• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 14:09 – Амонова: Зери тарсу таҳдид ба судя Сафарализода туҳмат кардам 
  • 20:28 – Мирасрор АҲРОРОВ: Воқеияти ТАЛКО-ро дидам. Ӯзбекистон аз харидорони асосии алюмини тоҷик мешавад 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 12:56 – Туркия ва мактабҳои машкуки “Маориф” 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 12:49 – Аз Душанбе то Помир бо “Тселл” (36 акс) 

Фавти корманди IRS дар садама: айби кӣ шуд?

Вобаста ба ин садамаи нақлиётӣ ВКД ва IRS маълумоти ҳархела нашр кардаанд.
Дар натиҷаи садамаи нақлиётии рӯзи 15 март дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ як корманди 55-солаи филиали Ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Тоҷикистон ҳалок шудааст.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Хайлюкс” Муродов Ислом ҳангоми ҳаракат дар ин роҳ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромадааст ва ба автомашинаи тамғаи “Ланд-Ровер”, таҳти идораи ронанда Юсуфов Абдуқаҳҳор бархӯрдааст. Дар натиҷа корманди IRS Каримов Аҳрорҷон бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, Муродов Ислом, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Хайлюкс” ва низ корманди ҳамин ширкат, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Аммо масъулини ширкат мегӯянд, ин ҳодиса дар натиҷаи бархӯрди автомашинаи тамғаи “Land Rover”, рақами давлатиаш 5594СТ01 бо мошини хизматии филиали ширкат рӯй дод ва “корманди роҳ А. Каримов ба ҳалокат расида, корманди дигари роҳ И. Муродов бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардид”.
Ширкат аз кормандонаш нафарони масъулиятшиносу поквиҷдон ном бурда, гуфтааст, ҳангоми рӯй додани ҳодиса машғули коркарди роҳ бо маводи зиддилағжиш буданд.
Дар зимн, Ширкат аз он нигаронӣ кардааст, ки “ағлаб маврид дар ҳолати хуб қарор доштани роҳи Душанбе – Чанок боис мешавад, ки баъзе ронандагон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро таври бояду шояд риоя накарда, аксар маврид суръати ҳаракатро баланд менамоянд, ба самти муқобили ҳаракат мебароянд, эҳтироми ҳамдигариро ба ҷой намеоранд, ба талаботи мавҷуда бетафовутӣ мекунанд, ки хавфи ба амал омадани садамаҳои нақлиётиро зиёд менамояд”.шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter