• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 14:09 – Амонова: Зери тарсу таҳдид ба судя Сафарализода туҳмат кардам 
  • 20:28 – Мирасрор АҲРОРОВ: Воқеияти ТАЛКО-ро дидам. Ӯзбекистон аз харидорони асосии алюмини тоҷик мешавад 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 12:56 – Туркия ва мактабҳои машкуки “Маориф” 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 12:49 – Аз Душанбе то Помир бо “Тселл” (36 акс) 

Дар рӯзҳои Наврӯз куҷо бояд рафт?


Чорабиниҳои расмии бахшида ба таҷлили Наврӯз дар шаҳри Душанбе ҳанӯз аз 17 март бо Дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ оғоз гардида, бо баргузории маъракаҳои алоҳида дар маҳаллаҳо идома дорад.
Аммо чорабиниҳои асосӣ субҳи 21 март дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт оғоз шуда, дар назар аст, ки то охири ин ҳафта идома ёбад. Барои баргузории базмҳои идона дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ”, дар ноҳияи Шоҳмансур “Майдони 800-солагии Москва”, дар ноҳияи Сино Боғи ба номи Мироненко ва дар ноҳияи Шоҳмансур Боғи фарҳангию фароғатии “Дӯстии халқҳо” омода карда шудаанд.
Дар чорабиниҳои наврӯзии ноҳияҳои пойтахт иштироки устодони санъат ва дастаҳои ҳунарӣ, консерту чорабиниҳои идона ва намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ дар назар дошта шудааст.
Рӯзи 22 март бошад, дар шаҳри Душанбе бори аввал фестивали фарҳангию сайёҳии Наврӯзи байналмилалӣ таҳти унвони “Наврӯз мероси фарҳангии сайёҳӣ” баргузор мешавад, ки дар он ширкатҳои сайёҳӣ имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ҳунармандони ҷумҳурӣ ҳунарҳои дастии худро ба тамошо мегузоранд. Ҳамчунин, аз 21 то 25 март дар ҳамаи ҷашнгоҳҳои пойтахт намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар назар дошта шудааст.
Рӯзҳои 21 то 24 март дар Маҷмааи “Қасри теннис”-и пойтахт барои дарёфти Ҷоми “Пойтахт-2018” байни писарону духтарони наврас мусобиқаи теннис гузаронида мешавад.
Рӯзи 25 март дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ” намоиши пуршукуҳи театрикунонидашуда – ҷашни асосии Наврӯзи пойтахт, рӯзи 26 март дар ҳамин маҷмаа мусобиқаҳо оид ба гӯштини миллӣ ва рӯзи 31 март мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад. Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, барои ғолибони мусобиқаҳои гӯштини миллӣ ва пойгаи аспдавонӣ наздик ба 180 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.
Чорабиниҳои асосии Наврӯзи Тоҷикистон имсол дар шаҳри Бохтар (23 март) ва шаҳри Панҷакент баргузор мешаванд.
Бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯз барои сокинони Тоҷикистон аз 21 то 26 март рӯзҳои истироҳат эълон шудааст.шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
Пацаны, кто просил активатор для виндовс? ----- http://aktivator-windows-10.ru/ ----- Мне тоже нравится это ----- http://www.ynbart.com/artzone/index.php?option=com_k2&view=itemlist&tas
k=user&id=45355
--- http://www.ukunsigned.tv/index.php?option=com_k2&view=itemlist&task=use
r&id=408215
Вот мое сообщение для вас ----- Sustanon
Доступное по ссылке ----- https://mirfin.pro/ ----- Кто хочет взять кредиты онлайн - подходи бери ----- займы онлайн на карту ----- нне важно чтобы ты посмотрел этот сайты ----- https://tnt-premieron.ru/ ----- Как пользоватсья сайтом не ясно ----- https://ntv-plus-tv.ru/ ----- Ой как холодно на улице ----- вход в личный кабинет
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter