• 05:59 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд 
  • 23:50 – МегаФон Тоҷикистон барои дӯстдорони мусиқӣ портал таҳия намуд 
  • 01:12 – Замони пешқадамон: МегаФон Тоҷикистон алоқаи 5G-ро роҳандозӣ намуд 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 01:12 – Замони пешқадамон: МегаФон Тоҷикистон алоқаи 5G-ро роҳандозӣ намуд 
  • 15:08 – «ҶОМИ ПОЙТАХТ». Барои дарёфти он дар Душанбе Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд баргузор мегардад 
  • 15:50 – Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик 

ВОКУНИШ БА ҲОЛАТИ ФАВҚУЛОДДА ДАР РОБИТА БА КОРОНАВИРУСИ НАВЪИ COVID-19 ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲИЯ МЕШАВАД


Имрӯз, 10 марти соли равон дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсии шаҳри  Душанбе бо ташаббуси намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти нақшаи корӣ вобаста ба таҳияи нақшаи вокуниш ба ҳолати фавуқулодда дар робита ба коронавируси навъи COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, намояндагони вазорату идораҳо, созмон ва ташкилотҳои байналмилалӣ, роҳбарону кормандони як қатор муассисаҳои тандурустӣ иштирок намуданд.
Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сухани ифтитоҳии нишаст иброз намуд, ки айни ҳол бо мақсади пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода ситоди ҷумҳуриявӣ фаъолият менамояд. Ҳамзамон, тибқи дастури ситоди ҷумҳуриявӣ дар назди ҳама вазорату идораҳои  давлатӣ ситодҳои дохилӣ амал карда истодаанд. Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ситод аз санаи  23 январи соли ҷорӣ фаъолият намуда истодааст.
Иттилоъ дода шуд, ки то кунун сирояти коронавирус дар  114  давлат ба қайд гирифта шудааст.
Аз 1 феврал то 9 марти соли равон 1566 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Италия, Эрон ва Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, ба карантин фаро гирифта шуданд.
Таъкид карда шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  мамлакат ва дигар сохторҳои давлатӣ ҳамаи чорабиниҳо оид ба пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба роҳ монда шудаанд.
Дар идомаи нишаст вобаста ба паҳлӯҳои гуногуни сирояти коронавирус ба ҳозирин маърӯзаҳо пешниҳод карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки нишасти мазкур то санаи 12 марти соли равон идома ёфта, нақшаи вокуниш ба ҳолати фавқулодда дар робита ба коронавируси навъи COVID-19  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда хоҳад шуд.

ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН http://moh.tjшаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter