• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Дар Хатлон аз моҳвораҳои хитойӣ ба дод омадаанд

     Дар замони соҳибистиқлолӣ бо фароҳам шудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, содироту воридоти маҳсулоти саноати техникаву технологияи гуногун аз корхонаҳои истеҳсолии хориҷа ба бозори ватанӣ афзоиш ёфт. Тайи чанд соли охир баробари ворид шудани маҳсулоти хубу сифатноки техникаву технологӣ ва хурокворӣ боз маҳсулоти пастсифату ба талаботи стандартӣ ва санитарию гигиэнӣ ҷавобгӯнабуда низ дастраси мардум гардид. Эродҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барномаву гузоришҳои тавассути шабакаҳои телевизионӣ пешкаши мардумгашта гувоҳи гуфтаҳои болоянд.
     

     Ҷомӣ Халифаев
     ИмрӯзNews
  
     Дар ин матлаб атрофи воридоти маҳсулоти пастсифати хурокворӣ ва бемасъулиятии шахсони масъули ниҳодҳои дахлдори назораткунандаву соҳибкорони манфиатҷӯ намегӯем. Ҳадаф баррасии масъалаи воридшавии мавҷгирҳои пастсифати истеҳсоли ширкатҳои номуайяни хитойист.
     Ду моҳ қабл аз як дӯкони хурди дохили бозори марказии шаҳри Бохтар (собиқ шаҳри Қӯрғонтеппа) як адад мавҷгири тамғаи Т2-007 HUAVEE бо ноқилҳояш дар ҳаҷми 120 сомонӣ харидорӣ намудам. Номи фурӯшандаи ин мавҷгирро напурсида, чанд суол атрофи чӣ тарз ба мавҷи шабакаҳои нави ватанӣ (манзур “ТВ-Варзиш”, “ТВ-Синамо” ва “ТВ-Футбол”) дохил шудани оинаи нилгуни худро пурсон шудам. Фурӯшанда роҳҳои дохилшавӣ ба шабакаҳои мазкурро фаҳмонид. Маблағро ба соҳиби мавҷгир пардохт карда, ба хона омадам.
     Қоидаҳои аввалиндараҷаро амалӣ кардам, яъне ноқилҳои мавҷгирро ба оинаи нилгуни худ пайваст карда, самти интихоби мавҷгирро муайян кардам. Дар оинаи телевизион 10 шабакаи телевизионӣ, ба монанди “ТВ Тоҷикистон”, “Сафина”, “Баҳористон”, “Ҷаҳоннамо”, “Варзиш”, “Синамо”, “Футбол”, “ТМТ”, “Хатлон” ва “Кӯлоб” пайдо шуд.
     Шабакаҳои номбурдаро бо сифати хуб тахминан муддати даҳ ё понздаҳ рӯз бе монеаи мавҷӣ тамошо кардам. Пас аз гузашти ин рӯзҳо дар тамошои ин шабакаҳо, аз ҷумла дар шабакаи “Варзиш” ба пурагӣ, “Синамо”, “Футбол” ва дигар шабакаҳои телевизионии ватанӣ қисман мушкилоти ногувори мавҷӣ ба амал омад. Баҳри рафъи мушкилиҳои мавҷӣ аввалан якчанд маротиба макони мавҷгирро иваз кардам. Чун тағйирот ба амал наомад, маҷбур шудам, ки ба фурӯшандаи Т2-007 HUAVEE занг занам. Дар ҷавоб каме роҳи ҳалли мушкилиро нишон дод, ки амалан иҷро кардам, аммо вазъ баракс, бадтар шуд. Фурӯшанда даъват кард, ки омада аз макони харидаам мавҷгири дастамро бо як мавҷгири навбаромади айнан бо ҳамин ном иваз намоям. Даъват писанд омаду рафта мавҷгирро иваз кардам. Чун ба хона омада, таҷриба кардам, дар кори ин мавҷгир аз мавҷгири пешина тағйироте нест. Як дӯст маслиҳат дод, ки ноқил (кабел)-ро иваз намоям. Ин корро низ кардам, вале бенатиҷа.
     Дар суҳбат атрофи пахши мавҷи шабакаҳои навтаъсиси ватанӣ, аз қабили “Варзиш”, “Синамо” ва “Футбол” бо се тан аз омӯзгорони ноҳияи Кӯшониён (собиқ ноҳияи Бохтар) Сатторов Рустам, Сафармаҳмадов Шулаш ва Муродалиев Фирӯз маълум гардид, ки онҳо низ аз мавҷқабулкунакҳои Т2 истифода мебаранд. Онҳо низ тамошобини асосии шабакаи “Варзиш” ва “Футбол” ҳастанд. Ин омӯзгорон зимни суҳбат афсус аз он хурданд, ки мавҷпахшкунаки Т2-и онҳо низ шабакаҳои дӯстдоштаашонро ва умуман тамоми шабакаҳои ватаниро сифатан хуб намоиш намедиҳад.
    Сатторов Рустам бо як таассуф аз сифати пасти мавҷгири Т2 изҳори нигаронӣ карда, гуфт:
    “Вақти он расидааст, ки ниҳодҳои масъули назоратчии воридоти маҳсулоти технологӣ низ кори худро ҷоннок намоянд. Ба масъалаи сатҳу сифати кори ин гуна мавҷгирҳо диққати бештар зоҳир намоянд. Имрӯз метавон гуфт, ки дар самти назорати воридоти маҳсулоти мавҷпахшкунанда сохтор, мақомот ё шахсе худро масъул намеҳисобад. Баъзе соҳибкорон бошанд, навигарӣ ё талаботи аҳолиро ба инобат гирифта, бе ягон санҷиши пешакӣ маҳсулоти технологиро харидорӣ карда, ба бозори ватанӣ барои фурӯш мебароранд”.
    Бо мақсади рушанӣ андохтан ба масъала ба масъулони Агентии “Тоҷикстандарт” муроҷиат кардем. Яке аз намояндагони ин ниҳод бо шарти ифшо нашудани номаш иброз дошт, ки “дар аввали воридоти ин мавҷгирҳо сифати намоишашон хуб буд. Бо гузашти моҳҳо дар ҷиҳати кори ин мавҷгирҳо камбудиҳо дида шуд. Сокинон низ бо изҳори нигаронӣ ба мақомоти мо муроҷиат карда истодаанд”.
    Нигоҳи мардум ба масъалаи сатҳу сифати кори ин мавҷгирҳо гуногун аст. Яке кори имрӯзаи ғайриқаноатбахши мавҷгирҳои бо ном Т2-ро дар он мебинад, ки фазои мавҷпахшкунии кишвар ҷавобгӯи талаботи замони муосир нест. Дигаре ба мавҷи рақамӣ гузаштанро сабаб медонад. Саввумин бошад, воридоти ин мавҷпахшкунҳоро танҳо манфиати шахсии (бизнеси) баъзе соҳибкорони манфиатҷӯ медонад. Ва табиист, ки ба ҳамаи ин фикрҳо ҳақ ҳам доранд. Зеро аз харидории ин мавҷпахшкунакҳо зарари молӣ дидаанд.
    Ба ҳамагон маълум аст, ки дар рӯзҳои аввалаи таъсиси шабакаҳои нави ватанӣ тарзу роҳҳои пайвасти мавҷгирҳои дар боло ёдоваршударо ба мардум тавассути телевизионҳои давлатӣ намоиш доданд. Мутаассифона, бобати сатҳу сифати кори ин мавҷгирҳои навворидшуда маълумоти муайяну мушаххас пешниҳод нагардид.
    Мушкили дастрасӣ ба шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дар бархе манотиқи кишвар дар ҳолест, ки мақомот мегӯянд, ҳудуди 90 дарсади минтақаҳои кишвар бо ин шабакаҳои дастрасӣ доранд.
    Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон фаъолона масъалаи гузашта ба пахши рақамиро баррасӣ мекунанд. Аввали ин моҳ дар шаҳри Душанбе мизи мудаввари таҳти унвони “Гузариш ба пахши рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлили вазъи ҷорӣ. Имкониятҳо ва пешомадҳо” баргузор гардид, ки ҳадафи он баррасии масоили марбут ба гузаштан ба пахши рақамӣ, имкониятҳо ва дурнамои истифодаи он ва татбиқи бандҳои барномаҳои махсусгардонидашудаи давлатӣ буданд.
    Дар ҳамоиш гуфта шуд, дар ҷумҳурӣ гузаштан ба пахши рақамӣ ҳанӯз аз оғози солҳои 2000-ум шурӯъ гардида, ба он ду санади муҳим — Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №86 аз 1 марти соли 2004 тасдиқ шудааст) ва Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №529 аз 1 октябри соли 2009 қабул шудаст) асос гузоштаанд.
    Зикр шуд, ки маҳз ҳамин санадҳо рушди шабакаҳои давлатии телевизиону радио, аз ҷумла, гузаштан ба пахши рақамӣ, фарогирии пурраи барномаҳои телевизион ва радиоро дар қаламрави мамлакат пешбинӣ намудаанд.
    Гуфта шуд, дар асоси ин санадҳо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии рушди пахши рақамии телевизион барои солҳои 2010-2015-ро таҳия кард, ки аз ҷониби Ҳукумати ҶТ таҳти №76 аз 27 феврали соли 2010 тасдиқ гардид.
    Айни замон фоизи фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши рақамии барномаҳои давлатии телевизион ҳамагӣ 60,41 дарсадро ташкил медиҳад. Ҳоло тавассути 2 моҳвора - NSS12 ва Yahsat 1а беш аз 47 давлати дунё имкони дастрасӣ ба барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистонро доранд.
    Дар робита ба ин гуфта шуд, бо амалӣ гардидани Нақшаи амали Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳолӣ бо пахши рақамии барномаҳои телевизион ва радио пурра таъмин мегарданд.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter