.3), Парагвай ва Украина (2.4), Мозамбик ва Молдова (2.5) ҷойгиранд.
Дар миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ Тоҷикистон баъд аз Озарбойҷон (36), Литва (37) ва Эстония (38) дар мақоми чорум ва дар Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал ҷой гирифтааст. Дар миқёси пасошӯравӣ дар ҷойи аз ҳама охир Украина қарор дорад. Русия дар ҷойи 114-ум (2.9 бал) ва Қазоқистон (2.9 бал) дар мақоми 115-ум ҷой дода шудаанд.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter