• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 14:49 – Илми тоҷик. Чаро фолбинҳо муваффақтаранд? 
  • 20:28 – Мирасрор АҲРОРОВ: Воқеияти ТАЛКО-ро дидам. Ӯзбекистон аз харидорони асосии алюмини тоҷик мешавад 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 12:49 – Аз Душанбе то Помир бо “Тселл” (36 акс) 

“Дасти дароз”-и Халифаев то куҷо мерасад?

Сӯистифода аз номи Абдураҳим Қаҳҳоров, нописандӣ ба Маҳмадсаид Убайдуллоев ва “ба худкушӣ расонидан”-и як духтари 21-сола. Мансабдори собиқ чӣ гуна ба озодӣ баромаду боз чӣ мехоҳад?
Баъди ба таври мармуз ба озодӣ баромадану даъвои молумулкӣ намудани собиқ раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон Матлуб Халифаев, як гуруҳи беш аз 15-нафараи сокинони шаҳри Душанбе аз рафторҳои ба гуфтаи онҳо, ғайриқонунии ин мансабдори собиқ ба мақомоти судиву тафтишотӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят бурдаанд.Нигаронии шаҳрвандон ин аст, ки ба гуфтаи онҳо, Халифаев на танҳо талоши аз худ намудани моликияти ғайрро дорад, балки амалҳояш ба зиндагии орому осудаашон таҳдид мекунад ва хатари беманзил мондани онҳоро ба вуҷуд меорад.
Матлуб Халифаев, собиқ раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, ки соли 2010 аз вазифа барканор шуд, моҳи июли соли 2016 бо иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон, бо ҳукми Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳр Душанбе ба муҳлати 10 сол равонаи зиндон гардид. Аммо бо гузашти камтар аз ду моҳ ба озодӣ баромад ва бино ба маълумоти дастрасшуда, ҳоло барои ба моликияти худ табдил додани як ширкати сохтмонӣ ва дороиҳои он талош дорад.
Дар ҳамин ҳол, то ин замон бархе аз бандҳои муҳими Таъиноти Суди шаҳри Душанбе вобаста ба ҳукми Матлуб Халифаев, ки онро бо дарназардошти дар ҳабс боқӣ мондани номбурда барои тафтишоти иловагӣ баргардонида буд, иҷро нашудаанд. Аз ҷумла, дар Таъиноти мазкур мушаххас оид ба омӯзиши қазияи суиқасди ба худкушӣ расонидани як духтари 21-сола шаҳрванд аз ҷониби ин мансабдори собиқ ишора шудааст. Аммо вобаста ба ин ҳолат ягон ҳаракати тафтишотӣ гузаронида нашудааст, ҳол он ки тибқи Таъиноти Суди шаҳри Душанбе, “ ин ҳолат бевосита барои муайян намудани ҳолатҳои парванда, содир кардани ҷиноят аз тарафи Халифаев М.Ҷ. аҳамияти ҷиддӣ дошта, барои ҳаматарафа, пурра, холисона баҳои ҳуқуқӣ додан таъсир мерасонанд”
Дар ҳамин ҳол, омӯзиши шикояти шаҳрвандон ба мақомот, ки нусхааш ба “ИмрӯзNews” фиристода шудааст, нишон дод, ки дар ин қазияи пурпечутоб, ки инак беш аз 5 сол инҷониб идома дорад, пойи як гуруҳи бузурги мансабдорони имрӯзу собиқ, шаҳрвандону сармоягузорон ва бархе афроди соҳибнуфуз кашида шудааст. Ба иловаи Матлуб Халифаев, дар ин баҳс метавон номи афроде, ба монанди Абдураҳим Қаҳҳоров (собиқ вазири корҳои дохилӣ ва ҳоло Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон), Маҳмадсаид Убайдуллоев (собиқ раиси шаҳри Душанбе ва ҳоло Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон), Собир Шокиров (собиқ раиси шаҳри Панҷакент), Ҷурабек Сафаров (соҳибкори бонуфуз аз ноҳияи Шаҳринав, собиқ намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон) ва дигаронро вохӯрд.

Проблема аз куҷо сар зад?
Ҳамааш аз он сар шуд, ки аввалҳои моҳи октябри соли 2017 Собиров Шокир, директори генералии ҶДММ “Винбокс”, бо ариза ба идораи рӯзнома муроҷиат карда, хостори инъикоси баҳси молумулкие шуд, ки айни замон байни ин Ҷамъият ва ҶДММ “Меҳруб” дар Суди Олии Иқтисодии Тоҷикистон идома дорад. Дар ин баҳс, ки ба навъе ғасби рейдерӣ тавассути мақомоти судиро мемонад, гап сари миллионҳо сомонӣ меравад. Ин мавзӯъи баррасии дигар аст, ки бадтар бармегардем ва хоҳем гуфт, ки бархе судяҳои Суди Олии Иқтисодӣ дар ин баҳс чӣ нақшу манфиатҳо доранд.
Аммо он чӣ ки ба баҳси шаҳрвандон бо Халифаев марбут аст, доираҳои зиёдеро аз мақомоти тафтишотӣ ҷалб кардааст. Аз ҷумла, ин қазия аввал дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва баъдан дар Прокуратураи генераливу прокуратураи шаҳри Душанбе ва Вазорати корҳои дохилӣ санҷида шудааст. Ниҳояти тафтиши қазия ба муҳлати тӯлонӣ ба ҳабс гирифта шудани Халифаев будааст, ки тавре маълум шуд, баъди ҳамагӣ як моҳу чанд рӯз дубора ба озодӣ баромадааст.
Бармегардем ба муроҷиати Собиров Ш. Бо дархости идораи рӯзнома, номбурда дар ҳаҷми 4 ҷилд нусхаи ҳуҷҷатҳои марбут ба ин баҳс ва парвандаҳои судиро пешниҳод намуд. Қабл аз он ки ба таҳқиқ ва таҳлили ин ҳуҷҷатҳо пардозем, мухтасари муроҷиати директори генералии ҶДММ “Винбокс” – ро меорем.
Масъулини ин ширкат, ки асосан ба фаъолияти сохтмонӣ машғул аст, ин қазияро як баҳси бемаънии молумулкӣ меноманд:
“Ин баҳс ба он хотир бемаънӣ аст, ки аввалан, Ширкат ба даъвои беасоси як ширкати дигар вориди кашмакашҳои судӣ гардида, вақти зиёдеро беҳуда талаф додааст. Аз ҷониби дигар, иддае аз суду судяҳо ҳам дидаву дониста, ки дар ин қазия ҳақ ба ҷониби Ширкати “Винбокс” аст, бо дағалона ва бешармона поймолкунии қонунҳои Тоҷикистон ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, ба ҳаққи ман дастдарозӣ карда истодаанд”.
Дар ҳамин ҷо зикр шудааст, ки дар ин кашокаш дасти як мансабдори собиқ баръало намоён буда, суду судяҳо дидау дониста, баҳсро ба манфиати касоне ҳал мекунанд, ки “барои расидан ба ҳадафҳои манфиатҷӯёна” маҳз аз ҳамин мансабдор истифода мебаранд:
“Ҳол он ки вобаста ба ҳамин баҳс нисбат ба ин мансабдори собиқ бо ҷурми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда буд ва ҳатто ба муҳлати тӯлонӣ ҳабс гардида, баъдан бо чӣ воситаҳои нофаҳмое ба зудӣ ба озодӣ баромад. Гап сари он меравад, маҳз ҳамин нафари дар гузашта мансабдори баландпоя, бо аз худ кардани садҳо ҳазор доллари марбут ба Ширкати “Винбокс”, яке аз сабабҳои асосии ба вуҷуд омадани ин баҳс аст. Собит шудааст, ки вай ба ҷиноят даст задааст. Аммо дар судҳои иқтисодӣ ин омили муҳимро нодида мегиранд, сохтакоронаву сунъӣ мехоҳанд баҳсро ҷониби дигар баранд, то ҳуқуқи манфиатҳои мо ба дуввуму саввумдараҷа рафта, ҷониби дигари баҳс бе ягон асоси қонунӣ ё ҳуқуқӣ ҳақдор эълон карда шавад”,-омадааст дар ин муроҷиат.
Дар идомаи муроҷиатнома вобаста ба ин баҳс маълумот дода шудааст, ки чунин аст:
“Воқеияти кор ин аст, ки ҳанӯз 19 марти соли 2008 байни ҶДММ “Винбокс”, ҶДММ “Дизайн-1” ва Ширкати “Ал Сафиа Фудстуф Трейдинг” шартномаи ҳамкорӣ баста шуд. Тибқи ин шартнома, тарафҳо ҳуқуқи пешбурди фаъолияти муштараки сохтмониро доро шуда, бо маблағгузории муштарак сохтмони бинои “Маркази тиҷоратӣ” дар шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Дониш ба анҷом мерасонанд. Тибқи банди 2.5-и ин шартнома, ҳиссаи тарафҳо чунин тақсим шудааст:
- ҶДММ “Винбокс” – 25%;
- ҶДММ “Дизайн-1” – 25%;
- Ширкати “Ал Сафиа Фудстуф Трейдинг” – 50%.
Ҳамин тавр, санаи 20 марти соли 2008 байни ҶДММ “Винбокс”, ҶДММ “Дизайн-1” ва ҶДММ “Фабен”, ки ҳоло вориси ҳуқуқиаш ҶДММ “Меҳруб” аст, низ созишномаи ҳамкории муштарак имзо шуда, дар банди 3.3-и он омадааст, ки баъд ба охир расидани сохтмони мазкур, ҳуқуқи соҳибият, истифодабарӣ ва ихтиёрдорӣ ба тарафҳои шартномаи ҳамкорӣ дар ҳиссаҳои зерин мегузарад:
- ҶДММ “Винбокс” – 25%;
- ҶДММ “Дизайн-1” – 25%;
- ҶДММ “Фабен” – 50%.
Баъдан, бо қарори муассиси ҶДММ “Меҳруб”, аз 29 декабри соди 2010, ҶДММ “Фабен” бо ҶДММ “Меҳруб” ҳамроҳ карда шуда, дар заминаи он ҶДММ “Меҳруб” аз нав таъсис дода шуд ва тамоми молу мулки ҶДММ “Фабен” бо ҳуқуқу уҳдадориҳояш тибқи як санад ба тавозуни ҶДММ “Меҳруб” қабул карда шуд.
Ширкати “Ал Сафиа Фудстуф Трейдинг” бошад, дар асоси созишнома аз 25 майи соли 2011 тамоми ҳуқуқҳои худро дар бораи аз ҶДММ “Винбокс” талаб кардани иҷронши уҳдадориҳое, ки аз шартномаи ҳамкорӣ бармеоянд, ба ҶДММ “Меҳруб” гузашт кард.
Дар навбати худ, ман ҳам ҳамчун соҳибмулки ҶДММ “Винбокс”, ҳиссаи марбут ба ҶДММ “Дизайн-1”-ро харидорӣ карда, бо фарогирии ҳуқуқу уҳдадориҳо дар заминаи ин ду корхона аз нав ҶДММ “Винбокс”-ро таъсис додам.
Ҳамин тавр, дар умум, муносибатҳои ҳуқуқӣ ва молиявӣ дар бораи иҷрои уҳдадориҳои шартномавӣ ва талаби ҳуқуқ тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ аз 19 ва 20 марти соли 2008 ба ҶДММ “Винбокс” ва ҶДММ “Меҳруб” гузашта, ин ҳуқуқу уҳдадориҳо аз ҷониби ин ҷамъиятҳо амалӣ мегардиданд.
Дар асоси ҳамин ҳамкориҳои дар шартнома муайяншуда, аз ҷониби Директори генералии ҶДММ “Винбокс” ва Директори генералии ҶДММ “Фабен” санаи 1 апрепи соли 2010 санади тақсими хуҷраҳои “Маркази тиҷоратӣ” тартиб дода шуд. Тибқи ин санад, ба ивази маблағҳои сармоягузорикардаи ҶДММ “Фабен” тамоми ҳуҷраҳои ошёнаҳои 4, 6, 7 ва 10-и ин бино бо масоҳати умумии 1983 м2 ва нисфи таҳхона дар масоҳати 200 м2 ба ҶДММ “Фабен” (дар оянда ҶДММ “Меҳруб) вогузор гардиданд.
Ҳамин тавр, моҳи феврали соли 2008 корҳои сохтмонии бино оғоз гардида, бо ҷалби пудратчиёни ватанию хориҷӣ сохтмоии бино моҳи июли соли 2009 пурра ба охир расид.
Ҳисобу китоби муштарак муайян намуд, ки дар тамоми давраи сохтмони бино ҶДММ “Фабен” - 1018000 доллари ИМА, Ширкати “Ал Сафия Фудстуф Трейдинг” 1090000 доллари ИМА ва ҶДММ “Винбокс” 2 086 115 доллари ИМА сарф кардаанд. Ин ҷо маблағҳои иловагие, ки баъдтар ҶДММ “Винбокс” сарф кард, ба ҳисоб гирифта нашудаанд. Тибқи тақсимот аз рӯйи маблағгузорӣ, ҳиссаи ҶДММ “Винбокс” - 50%, ҶДММ “Меҳруб” - 25% ва ширкати “Ал Сафия Фудстуф трейдинг” 25%-ро ташкил дод.
Дар баробари ин, дар ҷараёни корҳои сохтмонии бино ҶДММ “Фабен” ба ивази маблағҳои воридкардааш, ки 1 018 000 доллари ИМА-ро ташкил медод, қисми онро ба миқдори 992 522 доллари ИМА аз ҶДММ “Винбокс” баргардонида гирифт. Дар ин бора санади муқоисавӣ тартиб дода шуда, бо имзои тарафҳо тасдиқ гардидааст.
Бо Амри раиси шаҳри Душанбе, таҳти №104 аз 07 сентябри соли 2009 комиссияи давлатии қабул таъсис дода шуд. Аъзои комиссия санади давлатии қабули иншооти сохтмонаш анчомёфтаи бинои “Маркази коргузории баландошёна”-ро имзо гузошта, барои тасдиқ ба Ҳукумати шаҳри Душанбе пешниҳод карданд. Дар ин ҷо маълум гардид, ки лоиҳаи тасдиқгардидаи сохтмони бино ба Қарори раиси шаҳри Душанбе мухолифат мекунад. Ба ҳамин хотир, амри мазкури бекор карда шуд. Ҳамин тавр, новобаста аз он ки санаи 21 июли соли 2010 ҶДММ “Винбокс” ба тариқи нотариалӣ дар бораи ба ихтиёрдории Ҳукумати шаҳри Душанбе супоридани 5% аз масоҳати умумии хонаҳои истиқоматӣ уҳдадорӣ гирифта буд, санади қабули бино тасдиқ карда нашуд. Дар ин миён шаҳрвандоне, ки аз бинои мазкур манзили истиқоматӣ харида буданд, бо супориши ҳукумати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз бино бароварда шуданд. Норозигии қисми шаҳрвандон онҳоро маҷбур кард, ки шартномаҳои хариду фурӯшро оид ба манзилҳои зикршуда бекор намоянд ва маблағҳояшонро баргардонида гиранд”.

Асрори фошшудаи Халифаев ва нигаронии Убайдуллоев
Ба гуфтаи муаллиф, яке аз сабабҳои асосии ба ин ҳолати ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудани Ширкат хунукназариву бемасъулиятӣ ва рафторҳои ғайриқонунии Матлуб Халифаев, собиқ раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории ҶТ аст. Ин ҳамон мансабдори собиқи давлатиест, ки болотар зикр кардем ва айнан ҳамонест, ки тавре аз ҳуҷҷатҳои дастрасшуда бармеояд, маҳз барои ҳамин қонуншиканиҳояш нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, бо ҳукми Суди ноҳияи Шоҳмансур ба муҳлати 10 сол ҳабс шуда буд, аммо ба василаҳои номаълум ба зудӣ ба озодӣ баромад:
“Аввалин зарари расонидаи Халифаев ин буд, ки лоиҳаи биноро бо Амри Раиси шаҳри Душанбе номувофиқ омода кард ва дар идома боиси саргардониҳои зиёд шуд”,-мегӯяд Директори ширкати мазкур.
Ин амали Халифаев он замон хашми собиқ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоевро оварда, дар як суҳбат дар ҳузури роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, муовини раиси шаҳр, сармеъмори шаҳри Душанбе, прокурори ноҳияи Шоҳмансур, гуфтааст, медонад, ки дар паси ин бино (бинои “Маркази тиҷоратӣ” дар шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Дониш) истодааст ва “ба вай нокас расонед, ки мегуфтагиаш ман нестам. Чаро маро фиреб намуда, дар бинои “Маркази коргузорӣ” хонаҳои истиқоматиро ҷойгир намудааст?”.
Чун ин хашми собиқ раиси шаҳри Душанбе ба Халифаев расонида мешавад, ӯ, ки ваъдаи ҳал кардани мушкили бавуҷудомадаро дода буд, боз ваъда медиҳад, ки “писари Раиси шаҳр бо писари Ҷурабек (Ҷурабек Сафаров, муассиси ҶДММ “Меҳруб”, соҳибкори бонуфузе аз Шаҳринав, ки намоядани тиҷоратии Тоҷикистон буд) рафиқи наздик ҳастанд, тавассути онҳо масъаларо ҳал менамояд”.
Аз ин банди баҳси мазкур ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар асл, мушкили бамиёномада хеле фаротар аз он аст, ки ҷонибҳои баҳс тасавур мекарданд. Раванди баъдии ҳаводис ин ҳолатро ба намоиш гузошт.
Баъди он ки зимни ба истифода додани бинои мазкур ин ҳолат фош мешавад ва боиси нигаронии шадиди Маҳмадсаид Убайдуллоев аз рафторҳои Матлуб Халифаев мегардад, Ҳукумати шаҳри Душанбе ба Шӯрои меъмории назди Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ супориш медиҳад, ки лоиҳаи биноро аз нав мутобиқ ба қарори Раиси шаҳр таҳия намояд. Ин ниҳод лоиҳаи мутобиқ намудани намуди зоҳирии бино ва як қатор корҳои иловагиро барои аз ҳуҷраҳои зист ба ҳуҷраҳои коргузорӣ табдил додани ошёнаҳои сеюм - нуҳуми бино таҳия кардаву ба ҶДММ “Винбокс” месупорад. Ҷамъияти мазкур то соли 2015 бо сарфи садҳо ҳазор доллари иловагӣ аз ҳисоби маблағҳои худ тарҳи бинои аллакай сохташуда ва барои истифода омодагардидаро тағйир медиҳад. Мувофиқи маълумотномаи аз муҳосиботи Ҷамъият дастрасшуда, барои иҷрои ин корҳо 300 000 доллари ИМА сарф шуда, аз ин ҳисоб 280 000 доллараш қарз гирифта шудааст. Ин хароҷотро санади санҷишии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасдиқ кардааст.
Давоми ин муддат Халифаев бошад, тибқи санадҳои тафтишотӣ, пинҳонӣ аз соҳибмулкони асосӣ, дидаву дониста, ки чунин салоҳият надорад, ба фурӯши ғайриқонунии манзилҳои ин бино машғул шуда, маблағҳои онҳоро аз они худ мекунад. Яке аз чунин афроди аз Халифаев толореро аз бинои мазкур харидорикарда писари Абдураҳим Қаҳҳоров, собиқ вазири корҳои дохилӣ ва ҳоло Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон буда, баъдан дар натиҷаи тафтишоти муфаттишони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва боздошти Халифаев М., 269 100 доллари ИМА-и худро аз номбурда баргардонида мегирад. Аммо то ин замон дар ҳамаи баҳсҳои судӣ маҳз номи вазири собиқ мавриди сӯистифода қарор мегирад.
“...Бо сабаби он ки бо айби Халифаев бино саривақт ба истифода дода нашуд, ҶДММ “Винбокс” ба ҳолати 31 декабри соли 2015 аз ҳисоби бақияи андоз бо ҷаримаву фоизҳояш ба маблағи 1 476 877 сомонӣ қарздор шуд. Дар баробари ин, Халифаев М., ҳамчун шахси ваколатдори ҶДММ “Меҳруб”, аз хазинаи корхона 649 000 доллари ИМА-ро тасарруф намуда, зарар расонид. ҶДММ “Винбокс” ба ҶДММ “Меҳруб” муроҷиат намуд, ки маблағи тасарруфнамудаи Халифаев М. на танҳо маблағи ҶДММ “Винбокс”, балки маблағи ҶДММ “Меҳруб” низ ҳаст ва бояд нисбати ӯ якҷоя чораҷӯӣ карда шавад, аммо ҶДММ “Меҳруб” дар ин масъала бепарвоӣ зоҳир намуд. Тасарруфи маблағ аз ҷониби Халифаевро тафтишот собит кардааст. Масалан, ӯ ҳамчун намоянда бо гузоштани имзо ба расиди №63 аз 12 июни соли 2009 аз хазинаи ҶДММ “Винбокс” 200 000 доллари ИМА-ро ба таври нақдӣ гирифтааст. Новобаста аз ин, ҳангоми ҳисобу китоби маблағҳо роҳбарияти ҶДММ “Меҳруб” маблағи мазкурро аз қарзи ҶДММ “Винбокс” кам накарда, баръакс, иддао пеш овард, ки гӯё ин миқдор маблағро муассиси ҶДММ “Меҳруб” аз ҳисоби маблағи шахсиаш барои дар шаҳри Маскав харидорӣ намудани хонаи истиқоматӣ ба Халифаев М. додаасту гӯё ин маблағ ба муносибати пулии ҷамъиятҳои зикргардида алоқаманд нест (Аммо Халифаев то ҳол инкор мекунад, ки гӯё барои дар шаҳри Маскав харидорӣ намудани хонаи истиқоматӣ аз муассиси ҶДММ “Меҳруб” Сафаров Ҷ. маблағи мазкурро гирифта бошад).
Бар замми ҳамаи ин, ҶДММ “Меҳруб” дидаю дониста, ки Халифаев М. маблағи ҳарду ҷамъиятро тасарруф кардааст, рӯзи 24 ноябри соли 2011 бо ӯ шартномаи гузашти ҳуқуқ ба имзо расонид. Муҳтавои ин шарнома чунин аст, ки дар асоси ин ҳуҷҷат, шартномаи ҳамкории байни ҶДММ “Винбокс” ва ҶДММ “Фабен” аз 19 марти соли 2008 эътибори худро гум мекунад ва Халифаев М. қарзи ҶДММ “Меҳруб”-ро аз ҶДММ “Винбокс” рӯёнида, тибқи салоҳдиди худ истифода мебарад. Аҷиб ин аст, ки баъди ин ҳам на Халифаев М., балки худи ҶДММ “Меҳруб” ба суд муроҷиат кардааст”.
Дар мавриди ин ки худи ин созишнома ғайриқонунӣ аст ва аслан, қувваи ҳуқуқӣ надорад, вале дар аксар мақомоти судӣ онро ҳамчун ҳуҷҷат ба эътибор мегиранд, дар матлаби баъдӣ муфассал хоҳем гуфт, аммо ҳоло идомаи қазияи марбут ба Халифаевро мебинем.
Ҳамон тавре зикр гардид, масъулини Ширкати “Винбокс” яке аз сабабҳои асосии ба ин ҳолати ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудани ширкатро ба “хунукназариву бемасъулиятӣ ва рафторҳои ғайриқонунии Матлуб Халифаев, собиқ раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории ҶТ” марбут медонанд.
Тавре маълум гардид, Халифаев М. ғайрирасмӣ, ҳамчун мушовир ва шахси масъул дар назди ҶДММ “Фабен” ба кор дар ҶДММ “Винбокс” қабул шудааст. Дар тамоми ҳуҷҷатҳои марбут ба ин баҳс ва тафтишоти мақомот зимни муаррифии номбурда айнан ҳамин истилоҳот истифода шудаанд.
Баъдан бо тавсияи Халифаев М., хазинабон Маликова Н. ва сармуҳосиб Ишонҷонов Б. низ ба кор қабул гардидаанд.
Аз шарҳи ҳоли ин нафарон маълум гардид, ки онҳо собиқ зердастони Халифаев дар Кумитаи сохтмон ва меъмории ҶТ будаанд.
Сабаби асосии ба Қарори Раиси шаҳр мухолиф будани лоиҳаи бино ҳам ҳамин будааст, ки Халифаев М. дар замони Раиси Кумита буданаш бо сӯистифода аз мақоми хизматӣ ва бо супориши ғайриқонунӣ ба зердастонаш дар АООТ “Гипропром” ва Раёсати эскпертиза лоиҳаи бинои мазкурро махсус бархилофи Қарори Раиси шаҳр таҳия кардааст. Ҳадафи ӯ ин будааст, ки чун дар гузашта дар вазифаи баланди давлатӣ фаъолият дошт, мехост, ба ин васила роҳбарони ширкатҳои ҳамкор - ҶДММ “Винбокс” ва ҶДММ “Фабен”-ро ба навъе дар назди худ вобаста нигоҳ дошта, дар оянда ҳамчун манбаъи даромади ғайрирасмӣ истифода барад.
Чун ошкор гардидааст, ки Халифаев М. чунин проблемаро ба вуҷуд овардааст, ӯ дар назди роҳбарияти ширкатҳои ҳамкор – ҶДММ “Винбокс” ва ҶДММ “Фабен” ваъда додааст, ки агар вобаста ба таъиноти бино ва додану надодани масоҳати манзил ба таври ройгон ба Ҳукумати шаҳри Душанбе ягон мушкил ба миён ояд, онро ба зудӣ ҳал мекунад. Аммо, ба гуфтаи муаллифи муроҷиатнома, замоне ки маблағҳои зиёдро аз ҳисоби маблағҳои ин ширкатҳо тасарруф намуд, бо ҳар баҳона канораҷӯиро оғоз кард, то худро аз масъулият ва қавли додааш дур кунад.

Шикояти шаҳрвандон: “На ҷойи рафтан пайдо карда метавонему на имкони бо қонуншиканҳо мубориза бурданро дорем”
Дар ҳамин ҳол, беш аз 16 нафар сокинони пойтахт, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Дониш, дар шикояти худ ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзода бо ишора ба даъвоҳои Халифаев гуфтаанд, ба таҳдиди бе манзил мондан рӯ ба рӯ гардидаанд. Онҳо гуфтаанд, “дар чунин ҳолат мо дигар на ҷойи рафтан пайдо карда метавонему на имкони бо қонуншиканҳо мубориза бурданро дорем”.
Ин шаҳрвандон гуфтаанд, ҳама гуна додугирифти моливу пулии байни онҳо ва ҶДММ “Винбокс”, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе, молики ин бино эътироф гардидааст, дар доираи шартномаи тибқи талаботи қонунгузорӣ тартиб додашуда ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда сурат гирифт, “байни мо ва соҳибмулки бино - ҶДММ “Винбокс”, ягон нофаҳмӣ мавҷуд набуд. Ва ҳанӯз ҳам байни мо мушкиле мавҷуд нест, чун мо ҳаққи худро аз ин Ҷамъият гирифтаем ва зиндагии оромона дорем”.
Аммо, ба гуфтаи ин шаҳрвандон, ҳамин зиндагии оромашон ба гуруҳе аз шахсони манфиатдор маъқул нест:
“Баъзе аз ин манфиатдорон дар гузашта корманди баландмақоми давлатӣ буданд ва баъди аз вазифа сабукдӯш шудан ба мактаби давлатдории Президенти муҳтарамамон, ки дар асоси накӯиву накукорӣ, ростиву инсондӯстӣ ва волоияти қонуну адолатпарварӣ бунёд ёфтааст, хиёнат карданд. Аҷиб ин аст, ки ҳарчанд қонун онҳоро дарёфт кард, мавриди бозҷӯӣ қарор дод ва ба ҷазои сангин сазоворашон донист, ҳоло мебинем, ки бо гузашти як муддати кутоҳ боз ба озодӣ баромадаанд”.
“Замоне ки ин бино сохта шуду дар натиҷаи тақаллубкории як мансабдори собиқи давлатӣ - Халифаев М., собиқ раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муайян кардани таъиноти бино мушкил ба вуҷуд омад, байни ҶДММ “Винбокс” ва дигар шарикони корияш баҳсҳои судӣ сар заданд. Албатта, мо ҷонибдори ҳалли мусолиматомези ҳама гуна баҳсу мушкилот ҳастем, аммо вақте ки дар натиҷаи рафторҳои ғайриқонунии дигарон дар зиндагии мо мушкил ба вуҷуд меояд, онро қабул карда наметавонем. Модоме, ки дар рафти сохтмон бо розигии мо, шаҳрвандон, аз ҷониби соҳибмулки бино - ҶДММ “Винбокс” шартномаи хариду фурӯши ҳуҷраҳо ба имзо расонида шуда, Ҷамъият бе ягон мушкилӣ оид ба пардохти маблағҳоямон расид (квитансия) додааст, маълум аст, ки аз ҷониби соҳибмулк ягон қонуншиканӣ нисбат ба мо рӯй надодааст”,-гуфтаанд шаҳрвандон.
Ин сокинон мегӯянд, бе ин ҳам дар натиҷаи даъвоҳои беасоси ҶДММ “Меҳруб” зарар дидаанд: дар натиҷаи баҳсҳои дурударози судӣ, ки дар судҳои иқтисодӣ идома ёфт, аксарияти онҳо имконият пайдо карда натавонистаанд, ки дар Корхонаи давлатии фаръии “Ба қайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и шаҳри Душабе ҳуҷраҳои харидорӣ намудаашонро ба қайд монда, соҳиби шаҳодатномаи техникӣ гарданд.

Маликов: “Духтарам дар натиҷаи таҳдиду фишорҳои Халифаев даст ба суиқасди худкушӣ зад”
Яке аз бахшҳои пурсарусадо дар ин баҳс қазияи дар натиҷаи таҳдиду фишорҳо кушиши худкушӣ кардани шаҳрванд Маликова Наргиси 21-сола аст, ки ҳамон тавре болотар зикр шуд, замони раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон будани Халифаев М. котибаи ӯ будааст ва баъдан бо тавсияи Халифаев ҳамчун хазинабон дар ҶДММ “Винбокс” ба кор қабул шудааст.
Моҳи январи соли 2016 падари Наргис - Абдуғаффор Маликов бо нашри муроҷиатномае унвонии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, духтараш маҳз дар натиҷаи таҳдиду фишорҳои Халифаев даст ба суиқасди худкушӣ зад.
Дар номаи ин шаҳрванд ба Роҳбари давлат, ки нусхааш дастрас аст, гуфта шудааст, ки фарзандаш Маликова Наргиси 21-сола дар вақти роҳбарии Халифаев Матлуб дар Кумитаи сохтмон ва меъмории ҶТ дар вазифаи котиба, дар қабулгоҳи роҳбар якчанд сол кор мекард:
“Аз ҳамон вақт инҷониб Халифаев намегузошт, ки бо волидонаш озодона гуфтугӯ намояд, дугона дошта бошад, бе иҷозати ӯ бо ягон кас бо телефон гуфтугӯ намояд. Баъди сабукдӯш шудани Халифаев М. аз вазифа, духтарам қариб як сол бекор буд. Баъдан, Халифаев ба наздаш даъват карда, мегӯяд, ки дар кадом ширкате кор мекардаасту мехоҳад ӯро ба кор қабул намояд. Бинобар бекор буданаш, ӯ розӣ мешавад. Бо миёнаравии Халифаев директори генералии ҶДММ “Винбокс” Собиров Ш. ӯро ба вазифаи котиба ба кор қабул менамояд...
Пас аз чанд вақти оғози сохтмони бино Халифаев ба Наргис пешниҳод менамояд, ки вазифаи хазинабонро ба уҳда гирад. Дар аввал бинобар надоштани маълумоти кофии молиявӣ розӣ намешавад. Ӯ бошад, маҷбур месозад, ки розӣ шавад. Пас директори корхона ӯро ба наздаш таклиф намуда, мегӯяд, ки маблағҳои зиёде ба хазина ворид мегардад, ба расидҳои воридшавии маблағ ба хазина ва интиқоли маблағ аз хазина бисёр эҳтиёткор ва ҳушёр бошад, зеро ба тамоми хароҷоту даромади маблағҳои хазина ӯ дар назди қонун ҷавобгӯй мебошад.
Дар давоми сохтмони бино дар чанд ҳолат маблағҳои зиёде аз тарафи сармоягузорон ва шаҳрвандон ба хазина ворид мегардад. Баъдан Халифаев дар заминаи муносибатҳои дӯстона бо директори генералии корхона Собиров Ш. ба даромаду гардишҳои маблағҳои пулии корхона бо ваколатҳои бардурӯғаш ба воситаи сармуҳосиб Ишонҷонов Б. (собиқ сармуҳосиби Кумитаи сохтмон ва меъмории ҶТ) ва духтарам ба хазина дастрасӣ пайдо кардааст. Ба боварии Наргис даромада, дар якчанд ҳолат маблағҳоро тасарруф намуд. Вақте духтарам гуфтааст, ки барои гирифтани ин миқдор маблағ ба ҳуҷҷатҳои расмӣ имзо гузоред ва ё иҷозати роҳбари корхонаро гиред, дар ҷавоб бо гапҳои бофтааш гуфтааст, ки ту бовар кун, 50 фоизи сармояи маблағҳои ба бино хароҷот мешуда шахсӣ, аз ман мебошад. Боқимонда сармоягузоронро барои сохтмони бино ман ҷалб менамоям. Ту гуфтаи маро иҷро кун, ба ту чизе намешавад, ба ҳамааш ман ҷавоб медиҳам. Ӯ бовар карда, талабашро иҷро менамояд ва фикр мекунад, ки директори генералӣ аз ин кор хабардор аст. Халифаев бо чунин рафтораш дар давоми сохтмон қариб 200 ҳазор доллари ИМА-ро дар чанд ҳолат аз хазинаи корхона бе супориши роҳбари корхона, бе гузоштани имзо гирифта, онро барнамегардонад. Ба ин қаноат накарда, ӯ солҳои 2008-2009 якчанд расидро бо ҳусни хатти худаш пур карда, Наргисро маҷбур мекардааст, ки дар баъзе ҳолатҳо ба ҷои сармуҳосиби корхона имзо гузорад. Ин миқдор маблағҳоро надида, аз ӯ нагирифта, аз дӯғу пӯписааш тарсида, ба расидҳо имзо мегузоштааст”.
Зимнан, худи Маликова Наргис ҳамаи ин гуфтаҳои падарашро дар баёнотҳои ба мақомоти тафтишотӣ додааш тасдиқ кардааст. Вай чунин гуфтааст:
“Да, Халифаев М. угрожал мне, чтоб изменила показания, или он будет вынужден защищать только себя, хотя я только выполняла по его указания подписывать приходные ордера, я в его дела не лезла так как была секретарём и только он должен сам разобраться с возникшими делами, а меня не впутывать. Сказал, что побойся бога ты меня разорить хочешь. Хотя, я копейки не брала, я честно работала. Сказал если ты не изменишь свои показания, я по плохому поступлю. Передавал через знакомого, что если она не изменить показания то я ее посажу.
Я не могла ни есть, не нормально работать, не жить. Дело дошло до того, что я была на грани срыва и хотела покончить с собой, но родители во время меня спасли. Был один выход либо я покончу с собой, либо я уежаю, бросаю работу, дом, друзей и действительно покинула страну, чтобы спасти себя. Но находясь в России здесь начала угрожать жена Халифаева М., стала ходить к дяди на работу и говорила про меня всякие гадости, чтоб пусть ваша племянница на моего мужа все не сваливает. Он еще с ней разберётся, так не оставить. Дядя звонит моему папе и говорить зачем она прилетела обратно, спрячте её, Халифаева жена угрожает”.
Дар тамоми баёнотҳо, рӯбарӯкуниҳо, нишондодҳои ба мақомоти тафтишотӣ ва ҳатто мактубе, ки аз Русия ба Тоҷикистон фиристодааст, Наргис аз таҳдидҳои пайдарпайи Халифаев нигаронӣ карда, тамоми схемаи фаъолияти пасипардагии ӯро фош кардааст. Ҳамчунин, дар бораи дороиҳои зиёд дар кишварҳои хориҷӣ, сафарҳои пайваста ва дигар паҳлуҳои марбут ба фаъолияти машкуки роҳбари собиқаш маълумот додааст. Аз ҷумла, ба нақли вай, Халифаев қариб ҳар моҳ ба шаҳри Маскав парвоз менамуд. Бо аҳли оилааш чанд бор ба ИМА, Туркия, Анталия, Дубай барои дамгирӣ мерафт:
“Аксарият медонанд, ки ӯ дар шаҳри Маскав соли 2009 квартира харидааст. Пас, савол пайдо мешавад, ки ин хароҷот аз кадом маблағҳост?”-мепурсад муаллифи ин нома ва худ ҷавоб медиҳад: “Албатта, аз ҳисоби маблағҳои тасарруфшудаи корхона, ки онро Халифаев ба эҳтиёҷоти худ сарф мекардааст”.
Дар ин миён директори корхона Собиров Ш. пайхас намудааст, ки Халифаев Наргисро ба доми худ кашида, супоришҳои ғайриқонунӣ медодааст. Ӯро огоҳ намудааст, ки бо ин рафторат оқибат пушаймон мешавӣ. Агар тасарруфи маблағҳо исбот шавад, пеш аз ҳама вай инро бори ту карда, дар назди қонун гунаҳгор мекунад. Дар ниҳоят ҳамин тавр ҳам шудааст:
“Чанд вақт пеш Наргис аз рафтори Халифаев М. шубҳа пайдо намуда, ба ӯ мегӯяд, ки ин тарз рафтор карданашро ба директори корхона хабар медиҳад. Ӯ бошад, дар ҷавоб мегӯяд, ки ту ҳам баробари ман ҷавоб мегӯӣ. Хубаш, хомӯш бош, ман ҳамаашро дар муддати кӯтоҳ ҷо ба ҷо мекунам. Дар ҳамин ҳолат ҳам ӯ аз Халифаев М. тарсида, сирри ӯро фош намекунад. Баъди гузаронидани аудити корхона аз тарафи роҳбарият бо иштироки сармуҳосиб ва ҷалби мутахассисон сирру асрори Халифаев М. фош мегардад. Ӯ худашро ба нодонӣ зада, аз додани маблағҳои тасарруфкардааш даст мекашад. Маълум мегардад, ки Халифаев дар корхона ба таври ғайрирасмӣ ба сифати мушовири директори ҶДММ “Винбокс” ба кор таъин шудаасту аз тарафи ӯ ба сохтмони бинои “Маркази коргузории баландошёна”, воқеъ дар кӯчаи А. Дониш, ягон сомонӣ маблағгузорӣ карда нашудааст”.
Ба гуфтаи Собиров Ш., Маликова Н. ва дигар манбаъҳои тафтишотӣ, аз ҷумла, чанд ҳолати тасарруфи маблағ аз ҷониби Халифаев чунин рӯй додааст. Шаҳрванд Қаҳҳоров Ҳ. (писари Абдураҳим Қаҳҳоров, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон) аз бинои мазкур як қисми маркази савдои қабати якумро харидорӣ намудааст. Халифаев баъд аз қабули маблағ аз харидор ба миқдори 119 ҳазор доллари ИМА ба Наргис амр медиҳад, ки оид ба ворид шудани ин миқдор маблағ ба хазинаи корхона ба харидор расиди қабули маблағро диҳад. Наргис расид оид ба гирифтани маблағро пур карда, имзо гузошта, ба харидор додааст. Дар  ҳолати дигар барои боқимонда 120 ҳазор доллари ИМА худи Халифаев М. расидро бо дастхаташ пур карда, ба ӯ додааст, ки ба расиди қабули маблағҳо имзо гузорад. Дар асл, маблағҳоро худи Халифаев М. гирифта, гуфтааст, ки ҳисоботи хароҷоташро баъдтар ба муҳосибот пешниҳод менамояд.
Бо гузашти беш аз як сол, вақте ки шаҳрванд Қаҳҳоров Ҳ. маркази савдояшро гирифта наметавонад, дар якҷоягӣ бо Директори ширкати “Винбокс” ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасарруфи маблағ ба миқдори 269 100 доллари ИМА ва дигар маблағҳои тасарруфшудаи хазина муроҷиат мекунанд.
Тафтишоти муфаттишони Агентӣ собит кардааст, ки маблағҳои мазкур аз тарафи Халифаев тасарруф карда шудаанд ва ӯ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, давоми 3 шабонарӯзи дар боздошт буданаш 269 100 доллари ИМА маблағҳои гирифтаашро ба шаҳрванд Қаҳҳоров Ҳ. бозпас мегардонад.
Дар ин миён, қабл аз боздошт шуданаш, Халифаев дар суҳбати рӯ ба рӯ бо падари Наргис эътироф мекунад, ки ин ҷо духтари ӯ айбдор нест.
“Ман ягон сомонӣ аз хазинаи корхона ба манфиати худ нагирифтаам. Халифаев М. супориш медод, ман иҷро менамудам. Худам шахсан танҳо музди меҳнатамро бо иҷозати роҳбар ва сармуҳосиби корхона мегирифтам”,-гуфтааст вай ба падараш.
Халифаев ин суханони Наргисро тасдиқ кардаву гуфтааст, “хавотир нашавед, ба Наргис ягон чиз намешавад, ба хароҷоти маблағҳо дигарон ҷавоб медиҳанд. Ман духтаратонро дар кадом сатҳе набошад, дастгирӣ мекунам”.
Аммо падари Наргис мегӯяд, баъд фаҳмид, ки тамоми суханҳои Халифаев бардурӯғ будаву духтари ӯро ба хотири халосӣ аз ҷавобгарӣ истифода мебурдааст:
“Ӯ духтари маро чун лӯхтак истифода бурдаву ба боварии духтари ҷавони содда даромада фиребаш мекунад. Дар давоми санҷиши тафтишотӣ Халифаев М. аз фарзандам хостааст, то гӯяд, ки миқдори маблағҳо ба манфиати корхона хароҷот шудааст. Аммо Наргис додани нишондоди дурӯғро ба манфиати ӯ рад намуда, ҳақиқатро баён кардааст. Пас аз он Халифаев М. бо таҳдиду фишороварӣ чандин маротиба ӯро маҷбур намудааст, ки ба манфиати вай нишондодашро тағйир диҳад. Вақте ки Халифаев М. илоҷи дигар намеёбад, ба мақомоти тафтишотӣ аз болои духтарам туҳмат мекунад, ки маблағи 269 100 доллари ИМА-и шаҳрванд Қаҳҳоров Ҳ. ба хазинаи ҶДММ “Винбокс” ворид нашудааст, маблағҳоро хазинабон тасарруф намудааст. Ва кӯшиш менамояд, ки духтарамро ба маҳкама кашад. Вале Наргис нишондодашро дигар накарда, нишондоди дуруст медиҳад”.
Ба гуфтаи шоҳидон, дар чандин рӯбарӯкунӣ бо Халифаев М. ва тасдиқ накардани нишондодаш, номбурда таҳдиду фишорро нисбат ба Наргис зиёд намуда, пай дар пай ӯро таъқиб менамояд:
“Беохир ба Наргис занг мезанад, вақте ӯ телефонро намебардорад, миёнаравонаш ба ҷои кори нави духтарам омада, аз номи ӯ ҳар хел гапҳоро мерасонанд. Духтарам бо телефон бо ӯ гуфтугӯ менамояд. Боз мисли пештара бо фишору зӯроварӣ мегӯяд, ки “ман туро мекушам, агар гуфти маро иҷро накунӣ. Падару модарат камбағаланд, ҳатто имконият пайдо намекунанд, ки мурдаатро ёбанд”.
Наргис аз тарсу ваҳм вақтҳои охир ба кор набаромада, дар кунҷи хона менишаст. Моҳи апрели соли 2013 духтарам ба фишору таҳдидҳои Халифаев М. тоб наоварда, бо истеъмоли доруҳои зиёд даст ба худкушӣ задан мехост, вале бо дахолати ман ва духтурони беморхонаи шаҳрии рақами 3 аз марг наҷот ёфт”, - омадааст дар номаи Маликов ба Роҳбари давлат.
Айни замон Наргис фирорист ва волидонаш мегӯянд, аз тарси ин мансабдори собиқ наметавонанд духтарашонро дар наздашон монанд.
Дар ин миён Халифаев дар як баёноташ ба мақомоти тафтишотӣ туҳмати гӯшношунидеро нисбат ба Наргис раво дида, гуфтааст, гӯё “ӯро ба ишқварзӣ даъват карда бошаду вай розӣ нашуда бошад”.
Зимнан, ин қазия то ҳанӯз тафтиш карда нашудааст. Бо қарори мақомоти тафтишотӣ, ин ҳолат аз парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Халифаев М. ҷудо карда шудааст, аммо Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе бо Таъинот, аз 5 августи соли 2016, қарори муфаттиш дар бораи ҷудо кардани қисми маводҳо парванда оиди лаҳзаи суиқасди ба худкушӣ расонидани Маликова Н.-ро нодуруст ҳисобидааст. “Зеро, ин ҳолат бевосита барои муайян намудани ҳолатҳои парванда, содир кардани ҷиноят аз тарафи Халифаев М.Ҷ. аҳамияти ҷиддӣ дошта, барои ҳаматарафа, пурра, холисона баҳои ҳуқуқӣ додан таъсир мерасонанд”,-гуфта шудааст дар Таъинот.
Бо дарназардошти ин ва дигар ҳолатҳо Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Халифаев М.Ҷ.-ро барои гузаронидани тафтишоти иловагӣ фиристодааст.
То ин замон, бо вуҷуди Таъиноти Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе, ки парвандаи ҷиноятии нисбат ба Халифаев М.Ҷ. барои гузаронидани тафтишоти иловагӣ фиристода шуда, аммо дар айни замон чораи пешгирии Халифаев М.Ҷ. бетағйир мононда шудааст, вобаста ба ин ҳолат ягон ҳаракати тафтишотӣ гузаронида нашудааст. Дар баробари ин, бо қарори собиқ муфаттиши калон оид ба КММ Раёсати тафтишоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон майори милитсия Саидмуродзода У.С. парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Халифаев М.Ҷ. қатъ карда шудааст.

“Бозӣ”-и Халифаев бо номи вазири собиқи корҳои дохилӣ
Баҳси байни Халифаев М. ва директори ширкати “Винбокс” ҷолибияти зиёд дорад, ки аз ҷумлаи онҳо сӯистифода аз номи афроди бонуфузу мансабдор ва мавҷудияти нишондодҳои мазмунан гуногун ва муқобили ҳам дар мақомоти судиву тафтишотист. Таври маълум, дар ҳамаи ин ҳолатҳо як ҷониб талош мекунад, ба хотири таъсиррасонӣ ба суд ё ҷараёни тафтишот аз омилҳое истифода мебарад, ки ба салоҳияташ нест. Истифодаи номи Абдураҳим Қаҳҳоров, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва ҳоло Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистонро дар ин баҳс вохӯрдан мумкин аст, ки ҳамин хулосаро ба вуҷуд меорад. Аз ҷумла, Халифаев М. дар як аризааш ба Суди ноҳияи Шоҳмансур навиштааст, ки “...шиноси деринаи ман Қаҳҳоров Ҳабиб хоҳиши харидорӣ намудани толори “Маркази савдо”-ро дар ошёнаи якуми бинои “Маркази коргузорӣ” ба масоҳати 207 метри мураббаъ ба нархи 269100 доллари ИМА кард”.
Дар тафтишоти пешакӣ бошад, дар чанд лаҳза ваҷҳ овардааст, ки “маро вазири ВКД-и ҶТ Қаҳҳоров Абдураҳим ба наздашон даъват намуда хоҳиш карданд, ки агар бинои навсохташудаи назди фурудгоҳ аз Шумо бошад, 200 мтолори савдоро бо нархи арзонтар ба хешу таборам фурӯшед”.
Бархилофи ин гуфтаҳояш, дар протоколи рӯбарӯкунӣ бо Собиров Ш. дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ки нусхааш дастраси “ИмрӯзNews” аст, қайд кардааст, ки “моҳи октябри соли 2009 вазири ВКД-и ҶТ Қаҳҳоров А. ба ман занг зада гуфт, ки дар бинои навсохта, дар кӯчаи А. Дониш ба фарзандаш Қаҳҳоров Ҳ. маркази савдо диҳам”.
Худ ба худ суоле ба миён меояд, ки ҳадаф аз зикри номи як нафари баобрӯ ва он ҳам дар шаклҳои гуногун чист? Ин ҷо се шакли баён аст, ки дар навбати худ се маъниро дар пай доранд. Наметавонанд, ки дар як вақт ҳарсеи онҳо ё ҳадди ақал, дутояш дуруст бошанд. Ин ҷо ҳатман, ки дурӯғ ҷой дорад ва инро дарвоқеъ, мақомоти тафтишотӣ муайян кардаанд. Аммо ин ки дар чунин ҳолат аз номи як нафари баобрӯ сӯистифода мешавад, чаро ҷавобгарӣ надошта бошад?
Тавре дар шумораи гузашта гуфтем, баҳси байни Халифаев М. ва директори ширкати “Винбокс” ҷолибияти зиёд дошта, аз ҷумлаи онҳо сӯистифода аз номи афроди бонуфузу мансабдор ва мавҷудияти нишондодҳои мазмунан гуногун ва муқобили ҳам дар мақомоти судиву тафтишотист. Зимни омӯзиши ҳуҷҷатҳо дар мавриди нишондодҳои зидду нақиз ва мухолифманоъ ҳолатҳои хеле зиёдро вохӯрдан мумкин аст, ки Халифаев М. аз онҳо истифода кардааст. Ба унвони мисол чанде аз онҳоро меорем. Аз ҷумла, Шарипов Н., сармуҳандиси ҶДММ “Винбокс”, дар тафтишоти пешакӣ гуфтааст: “Моҳи октябри соли 2009 аз тарафи Халифаев М. дар утоқи кориам, воқеъ дар ошёнаи сеюми бинои сохташуда, шартномаи хариду фурӯши маркази савдо бо Қаҳҳорова Л. ва расиди бе рақаму бе санаро, ки бевосита худи Халифаев М. бо ҳусни хатти худаш пур кардааст, ба ман барои имзо намудан пешниҳод намуд, ки ман ба онҳо имзои худро гузоштам, аммо маблағи 120 000 доллари ИМА нагирифтаам”.
Ба суоли муфаттиш, ки “Шумо ҳуқуқи бастани шартнома ва имзо монданро дар расид доштед?” Шарипов Н. чунин ҷавоб додааст: “Бастани шартнома ва қабули маблағ бо тартиб додани расид ба ваколати ман дохил намешуд”. Халифаев М. бошад, дар мурофиаи судӣ дар Суди ноҳияи Шоҳмансур ба суоли “Оё Шарипов Н. ваколати ба шартнома ва расидҳо имзо карданро дошт?” посух додааст, ки “Бале, дошт”. Аммо ба суоли ин ки “Чунин ҳуқуқро ба Шарипов Н. кӣ додааст?” худро ба нодонӣ мезанад ва бардурӯғ илова мекунад, ки “Шарипов Н. ба шартномаи фуруши ҳуҷраҳо ва расидҳо якчанд маротиба имзо гузоштааст”. Сармуҳосиби ширкат Ишонҷонов Б., ки тамоми ҳуҷҷатҳои вобаста ба маблағро назорат мекард, ин иддаоро рад кардаву мегӯяд, “Шарипов Н. дар ягон шартномаи хариду фурӯш ва расид имзо нагузоштааст”.
Дар мурофиаи дигар бошад, Халифаев М. ошкоро изҳор медорад, ки “ман ба Шарипов Н. нагуфтаам, ки ба шартнома ва расид имзо гузорад”.
Дар протоколи рӯбарӯкунӣ бо Қаҳҳоров Ҳ. бошад, Халифаев вобаста ба қазияи Қаҳҳоровҳо чунин нишондод додааст: “Баъди ду рӯзи вохӯрдан бо вазири ВКД ҶТ, писарашон Қаҳҳоров Ҳ. ба наздам омад. Собиров Ш. бо акти давлатии қабули бино машғул буд. Ман кормандам Шариповро, ки ба Собиров Ш. ҷонишин буд, даъват карда гуфтам, ки шартнома бо Қаҳҳоров бандад ва маблағро ба хазина супоранд. Онҳо рафта шартномаро бастанд”.
Халифаев М. дар протоколи рӯбарӯкунӣ бо Собиров Ш. чунин нишондод додааст: “Собиров Ш. нақшаҳои худро пешакӣ таҳрезӣ намуда, дар шартномаи хариду фурӯш имзои худро нагузошта, балки дар шартномаи мазкур имзои муовинаш Шарипов Н.-ро гузошта, бо муҳр тасдиқ намуда, ба Қаҳҳоров Ҳ. додааст, то ки бо гузашти вақт ӯ аз ин маблағи воридгардида даст кашида, соҳиби маблағ шавад”.
Қаҳҳоровҳо бошанд, нишондод додаанд, ки шартномаи хариду фурӯши толори савдо ва расидро шахсан аз худи Халифаев М. гирифтаанд.
Чанд мисоли дигари монанд ба инро дар ҷойҳои дигар мебинем. Халифаев М. зимни посух ба суоли муфаттиши Прокуратураи шаҳри Душанбе гуфтааст: “Ман барои гирифтани маблағ ва бастани шартнома ваколат надоштам ва назорат бурданро дар ҶДММ “Винбокс” надоштам”.
Вай боз дар тафтишоти пешакӣ дар вақти рӯбарӯкунӣ бо Қаҳҳоров Ҳ. гуфтааст, байни ҶДММ “Фабен” ва ҶДММ “Винбокс” баҳси суди иқтисодӣ мерафт. Ман бовар дорам, ки судро ҶДММ “Фабен” мебурад. Бо ҶДММ “Фабен” масъалаи Қаҳҳоров Ҳ. ҳал мекардам. Бо роҳбари ҶДММ “Фабен” Зокиров А., маслиҳат карда будем, ки маркази савдоро фурӯхта, пулро ба Қаҳҳоров медиҳем”.
Дар ҷойи дигар мегӯяд, “ҶДММ “Винбокс” ба духтарам Халифаева М. дахолат дошт ва онро ба Собиров Ш. бо тамоми ҳуқуқҳояш дода будам. ҶДММ “Фабен” агар судро барад, 50% даромадро аз бинои мазкур ба ман медиҳад”.
Суоли муфаттиш: “Шумо ба ҶДММ “Фабен” чӣ дахолат ва ҳуқуқ доред, ки 50% даромадро ба Шумо медодааст?”
Ҷавоби Халифаев М. “Ман дар дастам аз “Фабен” шартномаи гузашти ҳуқуқ дорам. Ҳамаи бурдҳои “Фабен” дар иншооти мазкур аз ман мебошанд”.
Протоколи пурсиши Зокиров А. дар Агентӣ. Муфаттиш мепурсад: “Халифаев М. нишондод медиҳад, ки дар асоси гузашти ҳуқуқ 50% даромад аз сохтмони бино ба Халифаев М. тааллуқ дорад. Оё Шумо ба Халифаев М. чунин ҳуқуқ додед ва шартномаи мазкур қонунӣ амал мекунад ё не?”
Ҷавоби Зокиров А: “Халифаев М. нишондоди нодуруст додааст. Дар бораи ҳиссадориаш дар ҶДММ “Фабен” ягон шартнома нест, вай дар ҶДММ “Фабен” (“Меҳруб”) ҳиссадор нест”.
Дар ҳуҷҷатҳои мавҷуда ин гуна ҳолатҳоро хеле зиёд вохӯрдан мумкин аст, аммо воқеият чист ва чаро Халифаев М. ҳамеша кушидааст, бо додани нишондодҳои гуногун самти тафтишотро тағйир диҳад? Ин суолест, ки номбурда омода нест посухи дақиқ диҳад, аммо он чӣ ки аз суҳбат бо ӯ бармеояд, ин аст, ки баръакс, Халифаев дар ин баҳс худро комилан бегуноҳ меҳисобад ва ҳамаи гуфтаҳои Собиров Ш., Маликова Н., Қаҳҳоров Ҳ. ва дигаронро рад мекунад.

Хомӯшӣ аломати ризост?
Ба хотири донистани мавқеъ ва истифодаи шарҳи Халифаев М. дар ин мавод, ҳанӯз санаи 18 октябри соли 2017 бо мактуби расмӣ ва номгӯи суолҳои зер ба номбурда муроҷиат намудем:
“1. Шумо бо хоҳиши худатон дар ҶДММ “Винбокс” ба сифати мушовири  ғайрирасмӣ ба кор даъват шудаед. Сармуҳосибу хазинабони Ҷамъият ҳам бо тавсияи Шумо ба кор қабул карда шудаанд, ки баъдтар маълум шудааст, собиқ зердастонатон дар Кумитаи сохтмон ва меъморӣ будаанд. Дар шикоятҳои Директори ин Ҷамъият Собиров Ш.Ҷ. таъкид шудааст, ки Шумо нақшаҳои ғаразноки пешакӣ доштаед. Дар ин маврид чӣ назар доред?
2. Бубинед, яке аз иттиҳоми асосие, ки нисбати Шумо ҳаст, масъалаи тағйири таъиноти бинои “Маркази коргузорӣ” аст. Собиров дар шикояташ мегӯяд, Шумо ӯро фиреб додаед ва ин ҳолат танҳо замоне ошкор шудааст, ки ҳангоми ба истифода супоридани бино таъиноти он ба Қарори Раиси шаҳр мухолифат кардааст. Яъне, бо айби Шумо бино саривақт супорида нашуда, баъди 6 соли анҷоми корҳои сохтмонӣ (соли 2015) ва сарфи зиёда аз 250 ҳазор доллар хароҷоти иловагӣ ба истифода дода шудааст. Ҳол он ки Шумо ваъда додаед, ки ҳар мушкиле дар ин самт пеш меояд, ҳал мекунед...
3. “Халифаев М. дар солҳои 2008-2009 аз хазина, бе мувофиқа бо ман, ҳамчун роҳбари ҶДММ “Винбокс”, бо амрҳои ғайриқонуниаш ба сармуҳосиб ва хазинабон, бе имзо намудани расидҳо ё бо роҳи сохтакорӣ тартиб додани онҳо, дар якчанд ҳолат 649 000 доллари амрикоиро тассаруф намудааст. Сармуҳосиб ва хазинабон дар давраи раиси Кумита будани Халифаев М. зердастони ӯ будаанд, бо истифода аз ин, онҳоро ба доми фиреб кашида, бо суханҳои бардурӯғ худро шахси масъули Ширкати “Винбокс” муаррифӣ карда, ин миқдор маблағҳоро тасарруф намуда, барои эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст”. Ин иқтибос аз шикоятҳои Собиров Ш.Ҷ. аст. Инро шарҳ диҳед...
4. Тибқи шикояти Собиров, Шумо чанд маротиба ба ӯ ваъда додаед, ки маблағҳои тасарруфнамудаатонро барқарор мекунед, аммо накардаед ва сабаби кушода шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Шумо ҳамин  будааст. Яъне, Шумо эътироф кардаед, ки маблағҳоро гирифтаед. Дар идомаи ҳамин эътирофот Шумо, аз ҷумла, зарари ба шаҳрванд Қаҳҳорова Л. расонидаатонро дар ҳаҷми 269100 доллар барқарор кардаед. Сабаби барқарор накардани маблағҳои Собиров чӣ буд?
5. Тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Шумо, ки аз ҷониби муфаттишони Прокуратураи генералӣ, Прокуратураи шаҳри Душанбе ва ВКД Тоҷикистон давоми зиёда аз ду сол гузаронида шудааст, муайян кардааст, ки Шумо дар давоми солҳои 2008-2010 бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ аз хазинаи ҶДММ “Винбокс” ба маблағи умумии 642 023 доллар, 26200 сомонӣ ва аз шаҳрванд Қаҳҳорова Л. ба маблағи умумии 269100 доллар тасарруф карда, ба микдори махсусан калон зарар расонидаед. Бигӯед, ки оё муфаттишони мақомоти зикршуда парвандаро нисбат ба Шумо ғайриқонунӣ ва аз роҳи манфиатдорӣ оғоз кардаву пеш бурданд?
6. Шумо эътимод доред, ки шикояти шаҳрвандон аз болои Шумо, ки асос барои боз шудани парвандаи ҷиноятӣ гардид, фикри айбдорӣ, ки онро Муовини якуми Прокурори генералӣ Назарзода Ҳ. тасдиқ кардааст, талаби ҳабси тӯлонии Шумо аз ҷониби айбдоркунандаи давлатӣ Қурбон А. ҳукми Суди ноҳияи Шоҳмансур, аз 7 июли соли 2016, ғайриқонунӣ буд?
7. Шумо 7 июли соли 2016, бо ҳукми Суди ноҳияи Шоҳмансур аз толори суд ба ҳабс гирифта шудед. 5 августи ҳамон сол Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе парвандаро барои тафтиши иловагӣ баргардонид. 14 сентябр бо Қарори муфаттиши калон оид ба КММ Раёсати тафтишотии ВКД ҶТ Саидмуродзода У.С. парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Шумо қатъ карда шуда, Шумо ба озодӣ баромадед. Яъне, беш аз ду моҳ Шумо дар ҳабс будед. Агар ҳукм ва ҳабси Шумо ғайриқонунӣ буд, чаро аз шаҳрвандони шикояткарда, муфаттиши парванда, Муовини якуми Прокурори генералӣ Назарзода Ҳ., ки фикри айбдориро тасдиқ кардааст, айбдоркунандаи давлатӣ, ки барои Шумо дар суд ҳабси тӯлонӣ талаб кард, судяе, ки Шуморо ҷинояткор эълон карда, ба ҳабс гирифт, ҷуброн талаб накардед?
8. Бубинед, баъди 8 рӯзи баровардани таъиноти Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии шаҳри Душанбе, ки парвандаро аз нав ба тафтишот баргардонид, ҳанӯз парвандаи ҷиноятӣ то мақомоти тафтишотӣ нарасида, чораи пешгирии ба ҳабс гирифтани Шумо аз ҷониби Раёсати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари Прокуратураи генералии ҶТ, ба чораи пешгирии забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат тағйир дода шуда, Шумо аз ҳабс озод карда шудаед. Ҳоло он ки тибқи таъиноти Коллегия, чораи пешгирии ба ҳабс гирифтан нисбати Шумо бетағйир мононда шудааст.
Дар идома, дар рафти тафтишоти иловагии парвандаи ҷиноятӣ, муфаттиши калон оид ба КММ Раёсати тафтишотии ВКД ҶТ Саидмуродзода У.С., ки тафтиши парвандаро ба пешбурди худ қабул намудааст, вобаста ба таъиноти Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе ягон амали тафтишотиро нагузаронида, 14 сентябри соли 2016 парвандаи ҷиноятиро қатъ кардааст. Ба назари Шумо, ҳамин сенария шубҳаовар нест?
9. Муфаттиши калон оид ба КММ Раёсати тафтишотии ВКД ҶТ Саидмуродзода У.С., дар баробари ин ки иҷроиши ҳатмии таъиноти Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанберо сарфи назар кардааст (масалан, далели ба худкушӣ расонидани хазинадори ҶДММ “Винбокс”), парвандаи ҷиноятиро дар асоси моддаҳои 39 ва 234 қисми 1, сархати 2-и КМҶ ҶТ қатъ кардааст. Омӯзиши ҳуҷҷатҳои дастрасшуда нишон дод, ки аз ҷумла, дар қарори мазкур моддаи 234 қисми 1, сархати 2-и КМҶ ҶТ нодуруст тафсир карда шудааст. Мутобиқи меъёри дар моддаи 234 қисми 1 сархати 2 КМҶ ҶТ пешбинишуда, парвандаи ҷиноятӣ ҳангоми исбот нашудани иштироки гумонбаршуда ё айбдоршаванда дар содир намудани ҷиноят катъ карда мешавад, ба шарте, ки тамоми имкониятҳо барои ҷамъоварии далелҳои иловагӣ истифода шуда бошанд.
Дар Қарори муфаттиш бошад, “бинобар исбот нашудани гуноҳаш дар содир намудани ҷиноят” гуфта шудааст, ки маънои комилан дигарро ба вуҷуд меорад.
Фикр мекунед, чаро муфаттиш ҳангоми баровардани Қарор ба чунин камбудӣ роҳ дод?
10. Яке аз масъалаи муҳими дигар сӯиқасди ба худкушӣ расонидани Маликова Н.А. мебошад, ки бо қарори муфаттиш дар тафтишоти пешакӣ аз парванда ҷудо карда шудааст. Ҳол он ки дар таъиноти Коллегияи судии Суди шаҳри Душанбе ҷудо карда шудани ин қисм нодуруст номида шуда, зикр гардидааст, ин ҳолат бевосита барои муайян намудани ҳолатҳои парванда ва содир кардани ҷиноят аз тарафи Халифаев М.Ҷ. аҳамияти ҷиддӣ дошта, барои ҳаматарафа, пурра, холисона баҳои ҳуқуқӣ додан таъсир мерасонад.
Вобаста ба ин ҳолат шикояти падари Маликова Н. ҳам дастрас аст, ки ба Президенти кишвар навиштааст, маҳз дар натиҷаи таҳдидҳои Шумо духтараш қасди худкушӣ кардааст.
Ин ҳолатро чӣ гуна шарҳ медиҳед?”.
Ба ғайр аз ин, дар суҳбатҳои телефониву рӯбарӯе, ки бо Халифаев доштем, аз мавҷудияти ҳадди ақал, сӣ суоли дигар гуфтем ва дархости посух додан ба онҳоро кардем. Ҷойи афсӯс хӯрдан нест, аммо чӣ кунем, ки номбурда дидаву дониста, талаботи қонунгузории Тоҷикистонро оид ба соҳаи ВАО дағалона вайрон карда, нахост ба суолҳои болозикр посух диҳад: бо гузашти беш аз се моҳ аз ирсоли он мактуб ва баргузории се вохӯрии рӯбарӯву ҳадди ақал, се тамоси телефонӣ номбурда омода нашуд, ки ба суолҳои хабарнигори рӯзнома посух диҳад.
Ҳамзамон ба ин, бо вуҷуди дархости идораи рӯзнома, на Халифаев ва на вакили дифоъяш то ин замон ҳуҷҷатеро ба идораи рӯзнома вобаста ба ҳақ буданашон дар ин баҳс дастрас накарданд. Шояд воқеан ҳамин имкониятро надоранд?
Дар ин ҳолат имкони истифодаи мавқеъи номбурда бо такя ба кадом як ҳуҷҷат ба сифр баробар аст ва бинобар ҳамин, идораи рӯзнома водор шуд, ки танҳо ба суҳбатҳои шифоҳии бидуни ҳуҷҷати Халифаев М. такя намояд, ки худро дар ин баҳс ҳақ мешуморад ва ҳамаи гуфтаҳои Собиров Ш., Маликова Н., Қаҳҳоров Ҳ. ва дигаронро рад мекунад.Аммо воқеан, хеле суоли бамаврид аст, пурсида шавад, ки наход Халифаев М. сахт бовар дорад, ки як гуруҳи бузурги одамон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ муқобили ин мансабдори собиқ забон як кардаанд?Ин матлаб метавонист дар ҳамин ҷо хотима ёбад, аммо ахиран идораи рӯзнома чанд ҳуҷҷати дигарро ҳам дастрас намуд, ки барои рӯшан кардани бархе паҳлуҳои дигари қазия мусоидат мекунанд.

Бознашр аз рӯзномаи "ИмрӯзNews"
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
лайт хаус москва ----- Согласен с вами ----- бц capital house ----- В корне не согласен с мнением автора ----- бизнес центр nordstar tower ----- Ха ха ха как круто ----- w плаза бизнес центр ----- Очень много ошибок у нас ----- белая площадь бц ----- Бросил это дело ----- продажа офиса ----- Главное что вы поработали на славу ----- бизнес центр святогор ----- https://gosuslugi-kabinet.com/bank-moskvi/ ----- Череда выполнененых задач и процессов ----- http://activator-windows-7.net/ ----- Далее мы начнем с этого ----- активация windows 7 ----- Счастья и добра вам ----- триколор тв пакет единый
Раздаю ссылки на все сайты, смотри ----- https://mirfin.pro/ ----- Как круто быть таким как тут написано ----- https://kreditorkin.ru/dostupnye-kredity/ ----- нне важно чтобы ты посмотрел этот сайты ----- тнт премьер ----- Мы можем все сделать быстро и качественно ----- https://ntv-plus-tv.ru/ ----- Хороший тут чатик ----- втб личный кабинет
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter