• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Ӯ намояндаи воқеии мардум буд


Ин субҳ хабари фавти вакили Маҷлиси намояндагон Муҳаббатшо Рӯзадорро шунидаму ҳеч боварам наомад, ки дигар ин марди шариф бо мо нест.
Ӯ намояндаи воқеии мардум дар парламент буд.
Ҳамагӣ дирӯз буд, ки бо ӯ сари хони Наврӯзӣ ҷамъ омада будем. Хушгӯиву ширинсуханиҳояш ҳеч аз пеши назарам дур намешаванд.
“Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст”,-мегуфту хушҳолӣ мекард, ки ин ҷашни миллиамон ҷаҳонӣ шуда.
Афсӯс, ки таҷлили Наврӯзи имсола дар насибаш набудааст.
Аз дирӯз то имрӯз ҳеч фосилае нест, аммо дар ин муддат нафареро аз даст додем, ки дилаш барои ин мардуму ин сарзамин метапид. Гоҳе аз фарҳангу маориф мегуфту гоҳе аз ҳаводиси имрӯзи ҷаҳон, гоҳе бо хушгӯӣ табъи ҳозиринро шод мекарду гоҳе ба баррасии мушкилоти ҷомеа мепардохт. Аммо ҳар бор, ки чизе мегуфт, талош мекард, бо далел суҳбат кунад, роҳҳои ҳалли масъаларо ба миён гузорад.
Иқрор шуд, ки яке аз хонандагони фаъоли рӯзномаи “ИмрӯзNews” аст. Ҳар субҳ онро дастрас мекард, то бубинад, ки дар ҷумҳурӣ чӣ ҳодиса рӯй додаву оид ба фаъолияти вакилон ва парламент чӣ навиштаанд. Қаблан матолиберо ҳам барои нашр ба идораи рӯзнома фиристода буд.
Аммо дирӯз...
Дар чеҳрааш ҳеч осоре аз маризиву хастаҳолӣ набуд. Хеле зиёд нишастем, гуфтему хандидем.
Имрӯз... ӯро ба роҳи охират гусел мекунем.
Худованд раҳмату мағфиратат кунад, вакили мардумӣ.

Муним Оламов
Директори генералии
ҶДММ “ИмрӯзNews”
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • maje
  • 04-11-2018, 05:56
  • : 05:56
Hello! Here is a good news offers for you. To qualify click on the link below. http://bit.ly/2J82CIl
Hy there, Look what we aid looking allowing in search with reference to you! an unexcelledcontribution Scarcely click on the affiliation under to moderate https://drive.google.com/file/d/1cSpUZ_sNtRA5sCnxLpINZuT_Q9wcRiNY/preview
аренда авто малага ----- Банковская сфера -----

  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter