• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Чипта ва туҳфа аз "Тоҷик Эйр". Чӣ метавонад беҳтару хуштар аз ин бошад?

Довуд Исматӣ
ИмрӯзNews
Дарвоқеъ, чӣ метавонад беҳтару хуштар аз ин бошад, ки зимни харидории чиптаи ҳавопаймо ва парвоз ҷойи дилхоҳ ба Шумо гӯянд, соҳиби туҳфаи гаронарзиш шудаед? Ҳоло намедонед, ки ин чӣ туҳфаест, аммо вақте мефаҳмед, ки навтарин автомашинаи тамғаи «Ravon», телефони «Apple iPhone X (iPhone 10)», чангкашак, мошинаи ҷомашӯӣ  ва ё ЖК телевизор аст, Шуморо чӣ эҳсосе фаро мегирад? Ана ҳамин имкониятро ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» фароҳам овардааст. Ҳамин рӯзҳо котиби матбуотии ширкати «Тоҷик Эйр», Азиз Хайруллоев аз ҷамъбаст шудани даври аввали бозии бурдноки «Парвози орзу» хабар дод. 
Маълум гардид, ки рӯзи 21 март, замоне ки мардуми кишвар Наврӯзи ҷаҳониро ҷашн мегирифтанд, 5 шаҳрванди хушбахти Тоҷикистон, ҳамзамон ба таҷлили ид, соҳиби туҳфа шуданд ва он ҳам туҳфаҳои гаронарзиш. Инҳо нафароне ҳастанд, ки барои сафар тавассути ҳавопаймоҳои «Тоҷик Эйр» аз ин ширкат чипта харидаанд ва сафар карданд, яъне муродашон ҳосил шуд. Ҳамзамон ба ин, айнан ба ҳамон суоли болоӣ посух ёфтанд: инҳо соҳиби туҳфаҳои гаронбаҳо аз ширкат шуданд:

Ному насаби 
ғолиб
Туҳфа
Рақами чипта
 
 Лоиқова Майдабӣ
 Apple iPhone X
 (iPhone 10)
 502 2403131709
 Нортулов Алиҷон Телевизори плазмаӣ 502 2403131354
 Дӯстов Абдуҷалил Мошинаи ҷомашӯӣ 502 2403124746
 Эшов Шавқат  Чангкашак 502 2403141172
 Достиев Ашӯр Автомашинаи «Ravon» 502 2403153255 

Замоне ки матлаб омода мешуд, хабар расид, ки рӯзҳои наздик дар идораи марказии «Тоҷик Эйр» дар шаҳри Душанбе маросими супоридани туҳфаҳо баргузор мешавад.
Хотиррасон менамоем, ки барои иштирок дар озмун танҳо зарур аст, ки чиптаи ин ширкатро харид намуда ва парвоз анҷом дода шавад.

Ҳамин ҳоло пешорӯям феҳристи беҳтарин туҳфаҳое қарор дорад, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои мусофиронашон пешниҳод мекунанд. Ин гуна феҳристҳо дар интернет хеле зиёданд ва одатан барои ҷалби таваҷҷуҳи мусофирон аз сӯйи ширкатҳои ҳавопаймоӣ гузошта мешаванд. Шояд воқеан нест, ё шояд дар пайи ҷустуҷӯи чандрӯза пайдо накардам, аммо иқрор бояд шуд, ки дарёфти туҳфае гаронарзиштар аз туҳфаҳои «Тоҷик Эйр»  муяссар нашуд. Аз ҷумла, бубинед, ки ин гуна иқдом дар таърихи фаъолияти авиатсияи шаҳрвандии кишварҳои собиқи шӯравӣ монандӣ надорад. Маълум гардид, ки аксаран ширкатҳо ба мусофиронаш зимни харидории чипта ва парвоз бо ҳавопаймоҳояшон сувернирҳо ё тӯҳфаҳое пешниҳод мекунанд, ки онро бо арзиши камтар аз бозору мағозаҳо ҳам дарёфт кардан мумкин. Масалан, харитаи роҳ, китоб, рахти хоб, радио-плейер, ҷузвдон, қутбнамо, обгиру чойҷӯш, фиттаҳо, чипта барои як парвози иловагӣ ва монанди инҳост.
Муқоисаи инҳо бо туҳфаҳое, ки ширкати «Тоҷик Эйр»  муқаррар кардааст, танҳо ба он хотир аст, ки дар Тоҷикистон ҳам татбиқи барномаҳои бузурги ҳавасмандгардонии муштарӣ имкон дорад. Дар мисоли озмуни эълоншуда агар бубинем, дарвоқеъ, он на танҳо ба фаъолияти мунтазами ширкат, балки барои шинохти воқеияти фаъолияти ин ширкат мусоидат мекунад. Бахусус, дар ҳоле ки соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудаву як ҳадаф аз ташкили ин озмуни «Тоҷик Эйр»  ҳам ҷалби ҷаҳонгардон аст.
Ҳоло мешавад гуфт, ки ин эҳёи дубораи номи ин ширкати миллӣ ҳам ҳаст.
Тасаввур кунед, ки Шумо барои зарурате бояд ба шаҳри дигар сафар намоед, ё ба саёҳат рафтаниед, ё меҳмон даъват карданиед, умуман, зарурати истифодаи чипта ва парвоз ба миён омадааст. Чӣ хел ҳамин имкониятро истифода намебаред? Ҳадди ақал, баъди ин ҳама чӣ гуна Шумо ҳам ҳаваси харидории чиптаи «Тоҷик Эйр»-ро намекунед?
Зимнан, чанд моҳ қабл аз ин бо нашри матлабе таҳти унвони «Тоҷик Эйр»: оғози иқдомҳои бузург» навиштем, ки ин ширкат аз оғози иқдомҳои бузург хабар медиҳад. Инак, намунае аз иқдомҳои бузург.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
Ин озмун то кай давом мекунад? Як кас чанд бор иштирок карда метонад? Мешавад ки ба чои хамон тухфа маблагашро диханд?
Кори хуб кардияну наке агар хамина туфохои арзон неки бисор мемондан зур мешуд ба фикри ман. Яке модам мерасид)))
Ассалому алайкум, ҳамдиёрон.
Мо ба нақша гирифтаем, ки ин иқдомро дар давоми соли равон дармавсими идҳои бузург ва муҳими давлатӣ гузаронем ва мусофирони худро шод намоем. Хотиррасон менамоем, ки барои иштирок дар иқдом бояд чиптаи ширкати "Тоҷик Эйр" - ро харид намуда парвоз кардан лозим аст. Дар охири моҳ ғолибон дар шабакаҳои телевизион ва радио муайян карда мешаванд. Мо ҳаракат мекунем, ки шумораи тӯҳфаҳоро гуногун ва зиёдтар намоем.
Ташаккур барои саволҳоятон.
Чи саволе пайдо шавад дар оянда метавонед бо мо тамос шавед:
(+992) 98 901 1984 ва (+992) 902 82 21 01.

Бояд қайд намуд, ки 20 март дар эфири мустақими радио «Ватан» бо иштироки комисия махсус ғолибони даври якуми иқдоми «Парвози Орзу» муайян карда шуданд ва дар рӯзҳои наздик мо дар бинои ширкатамон ҳамаи ғолибонро самимона табрик мекунем ва ба супоридани тӯҳфаҳои қимматбаҳо шурӯъ менамоем.

Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи сокинони кишвари азизамонро аз номи ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо Иди Наврӯз ва Баҳори 2018 самимона табрик намоем ва ба ҳар як хонавода саломатии бардавом, хушбахтӣ, бахту саодат ва муваффақиятҳои навро таманно дорем!

Дӯстони гиромӣ!
     
Барои истифодаи  хизматрасониҳои ширкати мо ба Шумо ташаккури хешро изҳор менамоем ва парвози бофароҳамро ба Шумо орзу дорем!
        
бц лайтхаус ----- азалось бы, а нет все не так ----- бц capital house ----- В корне не согласен с мнением автора ----- аренда нордстар тауэр ----- Много уже известно ----- w plaza бц ----- Как сказать что вы делаете не так ----- белая площадь деловой центр ----- Слишком много людей знают эту инфу ----- купить офис в Москве https://www.praedium.ru/catalog/arenda-ofisov/ ----- Уберите слова поразиты из своего лексикона ----- святогор бизнес центр ----- Тач Банк личный кабинет ----- Череда выполнененых задач и процессов ----- http://activator-windows-7.net/ ----- Далее мы начнем с этого ----- активатор windows 7 ----- Счастья и добра вам ----- триколор тв ошибка 13
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter