• 05:59 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд 
  • 23:50 – МегаФон Тоҷикистон барои дӯстдорони мусиқӣ портал таҳия намуд 
  • 01:12 – Замони пешқадамон: МегаФон Тоҷикистон алоқаи 5G-ро роҳандозӣ намуд 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 01:12 – Замони пешқадамон: МегаФон Тоҷикистон алоқаи 5G-ро роҳандозӣ намуд 
  • 15:08 – «ҶОМИ ПОЙТАХТ». Барои дарёфти он дар Душанбе Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд баргузор мегардад 
  • 15:50 – Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик 

Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик

11 марти соли 2020 соати 16:00, дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинии фарщангӣ баргузор мегардад.
Дар чорабинӣ, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқӣ журналистони Тоҷикистон ташкил мегардад, намояндагони ҳукумати кишвар, васоити ахбори омма, олимону коршиносон иштирок хоҳанд кард.
Дар чорабинӣ рӯзноманигорони фаъол бо унвони “Аълочии матбуоти Тоҷикистон”, ифтихорномаву сипосномаҳо ва мукофоти пулӣ қардонӣ мегарданд.
Зимни барномаи идона баргузории барномаи ҷолиби консертӣ, инчунин ташкили намоиш-фурӯши китоб ва ҳунарҳои мардумӣ дар назар аст.
Боиси зикр аст, ки ҳамасола 11 март чун иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, матбуот ва табъу нашр таҷлил карда мешавад ва он ба нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ- «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд, иртибот дорад. Таҷлили ин сана дар ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, яъне аз соли 1994 ба расмият даромадааст.
https://www.vfarhang.tj
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter