• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

370 ҳазор доллар кумаки Амрико барои ошкорсозии силоҳи қатли ом

Амрико ба маблағи 370 ҳазор доллар маркази таълимии минтақавӣ оид ба афзоиши ғайриқонунии силоҳи қатли ом ва назорати содиротро сохта, ба истифода дод.
Ин марказ дар доираи Барномаи “Таъмини назорати воридот ва бехатарии марзҳо” (EXBS)-и Сафорати ИМА дар Душанбе ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кӯмаки бебозгашт тақдим шуд.
Дар маросими расмии кушодашавии маркази минтақавӣ дар шаҳри Душанбе Кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ Илҳом Мирсаидов ширкат варзиданд.
Иншооти мазкур аз чор майдони таълимии берунӣ, гузаргоҳи бо нуқтаи санҷишӣ таҷҳизонидашуда, дарвозаҳои барои гузариши нақлиёт ва пиёдагардон пешбинишуда, инчунин толори конфронсӣ иборат аст.
Дар назар аст, Маркази таълимии мазкур на танҳо ба ҳайси маркази таълимӣ барои Тоҷикистон ва Осиёи марказӣ, балки ҳамчунин барои баргузор намудани чорабиниҳои таълимии байналмилалӣ истифода бурда шавад.
Зимни рӯнамоии Марказ гуфта шуд, он ба кормандони Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ барои такмили сатҳи касбии ҳайати шахсӣ дар истифодаи шаклу усулҳои пешгирӣ ва зуд ошкор намудани силоҳи қатли ом, инчунин силоҳи маъмулӣ кӯмак мерасонад.
Ҳамчунин, маркази мазкур барои бартараф намудани воридоти ғайриқонунии мавод ва шаклҳои дигари қочоқ, ки марзҳои Тоҷикистонро убур мекунанд, мусоидат карда метавонад.
Кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт дар маросими кушодашавии Марказ гуфт:
“Ҳадафи Ҳукумати ИМА ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди таҳдиди силоҳи қатли ом ва маводҳои марбута ба он ва таъмини амнияти марзҳои Тоҷикистон як аст. Сафорати ИМА аз он хушҳол ҳаст, ки тавассути барномаи “Таъмини назорати воридот ва бехатарии марзҳо” метавонад дастгирии хешро ба Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии дар баланд бардоштани иқтидори таълимии он бирасонад. Ин дар навбати худ ба ААЯР имконият медиҳад, то муборизаро бар зидди таҳдиди қочоқ, аз ҷумла бар зидди таҳдиди воқеии силоҳи қатли ом, пурзӯртар гардонад”.
Масъулони Сафорати ИМА гуфтанд, минбаъд ҳам Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсиониро бо мақсади таъмин намудани он бо таҷҳизоти замонавӣ, дарсҳои омӯзишӣ ва беҳсозии инфрасохтор дастгирӣ намояд.
Иншооти мазкур як қисми лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасон, ки аз тарафи Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи мардуми Амрико амалӣ шудаанд, ба ҳисоб меравад. Масъулони сафорат мегӯянд, Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида аз соли 1992 инҷониб барои дастгирӣ намудани рушди иқтисод, ниҳодҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва таъмини амнияти Тоҷикистон маблағи зиёда аз 1,8 миллиард доллари ИМА-ро ҷудо намудааст.шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
бц лайтхаус ----- азалось бы, а нет все не так ----- capital house бц ----- В корне не согласен с мнением автора ----- бизнес центр nordstar tower ----- Много уже известно ----- w plaza бизнес центр ----- Очень много ошибок у нас ----- белая площадь бц ----- Бросил это дело ----- снять офис ----- Главное что вы поработали на славу ----- бц святогор ----- мтс личный кабинет ----- Снова и снова может взять ----- http://activator-windows-7.net/ ----- Выкрутитесь из сложившейся ситуации ----- активация windows 7 ----- Не советую вам об этом забывать ----- триколор тв телефон
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter